Ҷаласаи G20 ва қарорҳо аз боби низоми асъори ҷаҳон

Категория: Аснодҳои глобалӣ
20.05.2010

Аз оғози соли 1990  давлатҳои ҷаҳони муосир  чанд маротиб бо бўҳрони молиявию иқтисодӣ рў ба рў  гаштаанд. Оқибатҳои молиявии бўҳронҳои ҷараёнгирифта гуногунанд, вале аз ҳама  бештар ба чашми зеҳдоштагон  билфосила афзудани андозаи индекси (намояи) нооромии бозори молиявии ҷаҳон (  S&P 500 ChicagoDoardOptionsExchangeMarketVolatilityIndex) ҷилва мезанад ва бозигарон дар бозор гирифтори мавҷи бехудагӣ мешаванд. Ва агар тағийрёбии индекси  S&P 500 таҳлил гардад, аён мешавад, ки бўҳрони молиявӣ пас аз муддати ҳар  2,5  (дуним сол) арзи вуҷуд мекунад, ки ба моҳҳои август, сентябр, ё октябир мувофиқ меояд.

    Соли 1990  авҷи бўҳрони молиявӣ рузи 23 август  ва ба ҳамлаи ҳарбии ИМА ба Халиҷи Форс оғоз шуда буд. Соли 1997 авҷи бўҳрони молиявӣ рузи 30 октябр буд ва бими бозигарони  бозорҳои молиявии ҷаҳон аз буҳрони асъории шарқу осиёгӣ маншаъ мегирифт, замоне, ки ширкатҳои Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Индонезия ва Малайзия натавонистанд қарзҳои худро пардохт кунанд ва маҷбур гаштанд аз қурби собитшудаи асъори худ дар муқобили асъорҳои хориҷӣ даст кашанд.

  Моҳи августи соли 1998 ҳукуматдорони Русия натавонистанд ГКО-и худашон бароварда ва дар бозори молиявӣ ҷойгиркардаро бозпас бихаранд  ва дар натиҷа ҷаҳон боз ба таҳлўка афтод, ки авчи он рузи 10 август буд.  

   Дар соли 2001 авҷи бўҳрон ба рўзи 20 сентябр мувофиқ омад,  сармоягузорон, пас аз дар 11 сентябри соли 2001 мавриди ҳамлаи террористӣ қарор гирифтани Вашингтон ва Нью-Йорк, ҳамчунон натавониста буданд сарҳисоби кори худро пайдо кунанд.

  Соли 2008 моҳи сентябр ҷаҳонро боз бўҳрон фаро гирифт, ки ба иллати муфлис гаштани бонки сармоягузории (LehmaBrothers) Америка оғоз пайдо карда, рузи 15 сентябр бозорҳои молиявиро бесарусомонии бесобиқа фаро гирифт ва ҳама кишварҳои ҷаҳон на камтар аз 227 руз аз «панҷаи» буҳрони молиявӣ роҳи наҷот меҷустанд.

   Кишварҳои пешоҳанги ҷаласаи  G20 - Гурўҳи бистгона  дар Лондон моҳи апрели соли 2009 маҷмўаи тадбирҳоро ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба маблағи умумии $1,1 трлн.  ба мувофиқа оварданд. Инчунин дар ҷаласаи  ҷамъбастӣ қарорҳое  (коммюнике) қабул карда шуданд, ки онҳо барои низоми нави танзими глобалии молиявӣ  асос мегузоранд. Мутобиқи матни коммюникеи ҷамъбастӣ пешоҳангони G20  маблағи пулҳоро тасдиқ намуда, бо ин роҳ захираҳои Сандуқ байнамилалии пулро (СБП)  ба  $500 млрд. афзун намуданд, яъне аз  $55 млрд. то $555 млрд. расониданд (аз ҷумла,  $250 млрд. дар шакли маблағгузории фаврӣ аз тарафи кишварҳои иштирокдор).

  Ҷаласаи  G20 - «бистгонаи калон» дар таърихи муосир мақоми хоса дорад. Қобили зикр аст, ки дар давоми  якчанд даҳсолаи охир дар  сайёраи Замин ягон мулоқоти  сарони кишварҳои пешбар созмон дода нашудааст ва масъалаҳои муҳимтарине, ки манфиати ҳар як сокини  оламро дар назар дошта бошанд, ба маърази муҳокима бароварда нашуда буданд.

   Зарурати қабул намудани  чораҳои фаврии зиддибўҳронӣ ба ҷойи мулоқотҳои «ҳаштгона» мулоқотҳои  «бистгона»-ро ба миён овард.  Чунки дар кишварҳое, ки ба ин гурўҳ дохил мешаванд, ду сеяки аҳолии олам зиндагӣ намуда, 90 дарсади МНД ҷаҳонӣ  ва 80 дарсади тиҷорати ҷаҳонӣ баамал бароварда мешуд. Ин                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                           сохтори байналмилалӣ, ки тибқи интихоби кишварҳои иштироккунанда Британияи Кабир сарварии онро ба зимма гирифтааст, моҳи декабри соли 1999 бо ташаббуси  роҳбарони  мақомоти  молиявии кишварҳои рушдёфтаи саноатии «ҳафтгона» бо мақсади ба роҳ мондани робитаи тарафайн бо кишварҳои дарҳолирушд, чиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодӣ ва сиёсати  молиявӣ, таъсис ёфтааст. Ба ҳайати ин гурўҳ кишварҳои зерин дохил мешаванд:  Австралия, Аргентина, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Канадо, Чин, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон, Индонезия, Италия, Мексика, Русия, Арабистони Саудӣ, ИМА, Туркия, Фаронса, Африкаи Ҷанубӣ, Япония ва Иттиҳоди Аврупо.

