Маҳдудиятҳои асъорӣ барои амалиёти молиявию техникии Ирон

Категория: Аснодҳои глобалӣ
14.08.2011

Чун як ҷузъи сиёсати молиявии ҷаҳонӣ дар ҳар давра маҳдудиятҳои асъорӣ- мамнуъяти қонунӣ, маъмурӣ, меъёрбандӣ ва дастурбандӣ амалиёти  резидентҳову ғайрирезидентҳо бо асъор ва дигар чизҳои гаронбаҳо мебошад. Ин тарз - қисме аз назорати асъорӣ мебошад, ки риояи қонуниятҳои  асъорӣ дар асоси амалиёти резидентҳо ва  ғайрирезидентҳо бамал меояд. Амали кардани маҳдудиятҳо ба тасоруфи Бонки марказӣ вогузор мешавад ва пайгири мақсадҳои зерин мебошад:1) баробаркунии тарозномаи пардохт; 2) ҳимояи қурби асъорӣ; 3) дар ихтиёри давлат қарор додани асъори гаронбаҳо барои ҳалли масоили ҷорӣ ва мақсадҳои стратегӣ.

   Замони омодагӣ ва оғози идомаи ҷанг маҳдудиятҳои асъориро коплекси ҳарбию- саноатии давлати қудратманд барои ворид кардани маводу амволи ҳарбию стратегӣаз ҳисоби меъёрбандии харидани молҳои истеъмолӣ, истифода мекунад. Маҳдудиятҳои асъорӣ мақсади зери по карданро дорад, чунки азнавтақсимкунии асъори гаронбаҳо ба манъфиати  давлат, ширкатҳои калон анҷом мегирад, ки аз ҳисоби даст наёфтани соҳибкорҳои хурду миёна ба асъори хориҷӣ  мебошад. Бинобар ин соҳаҳои монополияи истеҳсолу тичорати молро надошта, аз маҳдудиятҳои асъорӣ манфиат намебинанд. Маҳдудиятҳои асъорӣ қисми сиёсати асъории протексионизм ва фиреб кардани шарики тиҷоратӣ мебошад. Ангезаҳои сиёсӣ дар амалӣ шудани  маҳдудиятҳои асъорӣ кори муҳимро иҷро мекунад.

Ба мақсади фишор овардан ба дигар давлатҳо, давлатҳои абарқудрат мухосираи асъориро  роҳандозӣ мекунанд, ки тавассути муҷозоти иқтисодии якҷонибаи як кишвар ё гурўҳи мамлакатҳо дар муқобили дигар давлат бавуҷуд меояд. Истифодаи асъори гаронбаҳои кишвар маҳдуд карда мешавад, ки вай баъзе аз талаботҳоро иҷро намояд ва дар натиҷа ҳолати асъордорӣ ва иқтисоди он хароб мешавад.  

  Моҳияти Паймони асъорӣ аз боздоштани гардиши  асъору дороиҳои гаронбаҳои ҳамон давлат, ки дар бонкҳои хориҷӣ ҷараён доштанд, ва аз роҳандозии маҳдудиятҳои миёншикани асъорӣ иборат мебошад. Замони ҷараён доштан ҷанг ва пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳон Британияи Кабир гардиши дороиҳои суратҳисобҳои мутааллиқи Иронро қать кард, ки дар онҳо асъорҳои хориҷии кишварҳои минтақаи стерлинг(бахусус, асъори Англия) ҷараён доштанд. Дороиҳо аз он суратҳисобҳо  метавонистанд барои ҳисоббаробаркуниҳо фақат байни давлатҳои гуруҳи минтақаи стерлинг мавриди истифода қарор гиранд.

   Бо сабаби дар Ирон ба моликияти давлатӣ табдил додани ширкати нафтии Англия-Иронӣ, Бонки Британияи Кабир ба доллар мубодила шудани фунт-стерлингро дар аввали солҳои 50-уми асри ХХ таҳрим карда, ба Италию Ҷопон пешниҳод карда буд, ки ҳама ҳисобаробаркуниҳоро бо Ирон танҳо бо фунт-стерлинг анҷом диҳанд.

Замони муноқишаҳои Америка бо Ирон, моҳи ноябри соли 1979 ИМА дороиҳои бонкии Иронро ($12 млрд. долл.) ба доираи муҷозоти иқтисодӣ гирифтанд ва   баъзе аз қарзу ўҳдадориҳои давлати хешро пеши Ирон аз иҷрои пардохт беэътибор донистанд, ки дар доираи талабҳои сиёсии ИМА алайҳи Ирон барои озод кардани америкоиҳои гаравгонгирифта буд, вале дар асл мақсади хароб кардани иқтисоди Иронро доштанд, ки қадамҳои сиёсиро муқобили ИМА оғоз карда  буд.

