Молиётситонии гаронтарини Тоҷикистон

Категория: Аснодҳои глобалӣ
16.10.2014

Tojnws.org: 13 октябр, 2014 - 09:42

Дар арафаи мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорон

Молиётситонӣ – шохаи асосии сиёсати иқтисодии ҳукумати ҳар кишвар мебошад. Вазни меъёри ҳамаи молиётҳо (налоги) агар дар кишваре, ки шаҳрвандон даромади хуб доранд, 37,4 дарсад буда бошад, вале дар мамлакатҳое, ки шаҳрвандон сатҳи даромади пастарин доранд, ин нишондиҳанда 67,8 дарсад будааст. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар Тоҷикистон вазни меъёри ҳамаи номгӯи молиётҳо аз 67,8 дарсад ҳам болотар мебошад.

Назарсанҷӣ собит мекунад, ки гаронтарин ва моҷароовартарин номгӯи молиёти давлатӣ ба Молиёт аз арзиши замшуда - НДС вобаста мебошад. Молиёт аз арзиши замшуда (VAT - Valut-Added Tax) –яке аз молиёти ғайримустақим ва нисбатан навбунёд дар ҷаҳон мебошад.

Молиядони фаронсавӣ МОРИС ЛОРН нахустин буд, ки «молиёт аз арзиши замшуда (МАЗ)» ро пешниҳод кард. Ва аз соли 1954 дар КОТ ДИ ВУАР, ки мустамликаи Фаронса буд, молиёт аз арзиши замшуда мавриди санҷиш қарор гирифт, пас аз таҳлил ва аз аввали соли 1968 дар ҳудуди Фаронса, чун молиёти ғайримустақим, бакор гирифта мешавад.

Иттиҳодияи Иктисодии Аврупо(ИИА) моҳи майи соли 1977 ҳамохангии меъёрҳои ҳуқуқии ситонидани Молиёт аз арзиши замшударо барои кишварҳои минтақа батавсиб расонд, ки аз соли 1982 ҳатмӣ мавриди истифода қарор гирифт. Байни солҳои 80-и асри ХХ молиёт аз арзиши замшуда дар Булгория, Маҷористон, Пуланг, Руминиё, Чехославикия мавриди амал қарор гирифт, ки дар худ мақсади пушидаи тезтар валонгар кардани иқтисоди усули плангирии сосиалистиро низ дошт.

Ҳоло беш аз 80-90 кишвари ҷаҳон молиёт аз арзиши замшударо, чун манбаъи даромади буҷети давлатӣ, истифода доранд.

Дар ивази молиёт аз арзиши замшуда   дар ИМА   «молиёт аз гардиши молу ҳизматрасонӣ»; - Канадо ва Зеландия Нав – «молиёт аз молу хизмат»; - Япония «молиёт аз истеъмол»  ситонида мешавад.

Дар Русия аз замони бакоргирии Молиёт аз арзиши замшуда, он дар доираи чор номгӯи молиёти мақомдошта дида мешавад.

Ҳиссаи миёнаи Молиёт аз арзиши замшуда дар 12 кишвари Аврупо 13,8 дарсад аз маблағи умумии ҳамаи молиёти ситонидашударо нишон диҳад, вале дар Фаронса ҳиссаи ин олотдасти иқтисодӣ 45 дарсад ва дар Олмон -50 дарсад аз маблағи умумии ҳамаи молиёти воридгардида будааст.  Таҳлил собит кард, ки Молиёт аз арзиши замшуда дар буҷети давлатии ҶТ мақоми хосаро дорад. Масалан, агар соли 2006 маблағи воридшудаи Молиёт аз арзиши замшуда 688,8 млн. сомонӣ, ё 43,9 дарсад аз даромадҳои умумии буҷети давлатӣ буда бошад, соли 2010 ин нишондиҳанда 1607,04 млн. сомонӣ, ё 66,9 дарсад аст ва 80,7 дарсади он аз амалиёти молиявии иқтисоди хориҷӣ будааст. Рӯзи 15/10/2014 дар гузориши худ Эмомалии Раҳмон, президенти Тоҷикистон гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2014 маблағи Молиёт аз арзиши замшуда 3,7 млрд. сомонӣ мебошад.