              Иштирок дар раванди мазкур мувофиқи хоҳиш буд. Якчанд амалиёти маблағрасонӣ пешбинӣ шудааст, ҳар як кишвар метавонад аз онҳо варианти барои худ  мувофиқашро интихоб намояд.  Аз ҷумла, Чин ба назар гирифтааст, ки заёмҳои СБП-ро харидорӣ намояд, Русия низ варианти заёмҳоро интихоб кардааст.  Қарор дар бораи қарзҳои бозории СБП «дар сурати зарурат» дар қарори ҷамъбастӣ инъикос гардидааст. Пешбинӣ шудааст, ки ба заёмҳо рейтинги олитарини  қарзӣ мақом додахоҳад шуд, ки кишварҳо дар онҳо захираҳои худро ҷойгир карда тавонанд. Ҳаҷми интишори коғазҳои қиматнок, тавре ки пешбинӣ шуда буд, дар қарор ба қайд гирифта нашудааст.  Ба қарори  ҷамъбастӣ  инчунин тавре ки ба нақша гирифта шуда буд, қарор  бобати дар байни саҳмиядорони СБП  ҷойгиркунии 250 млрд. SDR ($373 млрд.) ворид карда шуд. Аз ин маблағ $100 млрд. ба бозорҳои изтирорӣ -emerging markets ва кишварҳои дарҳолирушд  равона карда мешаванд.

   SDR ин  шакли ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ мебошанд, ки аз тарафи СБП соли 1969 ҷиҳати дастгирии захираҳои кишварҳои саҳмиядори сандуқ таъсис ёфта буданд. SDR дар байни кишварҳо вобаста аз квотаи онҳо дар сандуқ  тақсим карда мешаванд. SDR ҳамчунин ба сифати воҳиди ҳисоббаробаркунии СБП ва баъзе ташкилотҳои дигари байналмилалӣ хизмат мекунанд. Тавре ки пештар сарчашмае аз байни  намояндагони СБП  хабар дода буд, ин чора пардохтпазирии ҷаҳониро пурра намуда, кишварҳо барои идоракунии дороиҳои худ имкониятҳои бештаре ба даст меоранд. Дар сурати зарурат кишварҳо метавонанд аз СБП маблағҳои пулии ба миқдори  SDR ҳаммуодилро гиранд, дар ин ҳангом барои истифода аз пулҳои мазкур додани баҳра шарт нест.

 Саҳмиядорон инчунин метавонанд SDR-и гирифтаашонро  дар шакли қарз ба кишварҳои дигар пешниҳод намуда, барои ин баҳрапулӣ ба даст оранд. SDR мутобиқи квотаҳои кишварҳои саҳмиядори СБП тақсим карда мешаванд. Инчунин дар қарор омадааст,  ки кишварҳои G20 аз  ҷониби Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ҷудо намудани ҳадди ақал  $100 млрд долларро дар шакли маблағрасонии иловагӣ дастгирӣ хоҳанд намуд.

            Ба нақша гирифта шудааст, ки сармояи Бонки рушди Осиё ба миқдори 200 дарсад афзун гардонида шавад, инчунин  таҳлили зарурати зиёдтар сармоя гирд овардани бонкҳои рушди Аврупо (ЕБРР), Америка ва Африқа ба амал оварда хоҳад шуд. Боз ҷудо намудани $250 млрд. долл. барои дастгирӣ кардани маблағасонии тиҷоратӣ пешбинӣ шудааст. Захираҳои иловагӣ ҷиҳати дастгирии молиявии кишварҳои қафомондатарин  аз ҳисоби аз ҷониби  СБП  фурўхтани  тилло андухта мешаванд (аккумулированы). «Якҷоя бо чораҳои дохилӣ, ки аз ҷониби кишварҳои алоҳида дида шудаанд, тадбири мазкур нақшаи глобалии барқароркунии ҳаҷмаш бемислро дар назар дорад».

            Тибқи қарори G20 ислоҳоти квотаҳои СБП бояд то моҳи январи соли 2011 ба анҷом мерасид. Инчунин гурўҳи бистгона зарурати таҳлили  имконияти афзудани мақоми Шўрои маъмурони СБП-ро дар раванди қабул намудани қарорҳои аҳамияти стратегӣ дошта эътироф намуд. Бонки ҷаҳонӣ  тирамоҳи соли 2009 дар ҷаласаи солона дар самти тағйир додани саҳмҳо ва овозҳои саҳмиядорон, тартиби овоздиҳӣ ва идоракунии дохилӣ бояд тавсияҳои мушаххас пешниҳод менамуд.  Ислоҳоти бонк дар ичлосияи баҳории соли 2010 ба мувофиқа оварда шуд.

            Тиҷорат. Муаллифони қарор - коммюнике бори дигар дар самти мубориза бурдан бо протексионизм дар тиҷорати ҷаҳонӣ, ки ҳаҷми он дар давоми чоряк аср бори аввал кам гардид,  ташаббус нишон доданд. «Мо ба такрори хатоҳои протексионистии давраи гузашта роҳ намедиҳем. Хусусан пеши роҳи  интиколи сармояро  ба кишварҳои дарҳолирушд  боздоштан лозим нест. Кишварҳои G20 барои ба даст овардани хотимаи мутавозии  дохил шудан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат (ВТО) кўшиш доранд».