Рўзномаи иронии « Шахрванди имрўз»  дар оғози июни соли 2008 навишта буд, ки Теҳрон аз суратҳисобҳои дар Аврупо  амалдошта $75 млрд. долларро берун овард, ки   ҳабс кардани онҳо, зери муҷозотҳои байналмилалии мабодо бавуқўъ мепайваста,  пешгирӣ гардад, чункинизоъи атомӣ ба низои асъорӣ табдил гашта буд.    Қисме аз дороиҳои фаъоли иронӣ дар бонкҳои аврупоӣ ба тилло ва саҳмияҳои корпорасияҳо табдил гашт, инчунин қисми дигари дороиҳо ба бонкҳои Осиё интиқол дода шуд, - маънидод кард барои « Шахрванди имрўз» Муҳсин Талаӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ирон.

Дар охири июни соли 2008 рўзномаи дигари иронӣ «Эътимоти миллӣ» навишта буд, ки Махмуди Ахмадинажод, президенти Ирон фармон ба тавсиб расонид, ки «бонкҳои давлатӣ дороиҳоро аз бонкҳои авропоӣ бозпас гиранд ва онҳоро ба ҷараёни амалиёти Бонки Марказии Ҷумҳурии исломии Ирон  ворид намоянд». Нигаронии  аз он буд, ки «Ирон ҳамкориҳоро бо бонкҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз он ҷумла бо бонки Британиё ЭЙЧ –эс-бисиро қатъ кард ва дар ивази он  ҳамкориҳоро бо дигар бонкҳои хурд оғоз мекард. Он замон баҳси президенти ИМА Ҷордҷ Буш дар Словения дар аввали июни соли 2008   бо намояндагони ИА нишон дод, ки муҷозотҳо пас аз хотимаи тобистон амалӣ мешавад. Самюэл Чижук, коршиноси ширкати консалтингии GlobalInsight (Лондон) пешгўи карда буд, ки « муҷозотҳои молиявӣ  муқобили бонкҳои  Ирон мешавад». Ва бинобар ин  аз  Аврупо берун рафтани дороиҳои Ирон барои ҳеҷ кас ногаҳонӣ набуд.

Ҳамзамон назари дигари коршиносон ҳам буд, масалан, Разуев Александр, корманди Собинбанк дар он рўзҳо барои«Независимая газета»(Русия), изҳор дошт, ки « ҳамин навгониҳо ба машом на бўйи муҷозотро, балки дуди ҷангро мерасонад». Эъҳтимоли калон вуҷуд дошт, ки ҷумҳурихоҳон амалиёти ҳарбиро пеш аз интихобот оғоз мекунанд. Бомбаборон кардани Ирон аз ҷониби Исроил, ки паймоншарики  стратегии ИМА мебошад, хеле фаол  «гарм» карда мешуд. Амалия собит месозад, ки пеш аз ҷанги мунтазира, ногоҳон нархи нафт ва индекси биржаҳои молиявӣ поён меравад.

Сайти форсии ВВС  ин матлабро  аз фейсбуки Раиси кулли Бонки марказии Ирон моҳи декабри соли 2011 ба чоп расонд, ки «таҳримҳо - ҷанги тамоми айёр алайҳи мост[1]».

Маҷлиси намояндагони Америко ба густариши таҳримҳои иқтисоди Ирон, аз ҷумла таҳрими Бонки Марказии ин кишвар рой дода буд. Таҳримҳои шадидро бар Ирон вазъ кардаву таҳримҳои пешини худро шиддат бахшидааст. Маҷлиси Саноӣ (сенати) Америко пештар тарҳи мушобеҳро тавсиб карда буд. Намояндагони  маҷлис баъд аз зўҳри чаҳоршанбе(15 декабри, 2011 ) тарҳи $662 млрд. доллараи буҷети низомии Америкоро тавсиб карданд, ки густариши таҳримҳои Ирон ва зарурияти бахше аз кўмаки молиявии ИМА ба Покистонро дарбар доштааст. Маблағи таҳрими Бонки марказии Ирон ба василаи ИМА пас аз имзои Барак Обама ба қарори Конгресси он давлат сурат гирифт. Таҳрими Бонки марказии Ирон бо хадафи фишор бар ин кишвар барои ба иҷро гузоштан Қатъномаҳои Шўрои амнияти СММ ва тавуққуфи ғанисозии уран, баамал баромад.

Америко ҳафтае пештар (декабр, соли 2011) барои муқобила бо Барномаи ҳастии Ирон ва ҳамчунин дар вокуниш ба мутаҳам шудани Ирон ба талош барои террори сафири Арабистони Саъудӣ дар Вашингтон  таҳримхои ҷадидро алаҳи Ирон эъмол карда буд.