Коршиносони кишварҳои хориҷӣ Молиёт аз арзиши замшударо даромади софи марказонидашудаи давлат мепиндоранд, ки дар доираи истеҳсолоти моддӣ бавуҷуд меояд. Муттаассифона, дар баъзе аз кишварҳо, масалан, дар Тоҷикистон амали ситонидани Молиёт аз арзиши замшуда арзёбии илмии зикршударо нишон намедиҳад. Чаро? Дар Тоҷикистон дар амал (бар хилофи Кодекси андозмоддаи 168) Молиёт на аз арзиши замшуда, балки аз арзиши умумии молу маводи тичорат, овардашуда ситонида мешавад ва натиҷаи «молиёт аз гардиши молу ҳизматрасоӣ (налог с оборота)» -ро дорад, ки сабаби асосии гарон будани нархи бозаргонии молҳои истеъмолӣ мебошад.

Ин амал дар ҳоле сурат мегирад, ки байни кишварҳои ин ҷо зикр мешуда, гаронтарин меъёри Молиёт аз арзиши замшуда дар Тоҷикистон будааст(дар қавс –меъёри аввали молиёти номбурда): Фаронса- 2,1 дарсад (19,6); Италия- 4 дарсад (21); Маҷористон- 5 дарсад (27); Литва -5 дарсад (21); Руминия - 5 дарсад (24); Белгия -6 дарсад (21); Голандия- 6 дарсад(19); Юнон- 6,5 дарсад (23); Олмон- 7 дарсад (19); Буғория – 9 дарсад(20); Эстония – 9 дарсад(20); Австрия -10 дарсад (20); Русия -10 дарсад (18); Латвия -12 дарсад (21); Қазоқистон- 12 дарсад (20); Қирғизистон – 12 дарсад (20); Тоҷикистон – 18 дарсад (20).

Зимнан,(ба истисное воридот)амалиёти молиёсупорандагоне, ки фаъолияти

- истеҳсоли мол дар соҳаи хӯрокворӣ,

- тиҷорат, хизматгузории савдову харид ва захиракунӣ,

- сохтмон,

- коркарди махсулоти худии кишоварзиро доранд, Молиёт аз арзиши замшударо бо меъёри 5 дарсад пардохт мекунанд.

Вале ин зумра молиётсупорандагон аз маблағи молиёти ҳисобшуда ҳақи тарҳ кардани молиёти пештар, вақти хариди ашёи ба ҳамин фаъолият истифодашударо надоранд. Таҳлили коршиносон собит месозад, ки натиҷаи меъёри 5 дарсад гаронтар аз оқибати бакоргирии меъёри 18 дарсад буда метавонад.

Ҳуқуқи бозпас гирифтани молиёт

Ҳуқуқи бозпас гирифтани Молиёт аз арзиши замшударо нафақат корпорасия-содироткунандагон молу хизмат, балки ашхоси воқеъӣ доранд. Масалан, саёҳоне, ки дар ҳоли берун аз кишваре, ки резиденти он мебошанд, молу хизмати истеҳсолашро харидаанд, ҳукуқи бозпас гирифтани маблағи Молиёт аз арзиши замшударо пайдо мекунанд.

Дар давлатхои Иттиходияи Аврупо (ИА) бозпас гардонидани Молиёт аз арзиши замшуда бо тартиби болотар аз меъёри миллӣ анҷом мегирад, ки ҳуқуқи озоди ҳар кишвар аз ҷуброн кардани Молиёт аз арзиши замшударо нишон медиҳад. Маблағи Молиёт аз арзиши замшуда аз манбаъҳо, ки кишварҳои ИА дар фаъолияти истеҳсолӣ истифода кардаанд , ҳатман бозпас гардонида мешавад.

Thursday the 25th. Душанбе 2014