  Ин ҳама имкон медиҳад, ки ҳаҷми  тиҷорати глобалӣ ҳадди ақал ба андозаи $150 млрд дар як сол афзун гардонида шавад. Тавре ки дар қарор қайд гардидааст, муфлисиҳои калон дар сохторҳои молиявӣ ва нокомиҳо дар самти танзим ва назорати молиявӣ  сабабҳои асосии бўҳрон гардиданд.  «То мо бовариро ба низоми молиявиамон эҳё нагардонем, нисбат ба худ ихлос бедор кунонида наметавонем. Мо кўшиш ба харҷ медиҳем, то  ки барои сохтори ояндаи молиявии худ асоси боз ҳам устувору муттасили назоративу танзимиро бунёд намоем»,- сабт гардидааст дар ҳуҷҷат. Илова бар ин, дар коммюнике  зарурати такмили робитаҳои кишварҳо дар самти назорати низоми молиявӣ ба қайд гирифта шудааст. G20 қарор қабул намуд, ки  Маркази устувории молиявиро ба Шўрои устувории молиявӣ  табдил дода, ваколати онро васеъ намояд. Шўрои мазкур, аз ҷумла, ҷиҳатҳои сусти низоми молиявиро муқаррар намуда, ба танзим ва мубодилаи иттилоот байни мақомоти гуногуни ҳукумат, ки барои устувории молиявӣ масъуланд, мусоидат менамояд. Шўро бо СБП инчунин дар самти пешгўӣ намудани бўҳронҳо ҳамкорӣ ба роҳ мемонад. Барои такмил додани ҳамкории байналмилалӣ  «гурўҳи бистгона» қарор дод, ки дар моҳи июни соли 2009 барои корпоратсияҳои муҳимтарин  коллегияҳои доимии назоратӣ ташкил карда мешаванд.

   G20 қарор дод, ки то барқароршавии рушди иқтисодӣ  стандартҳои байналмилалии талаботи минималии сармоя бояд бетағйир гузоштаа шаванд.  Тибқи имконият талабот ба сармоя бояд коҳиш дода  шавад, то ин ки шартҳои пешниҳод намудани қарзҳо дар шароити таназули иқтисодӣ  сабук гардонида шаванд. Вале баъди барқарорсозии рушди иқтисодӣ стандартҳо бояд  қатъитар карда шаванд. Кумитаи Базелӣ оид ба назорати бонкӣ  талаботҳои ҳадди ақалро нисбат ба сармоя дар соли 2010 бояд аз нав дида барояд.

Сандуқҳо ва ё ширкатҳои идоракунандаи онҳо бояд аз раванди сабти ном гузаранд, онҳо масъул карда мешаванд, ки  ба мақомоти назораткунанда иттилооти зарурӣ, аз ҷумла маълумотро оид ба манбаъҳои қарзӣ фош намоянд. Тибқи имконот сабти ном бояд ба ҳадди ақал расонида шавад. Шўрои устуворкунии молиявӣ  механизмҳои ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоотро байни  мақомоти ҳукуматӣ, ки хеҷ-сандуқҳоро ҷиҳати самараноктар гардонидани назорат (дар сурате, ки фонд ва ширкати идоракунандаи он доираи гуногуни ҳуқуқӣ дошта бошанд) ба зери назорат гирифтаанд, ба мувофиқа меоранд. Ин кор бояд дар охири соли 2009 ба анҷом расонида мешуд. Танзимгарон  аз сохторҳое, ки бо фонд-хеҷҳо кор мекунанд, бояд хавфи самараноки менеҷментро, ки он мониторинги сатҳи санадҳои қарзии хеҷ- сандуқҳо ва  муқаррарсозии меъёрҳоро барои ҳар як контрагент дар назар дорад, талаб намоянд.  G20 инчунин ташаббус гирифтааст, ки  ба стандартизатсия ва устуворкунии бозорҳои деривативҳои қарзӣ мусоидат намояд.

Кишварҳои G20 бобати маҳдуд намудани подоши изофӣ (бонус) ба бондорон байни ҳам ба мувофиқа омаданд.

Иштирокдорони саммити G20, ки дар Питтсбурги ИМА доир гардида буд, дар масъалаи маҳдуд намудани подошҳои изофӣ (бонус)  ба роҳбарони сохторҳои молиявӣ байни ҳам ба мувофиқа омаданд. Дар ин бора ҳамон вақт шабакаи телевизионии Белгия хабар дода буд. «Роҳбарони 20 кишвари асосии мутараққии саноатӣ ва давлатҳои иқтисодиёташон рушд меёфта, бобати  маҳдуд намудани ҳаҷми подошпулиҳое, ки дар мақомоти молия дода мешаванд, ба мувофиқа омаданд, дар ин бора лоиҳаи коммюникеи ҷамъбастӣ шаҳодат медиҳад», -қайд намуда буд як шабакаи телевизионӣ. Бо ишора ба намояндаи яке аз кишварҳои иштироккунандаи мулоқотҳои сатҳи олӣ, ки аз ҳуҷҷатҳо иқтибос оварда буд, RTL хабар медод, ки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои G20 бояд чунин  тавсияро эълон медоштанд: «дар сурате ки бонусҳо ба сатҳи мувофиқи капитализатсия хатар меоранд,  таносубан ба даромади софи бонкӣ чанд ҳисса дарсад маҳдуд карда мешаванд».

Чораҳое, ки аз ҷониби  G20 ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ (2008-2009) пешниҳод гардид

Дар бораи натиҷаҳои  саммит раиси вохўрии «бистгонаи Калон» сарвазири Британияи Кабир Гордон Браун моҳи сентябри соли 2009 дар нишасти матбуотӣ нақл намуда буд. То охири соли 2010 кишварҳои  «бистгонаи Калон» барои ҳалли муаммоҳои марбутаи иқтисодиёт $5 триллион доллар равона хоҳанд намуд, дар ин сурат иқтисодиёт аз он мўҳлате, ки СБП пешгўӣ намудааст, пештар барқарор хоҳад шуд. Ҳол он ки Сандуқ  мўҳлати барқароршавии иқтисодиётро танҳо аз соли 2010 интизор буд. «Мо ғасби бемонанди молиявиеро ба амал хоҳем овард, ки он миллионҳо  ҷойи кореро, ки дар тамоми ҷаҳон аз байн бурда шуда буданд,  таъсис медиҳад ва ё онҳоро нигоҳ медорад. Ва ин то охири сол $5 триллион долларро ташкил хоҳад дод»,- эълон карда буд Гордон Браун.