Маҷлиси намояндагони Америко пеш аз тавсиби тарҳи буҷети низомӣ, ду тарҳи дигарро ба таври ҷудогона тавсиб кард. Бар асоси яке аз тарҳҳо, ки бо раъйи муваффақонаи 610 намоянда дар баробари 11 раъйи мухолиф ба тавсиб расид, Америко Бонки марказии Иронро таҳрим мекунад ва таҳримҳои пешини худ бар саноати нафту гази ин кишварро шиддат бахшад. Ин мусоҳиба ҳамчунон маҳдудиятҳоеро бар тамоси дипломатик бо Ирон эъмол карда буд. Маҳдуд кардани дороиҳои мақомҳои Иронӣ ва манъи вориди онҳо ба Америко низ дар  ин мусоҳиба ҷой дошт.

Мусоҳибаи дигари Мачлис намояндагони Америко, ки бо 618 раъйи муваффақ дар баробари ду раъйи мухолиф тавсиб шуд, муҷозотҳоеро барои афрод ва кишварҳои тарафи муомила бо Барномаҳои таслиҳотии Ирон, Сурия ва Кореяи Шимолӣ дар назар гирифта аст.

Орек Контур, роҳбари аксарияти ҷумҳурихоҳ пас аз тақвияти ин тарҳҳо гуфт: «ин ду мусоҳиба бо таври қобили таваҷҷўҳе таҳримҳои мавҷуда алайҳи Иронро шиддат мебахшад ва ба Раиси ҷумҳур ихтиёроти бесобиқаеро барои эмоли таҳримҳои шикананда бар иқтисоди ин кишварро вогузор мекунад».

Таҳримҳои Бонки марказии Ирон дар қолаби борбардории буҷети низомии Америко тавсиб шуд. Мусоҳиба буҷети дифоӣ, илова бар таҳримҳои ҷадид алайҳи Ирон шомили борбардориҳои дигар, аз ҷумла тааллуқи бахше аз кўмаки молӣ ба Покистон ва эъмоли муҷовизи боздошти номаҳдуди гумонбарҳо ба терроризм буд. Иллати  қарор гирифтани ин муттаҳамҳо дар буҷети дифоӣ, тасреҳ дар тавсиби онҳо ва давр задании мавонеъ эҳтимолии дар қумитаҳои тахассуси ду маҷлис будааст. Ду тарҳи дигаре ба тавсиб расид, ки ба сурати тарҳҳои мустақил дида шуданд ва табдили онҳо ба қонун ниёз ба тасвиботи мусбати мусоҳиба дар Сенат дорад ва табдил он ба қонун тўл кашид.  Бар хилофи тарҳи будҷети дифоӣ, ки пештар -30 ноябр дар Маҷлиси Сано ба тавсиб расида буд, Сано  тарҳҳои мушобеҳи ду мусоҳибаи мавриди ишораи Мачлиси намояндагонро тавсиб кард, то барои имзо ба Кохи Сафед фиристода шавад[2].

Мақомҳои давлати Америко пештар нигарониҳоеро дар бораи таъсири манфии таҳрими Бонки марказии Ирон бар бозори ҷаҳонии нафт иброз карда буданд, вале намояндагони Конгресс бо эҷоди тағироте дар пешнависи ин мусоҳиба саъй карданд, таъсироти онҳо бар баҳои нафт камтар бошад. Нигароние аз Барномаи ҳастаии Ирон бо интишори гузориши тозаи Оҷонси Байналмилалии энержии атомӣ дар бораи моҳияти низомии барномаи ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Канадо ва чанд кишвари Аврупо, аз ҷумла Британиё ва Фаронса низ мубодилоти молиявиву сармоягузорӣ дар саноати нафт, газ ва петрушимии Иронро таҳрим карданд.

Ҳамон рўзҳо  Ҷопон бо тозагӣ пеш аз якчанд сад фард ва ширкатҳои Ирониро таҳрим кард ва номи онҳоро дар феҳристи таҳримҳои дарозмуддати худ  ҷойгир кард. Канадо 8 августи соли 2012, масалан, тамоми робитаҳои худро бо Ирон қать кард.

Ногуфта намонад, ки Шўрои миллии ирониёни Америко- Нёк(نیاک), ки аз тарафдорони барқарории гуфтугў байни ду кишвар аст, бо эътиқод аз ин мубосиҳо, онро як «иқдоми муҳим дар масиди иштибоҳ» унвон кард. Аз гуфтаи Ҷамол Абадӣ, мудири сиёсатгузории ин Шўро «ин мубосиҳо бо ҷуз муҷозоти мардум оддӣ, афзоиши баҳои сухт ва наздиктар кардани ИМА ва Ирон ба ҷанг, дастоварди дигаре нахоҳад дошт».



[1]گرينويچ - پنجشنبه 15 دسامبر, 2011 -آذر 1390 / 24 

[2] Тавсиби ќонун дар Америко ба тавсиби ду Мачлис: Намояндагон ва Сано ва ба имзои Раиси Љумњур ниёз дорад

Friday the 19th. Душанбе 2014