Иштирокдорони саммит ба иттифоқ  ба қароре омаданд, ки ба СБП ва сохторҳои дигари молиявӣ барои барқарор намудани қарздиҳӣ, рушди иқтисодиёт ва таъсиси ҷойҳои корӣ  як триллион доллар вогузор намуда, захираҳои тиллоиро барои кўмак ба кишварҳои дарҳолирушд  истифода намоянд.  «Созишномае, ки мо имрўз ба мувофиқа овардем, захираҳои иловагии СБП-ро дар ҳаҷми $750 миллиард доллар пешбинӣ мекунанд, $250 миллиарди он барои дастгирӣ намудани интишори нави SDR пешбинӣ шудааст»,- нақл мекард Гордон Браун. Мувофиқи гуфти вай, $250 миллиард барои дастгирӣ намудани  соҳаи тиҷоратӣ-молиявӣ пешбинӣ шудааст. Вазифаи дуюми муҳим аз баргардонидани боварӣ ба низоми молиявӣ ва танзими он иборат аст.

  «Рукуд дар соҳаи молия, танзимҳои молиявӣ ва назорати онҳо аз сабабҳои асосии бўҳрон маҳсуб мегарданд. Мо  чораҳо меандешем, то  ки низоми механизмҳои бештар муттасил, бештар фаромиллӣ ва беҳтар танзимкунандаро барои сохтори ояндаи молиявӣ ба миён оварем, ки он ба рушди глобалӣ мусоидат намуда, барои талаботи соҳибкорӣ ва шаҳрвандон хизмат карда тавонад.  Пешоҳангҳои «Бистгона» розӣ шуданд, ки танзим ва назоратро  ба тамоми воситаҳои муҳими сохторҳои молиявӣ ва бозорҳо такмил диҳанд. Бори аввал раванди мазкур сандуқҳои хеҷкунониро  дар бар хоҳад гирифт»,- нақл намуд Гордон Браун. Ғайр аз ин, иштирокдорони саммити G20 ба мувофиқа омаданд, то зиддиятҳоеро, ки  дар байни тартиботи байналмилалӣ ва миллӣ марбут ба ҳолати сармоя дар низоми бонкӣ  мавҷуданд, аз байн бардоранд.

«Дар оянда танзим бояд бо низоми самарабахши санадҳое, ки дар давраҳои мусоид мураттаб шуда буданд, ҳифз карда шавад. Меъёрҳои маблағрасонии такрорӣ дар бештари кишварҳо хеле ихтисор карда шудаанд ва бонкҳои марказии мо ваъда медиҳанд, ки барои  таъмини устуворӣ тамоми услубҳои сиёсати пулӣ, аз ҷумла, аснодҳои ғайрианъанавиро истифода  намоянд. Кўшишҳои мо дар самти барқароркунии рушди иқтисодӣ танҳо он вақт самара медиҳанд, ки агар бозорҳои қарзии дохилии кишварҳо  барқарор карда шаванд», -қайд намуда буд Гордон Браун.

Иштирокдорони саммит инчунин муаммои марбут ба бонусҳои давраи бўҳрони иқтисодиро, ки бо сабаби он, масалан, дар ИМА ҷанҷоли миллӣ бархоста буд, баррасӣ намуданд. Сухан дар бобати бонусҳои бисёрмиллиона ба топ - менеҷерони ширкати бимае меравад, ки барои худ аз ҳисоби пули давлатие, ки ширкат дар чаҳорчўбаи дастгирии давлатӣ дар давраи вазнини бўҳронӣ гирифта  буд, ихтисос доданд. «Барои он ки чунин ҳодиса дар Аврупо ба миён наояд, иштирокдорони саммити G20 муаммои мазкурро махсус баррасӣ намуда, оид ба қоидаи умумии он ба мувофиқа омаданд»,- гуфта буд Гордон Браун

Дар нақша-чорабиниҳое, ки ҷиҳати мубориза бо бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ  дар саммити «Бистгона» дар Вашингтон тасдиқ гардида буд, пешбинӣ шудааст, ки  кор дар се самт гузаронида хоҳад шуд: дар самти дастгирӣ намудани иқтисодиёт ва молия; дар самти  таъсис додани санадҳои нави танзими байналмилалӣ; дар самти татбиқи ислоҳоти идоракунии ҷаҳонӣ,- хабар дода буд шабакаи телевизионии Euronews.

 Аз ҷумла, фаъолияти сандуқҳои сармоягузорӣ, ки бо хавфи молиявӣ дарталошанд, ва  паногоҳҳои молиётӣ  бояд зери назорати қатъӣ гирифта шаванд. Ғайр аз ин, қайд мекард шабакаи телевизионӣ, дар нақша-чорабиниҳо ба назар гирифта шудааст,  ки СБП ва бонкҳои рушд ба кишварҳое, ки ба хавф гирифтор гардидаанд, кўмак хоҳанд расонид. 

            Роҳбарони кишварҳои «Бистгона» ба вазирони молия супориш доданд, ки нақшаи татбиқи чорабиниҳоро дар самти мубориза бо бўҳрони молиявӣ таҳия намоянд. Нақшаи чорабиниҳое, ки дар саммити Вашингтон қабул гардида, мўҳтавои он дар эъломияи ҷамъбастӣ изҳор гардида буд, такмили  ҳисоботдиҳӣ ва беҳдошти кайфияти танзимкунӣ, ҳавасмандкунии мувофиқасозиро дар бозорҳои молиявӣ, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ, ислоҳоти ташкилотҳои байналмилалии молиявиро дар назар дошт.

Дар эъломия қайд гардидааст, ки «ба тарзи фаъолияти ташкилотҳои Бреттон-Вудс (низоми байналмилалии ташкили робитаҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ) бо роҳи ислоҳоти маҷмўӣ бояд тағйирот ворид  карда шавад, то  ки онҳо таносуби дарҳолитағийри қувваҳоро дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ инъикос карда, ба ҳодисаҳои номатлуб тариқи самарабахш эътино карда тавонанд».  Тавре ки дар нақшаи амалиёт бобати татбиқи усулҳои ислоҳот қайд гардидааст, аксарияти чорабиниҳо бояд фаврӣ то 31 марти соли 2009, яъне то баргузории саммити нави «бистгона»  иҷро гарданд. 

Дар нақша талаботи мушаххас нисбат ба ниҳодҳое, ки бо танзими молиявӣ ва назорат машғуланд, муассисаҳое, ки стандартҳои баҳисобгириро муқаррар мекунанд, инчунин  нисбат ба агентиҳои қарзӣ-рейтингӣ, мақомоти молиётбандӣ ва дигарҳо баён гардидаанд. Шахсе, ки маълумоти тахассусӣ надорад,  аз байни номгўи чорабиниҳо онҳоеро, ки аҳамияти бештаре доранд, ҷудо карда наметавонад. Ва мисоли мушаххасу равшан овардан  мумкин аст. Дар бобе, ки ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ бахшида шудааст, ба мақомоти назоратии кишварҳои  «бистгона» пешниҳод карда мешавад, ки фавран «робитаҳоро барқарор намуда,  барои созмонҳои калонтарини байналмилалии молиявӣ мушовираҳои (коллегияҳои) назоратӣ  таъсис дода шаванд».  Тибқи ҳуҷҷат «бонкҳои асосии байналмилалӣ бояд ба таври муназзам бо коллегияҳои назоратии худ ҷиҳати баррасии тамоми ҷанбаҳои фаъолияти ширкатҳои алоҳида ва баҳодиҳӣ ба хавфҳои ба онҳо таҳдидкунанда вохўриҳо ташкил намоянд».

Дар арафаи баргузории саммит  Пажуҳишгоҳи молияи байналмилалӣ (ПМБ), ки ягона ассотсиатсияи глобалии бонкҳои пешбари тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, сандуқҳо, ширкатҳои бима ва миёнарав  дар ҷаҳон маҳсуб мегардад, ба таври расмӣ масъулиятҳоро барои иштибоҳҳои роҳдодаашон, ки қисман  сабаби бўҳрон гардида буданд,  эътироф намуд.

Дар мактуби кушоди  ба сарварони  «Бистгона» роҳбарияти ПМБ ваъда дод, ки ишитибоҳҳои мазкурро бартараф менамояд,  ба ивази он аз номи тамоми бонкҳои хусусӣ хоҳиш намуд, ки ба вай имконият дода шавад, ки минбаъд ҳам  ба сифати сохтори хусусӣ фаъолият пеш барад.

Хулосаҳо, ақидаҳо, баҳогузориҳои роҳбарони кишварҳо

Ҷумҳурии халқии Чин:  Раиси  ҶХХ Чин Ху Цзиньтао афзун намудани миқдори асъори хориҷиро дар ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ зарур донист. «Зарур аст, ки низоми пулии ҷаҳонӣ такмил дода шуда, суръати диверсификатсияи (азнавсанҷидани) он афзун гардонида шавад»,-  қайд намуда буд ў дар суханрониҳои худ дар саммити «Бистгона» дар Вашингтон. Матни ин суханронии ў дар ҶХЧ интишор гардида буд. Ху Цзиньтао инчунин пешниҳод карда буд, ки дар чаҳорчўбаи низоми байналмилалии  молиявӣ «назорат аз  молияи байналмилалӣ қатъитар гардида», «сатҳи иштирок ва ҳуқуқи овоздиҳии кишварҳои дарҳолирушд  дар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ такмил дода шавад»,  «робитаҳои  байниминтақавии молиявӣ ҳавасманд гардонида шуда, имкониятҳои  механизми кўмаки молиявӣ дар сатҳи минтақавӣ ба пуррагӣ истифода гардад».

Сарвари давлати Чин аз ҷумла қайд намуда буд:  «Сабабҳои бўҳрони молиявии имрўза тарафҳои гуногун доранд, аз ҷумла яке аз сабабҳои он бо номукаммалии сиёсати макроиқтисодӣ ва нокифоягии  назорати соҳаи молия вобаста мебошад». Ху Цзиньтао  инчунин гуфта буд, ки тамоми кишварҳои дунё бояд «сиёсати макроиқтисодии худро ба танзим дароварда,  рушди иқтисодиёти миллии худро бо усулҳои молиявӣ ва пулӣ таъмин намоянд, то  ки ба рукуди иқтисодии глобалӣ роҳ дода нашавад». Ў даъват намуда буд, ки «ҷиҳати устуворкунии бозори ҷаҳонии гандум ва  барқ чораҳои мушаххас андешида шуда, пеши роҳи ҳаннотӣ гирифта шавад, то ки барои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад».

Вобаста ба он ки аз бўҳрон асосан  кишварҳои дарҳолирушд  ва қафомонда  зарари калон мебинанд, Ху Цзиньтао даъват намуд, ки ҳаҷми кўмаки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сохторҳои молиявии байналмилалӣ ба онҳо афзун гардонида шавад. Дар робита бо иқтисодиёти Чин ў тасдиқ намуд, ки Чин диққати асосиро   ба масъалаи ҳалли муаммоҳои дохилии иқтисодиёти худ равона хоҳад намуд. Сарвари  ҶХЧ қайд кард, ки дар натиҷаи татбитқи саривақтии чорабиниҳо ва  ба танзим даровардани  сиёсати давлатӣ дар соҳаи молияву иқтисод дар Чин «тамоили устуворгардии босуръати рушд ба назар гирифта шудааст». Инчунин ишора гардид, ки «рушди босубот ва босуръати иқтисодиёти Чин дар раванди устуворсозии бозори ҷаҳонии молиявӣ аҳамияти хоса дошта, ба рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад намуд».

 Фаронса: АИР «Новости» хабар дода буд, ки Президенти  Фаронса Николя Саркози ба саммити  сарварони «Бистгона», ки дар Вашингтон доир гардида буд, баҳои баланд дода, қайд кард, ки иштирокдорони форум тавонистанд ИМА-ро розӣ кунонанд, то  ки бо ақидаи сарварони кишварҳои пешбари ҷаҳон розӣ шаванд. «Мо ба марҳилаи нави инкишофи ҷаҳонӣ қадам мегузорем»,-қайд карда буд Саркози ба журналистон дар нишасти матбуотӣ, ки пас аз анҷоми саммит баргузор гардида буд. Мувофиқи гуфти вай, дар ин чорабинӣ  дар иртибот ба  усулҳои асосии фаъолият дар соҳаи молия ва  таҳкими назорат аз  фаъолияти бозорҳои молиявӣ «созишномаи таърихӣ» ба мувофиқа оварда шуд.

Дар баробари ин Саркози қайд намуд, ки иштирокдорони дигар аз як қатор масъалаҳои марбутаи танзими соҳаи молия бо президенти ИМА ба мувофиқа омаданд. «Роҳбарияти ИМА розӣ шуд, ки дар баъзе масъалаҳое, ки роҳбарони пешгузашта дар иртибот ба онҳо ба мувофиқа омадан намехостанд, мавқеи худро тағйир диҳад». Аз рўйи гуфти Саркози чунин дастовард дар натиҷаи мавқеи ягона  ишғол намудани  кишварҳои Аврупо даст дод. «Аврупо муттаҳид аст ва ҳамчун ашхоси ягона фаъолият мекунад»,- таъкид намуд президенти Фаронса. Ў эътироф намуд, ки омодагӣ ба чунин саммит ва ташкил кардани он дар чунин муддати кўтоҳ осон набуд.

    Олмон: Канслери  Олмон  Ангела Меркел пас аз анҷом ёфтани саммити молиявии сарварони «Бистгона» эълон дошт, ки аз натиҷаҳои он хеле хурсанд аст: «Ман аз натиҷаҳои ин вохўрӣ хеле қаноатманд ҳастам»,- гуфт ў ба журналистон. Ба гуфтаи канслери Олмон  иштирокдорони саммити  G20 тавонистанд, ки ба сўйи тартиботи нави глобалии иқтисодӣ қадами устувор гузоранд: «Мо ба сўйи тартиботи нави глобалии иқтисодӣ, ба сўи танзими глобалии соҳибкорӣ ва назорати глобалии бозор  қадами устувор гузоштем». Субҳи рўзи шанбе пеш аз оғози кори саммит Меркел дар яке аз сўҳбатҳои худ бо журналистон бо боварии том изҳор дошт, ки натичаи форум самаранокии кўшиши  сарварони G20-ро таъмин хоҳад намуд: «Саммити молиявӣ татбиқи чорабиниҳоеро ба нақша мегирад, то ин ки кўшиши иттиҳоди кишварҳо натиҷаҳои дилхоҳ оварад».

 СММ:  «Дабири кулли СММ Пан Ги Мун қарори иштирокдорони саммити вашингтонии «бистгона»-ро бобати таҳким додани фаъолияти якҷоя  дар самти  бартарафсозии бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ дастгирӣ намуд»,- хабар дода буд агентии AFP. Дабири кулли СММ инчунин созишномаи танзими байналмилалиро дар самти ҳавасмандсозии иқтисодиёт, назорати қатъӣ ба роҳ мондан аз  фаъолияти бозорҳо дастгирӣ намуд, то ин ки минбаъд  ба чунин бўҳронхо ва протексионизм дар тиҷорат ва сармояҳо роҳ дода нашавад. Ғайр аз ин Пан Ги Мун таъкид намуд, ки барномаҳои ҳавасмандсозии иқтисодиёт метавонанд ба «рушди экологии иқтисодиёт» имконият диҳанд,  дар зери ин мафҳум афзоиш додани ҳаҷми истифодаи сўзишвории таҷдидгардида, истифодаи  воситаҳои аз ҷиҳати экологӣ покиза ва маблағрасонии барномаҳои мутобиқсозии иқтисодиётҳои  рўбатараққии хавфпазир ба тағйиротҳои иқлим дар назар дошта шудааст.

          ИМА:   Президенти ИМА Барак Обама ба бонкҳо «ҷанг» эълон намуд. Ислоҳоти низоми танзими молиявӣ, ки моҳи январи соли 2010 аз ҷониби перзиденти ИМА Барак Обама эълон гардида, ба бехавфгардонии молиётсупорандагон ва роҳ надодан ба  такрорёбии бўҳрони соли 2008 нигаронида шуда буд,  дар сохтори молиявӣба таври гуногун қабул гардид. Мутобиқи  нақшаҳои дарозмуддати президенти ИМА муқаррар намудани меъёр ба ҳаҷми дороиҳои ширкатҳои сохтори молиявӣ пешбинӣ шудааст. Инчунин ба бонкҳои тиҷоратӣ манъ карда шудааст, ки  дар фаъолияти сармоягузорӣ аз сармояи худӣ истифода накунанд.  Ғайр аз ин имконияти бонкҳои тиҷоратӣ дар самти  истифодаи дороиҳои  муштариён  барои сармоягузорӣ маҳдуд карда мешаванд.

            Хадамоти ҷаҳонии Би-би-си ташреҳотеро, ки дар иртибот ба мавзўи мазкур аз кишварҳои гуногуни дунё ворид гардида буданд, интишор намуда буд:

-Ҳар коре, ки Обама онро анҷом доданист, ба баргардонидани бонкҳо ба воқеияти то соли 1929 вобаста мебошад. Пас аз соли 1929 барои  роҳ надодан  ба чунин бўҳронҳо кори зиёде анҷом дода шуд. Ҳодисаҳои охир нишон доданд, ки бонкҳо ҳодисаҳои гузаштаро зуд фаромўш намуда, ба воқеият дуруст сарфаҳм намераванд. Фаъолияти онҳо бояд ба таври қатъитар танзим гардад, то  ки дигар ба иштибоҳҳо роҳ надиҳанд (JG, Германия);  

   - Ман дар Уолл-стрит зиндагӣ мекунам (ин ба ман имконият медиҳад, ки таҳқиқгари молиявӣ шавам, вале худо маро аз ин эмин дорад), вале ман метавонам бигўям, ки ғайр аз одамон аз ошёнаи 79 боз дигарҳое лозиманд,  ки ҳодисаҳои рўйдиҳандаро назорат намоянд. Ин ғайриоддист, ки мавзеи мазкур тўли сад соли охир маркази тамоми ҷанҷолҳои бузурги молиявии ҷаҳонӣ буд. Ман Обамаро пурра дастгирӣ мекунам ва ба ў дар кори оғознамудааш комёбиҳо мехоҳам (Сэм, Нью-Йорк);

   - Пешниҳоди хеле олист, вале ман саволе дорам- барои чӣ ба бонкҳо  дар дафъаи аввал имкон надоданд, ки  фурў раванд ("схлопнуться") Чаро аввал ба онҳо пулҳои моро доданду акнун ин қадар мушкилиҳо ба миён оварданд, то  ки сохтори қарздиҳиро тағйир диҳанд? Обама бояд бонкҳоро маҷбур месохт, ки онҳо аз ипотека, ки шартҳои онро метавонанд тағйир дода, ба ҳама бо баҳраи собитшуда қарзҳо диҳанд, даст кашанд. Ана, он вақт ба ҳама осон мешуд (Брайан, Калифорния);

    -Агар варзишгарон стероидҳо қабул намоянд, онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашанд, ҷанҷоли калон мехезад. Пулҳое, ки ба бонкҳо ворид гардида буданд, шабеҳи ҳамон стероидҳо буданд. Чунин низом ба мисли допинг дар варзиш  бояд ғайриқонунӣ дониста шавад (Макс, Сингапур);

    -Ман фикр мекунам, ки  мо ин ҷо бо стандартҳои дутарафа аз ҷониби ҳукуматҳои ИМА ва Британияи Кабир рў ба рў мегардем. Онҳо мехоҳанд бо ин роҳ гуноҳи худро дар содиргардии бўҳрон рўпўш намоянд. Вақте ки корҳо хуб буданд, онҳо худро хеле хуб ҳис мекарданд, акнун мехоҳанд обрўи худро ҳифз дошта бошанд. Аз афташ, акнун давлат мехоҳад молияро зери назорати худ қарор диҳад. Оё шумо боварӣ доред, ки онҳо сазовори боварӣ мебошанд? (Алекс, Токио);

  -Албатта, Обама ҳақ аст. Ин ислоҳот мисли ислоҳотест, ки ИМА соли 1930 ҷиҳати паси сар намудани «таназзули иқтисодии бузург», ки он натиҷаи ҳарисӣ буд, татбиқ кардааст. ИМА ва Британияи Кабир ҳангоми рухсат додан  ба якҷояшавии бонкҳои амонатӣ ва сармоягузорӣ ба хатои калон роҳ доданд (ин амал дар давраи Рузвельт манъ гардида буд). Бо пули дигарон шўхӣ кардан мумкин нест (Михайло Маклай, Новая Зеландия);

- Ман Обамаро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунам. Ман кайҳо инҷониб боварӣ дорам: бонкҳо қаллобҳое мебошанд, ки пули муштариёнро аз  диди худ истифода мекунанд. Тамоми даромади онҳоро, ки аз 1 миллион зиёд аст, дар ҳаҷми 90 дарсад  молиётбандӣ намудан лозим аст (Дарувала, Индия);

- Муносибати бозорҳо ба пешниҳоди Обама шабеҳи муносибати кўдаки эркаест, ки волидайн ба ў бозичаи дилхоҳашро нахаридаанд. Ман хушбахт мебудам, агар британиҳо аз Обама ибрат мегирифтанд (Нил Проберт, Италия);

- Обама ваъдаҳои зиёд дода буд, вале дар амал ҳеҷ кадомеро табиқ накард. Воқеият чунин аст, ки бонкҳо қисми зиёди ҳаёти моро зери назорати худ қарор додаанд. Бонкҳо якҷоя бо ҳукуматҳо фаъолият мекунанд, онҳо тавассути идоракунии  қарзҳо ва тарси мо, ҳаёти моро назорат менамоянд (Роберт Харрелл, Австралия).

 Афзоиши сандуқи қарзии СБП

СБП барои  мубориза бурдан бо бўҳрони иқтисодӣ шохаи қарзии худро 10 маротиба то  $550 млрд. долл афзун гардонид. Қарор дар бораи васеъ намудани шохаи қарзӣ NAB - New Arrangements to Borrow моҳи апрели соли 2010 аз ҷониби Шўрои маъмурони СБП тасдиқ карда шуд. Ҳаҷми NAB ба 335 млрд зиёд карда шуд. Тавассути васеъ намудани доираи иштирокдорон SDR ($55 млрд. долл.) то  367,5 млрд.  ва ё $550 млрд.долл. афзоиш ёфт. Ба 26  иштирокчии барномаи NAB боз 13  иштирокчии  нав, аз ҷумла,  кишварҳои пешбари ҷаҳон- Чин, Ҳиндустон, Бразилия ва Русия илова гардид.  Шохаи қарзӣ имконият медиҳад, ки ўҳдадориҳои мавҷуда  ба як фонд муттаҳид гардонида шаванд. «Чунин тадбир ба СБП  имконият медиҳад, ки ба кишварҳои хавфпазир аз захираҳои мувофиқ  кўмак расонад»,- қайд намуда буд раиси СБП Доминик Стросс- Кан.

СБП моҳи январи соли  2012 ба Тоҷикистон дар чаҳорчўбаи барномаи «Механизми васеи қарзӣ» $20 млн.дол. пешниҳод кард. Маблағи умумии дороиҳое, ки дар доираи барномаи мазкур пешниҳод гардиданд, $140,9 млн доларро ташкил медод. «Механизми васеъ гардонидашудаи қарзӣ»   механизми  имтиёзноки қарзии СБП мебошад, ки барои кишварҳои  даромадашон  паст пешбинӣ шудааст. Барномаҳое, ки тавассути механизми мазкур дастгирӣ карда мешаванд, ба чорабиниҳои стратегии камкунии сатҳи камбизоатӣ асос ёфта,  дар чаҳорчўбаи мушовараҳои васеъ бо иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикон қабул мегарданд ва  дар Стратегияи миллии кам кардани сатҳи камбизоатӣ ифода меёбанд. Қарзи механизми мазкур  мувофиқи меъёри сифрии баҳрагирӣ, ки то охири соли 2011 истифода мегардад ва аз рўйи меъёри на беш аз 0,5 дарсад баҳра дар як сол, ки дар давраи минбаъда истифода мегардад,  пешниҳод карда мешаванд. Қарзи мазкур бояд дар муддати 10 сол бозпардохт карда шавад.

Муҳаққиқон қайд мекарданд, ки чунин афзоиши якбораи (NAB ) фонд, ки ба мубориза бо бўҳрон нигаронида шуда буд, асос дошт. Евгений Винокуров – иқтисодчии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд қайд карда буд: «Новобаста аз он ки иқтисодиёти ҷаҳонӣ муттасил барқарор шуда истодааст,  такрорёбии бўҳрон имконпазир аст».

«Ҳолати ҷории иқтисодиёти ҷаҳонӣ  ин натиҷаи ҳавасмандгардонии фаъоли иқтисодиёт аз ҷониби  ҳукумат мебошад, ин ҳавасмандгардонӣ аз ҳисоби афзун намудани  касри буҷетҳо ба миён меояд»,-гуфта буд Сусин. –Ҳоло вазъият бо молияи давлатӣ хеле хавфпазир гардидааст: хароҷоти беасос афзуннамудаи буҷетҳо боиси афзоиши ҳаҷми қарзҳои давлатӣ гардид. Иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳоло танҳо тавассути ҳавасмандгардонии давлатӣ вуҷуд дорад, ин вазъият ҳукуматҳоро маҷбур мекунад, ки ҳаҷми қарзҳоро боз ҳам афзун намоянд.

-Аз ин рў, новобаста аз он ки давраи авҷи бўҳрон дар фаҳмиши ҷамъиятӣ ба сифати бўҳрони ҷаҳонии низоми молиявӣ-иқтисодӣ ба анҷом расидааст, ҳавасмандагардонии давлатии иқтисодиётҳо марҳилаи дигари бўҳрон-бўҳрони молияи давлатиро ба миён меорад,- гуфта буд Сусин.  Юнон соли 2010, пас аз бўхрони қарзиву бонкӣ ба буҳрони молияи давлатӣ рў ба рў шуд

Юнон аз нахустин муштариёни СБП  буд. Ин давлат аз СБП тахминан то 15 млрд. евро гирифта метавонист. Вале кишварҳои Аврупои Ғарбӣ ният доранд, ки облигатсияҳои мустақили Юнонро харидорӣ намоянд. - Харидории аввалин хеле бомуваффақият гузашт,- қайд мекунад Винокуров.

  Ба сохторҳои глобалии идоракунии иқтисодиёти ҷаҳонӣ- СБП, Бонки ҷаҳонӣ дар масъалаи афзалиятнок будани манфиатҳои ИМА ва Аврупои Ғарбӣ дар ин сохторҳо ва мавқеи сусти  кишварҳои дорои бозорҳои тез таракқикунанда саволҳо пайдо мешуданд. Мавҷи дувуми бўҳрон (2008-2010) на танҳо ба Юнону Испания таъсир расонид, он метавонад кишварҳои зиёди дигарро ба коми худ фурў барад, аз ин рў, ҷиҳати ҳалли масъалаи захираи асъории ҷаҳонӣ, такмили танзими бозорҳои молиявӣ, ба миён овардани шароити боадолат барои тиҷорати байналмилалӣ ва устуворкунии нархи махсулоти хўрока чораҳои мушаххас бояд андешид.

Бояд тазаккур дод, ки СБП дар иҷлосияи навбатии солонаи худ (с.2011) маҷбур гашт эътироф намояд, ки «коненсуси Вашингтон» комилан аз байн рафт ва акнун навбати таъсиси чунин шакли иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба миён омадааст, ки  дар он нофаҳмиҳо камтар гардида, мақомоти молиявӣ аз ҷониби давлат идора карда мешаванд, даромадҳо бошанд, аз рўйи адолат тақсим мегарданд.  

Friday the 29th. Душанбе 2014