Истеҳлок ва маблағрасонии амалиётҳои навгонӣ дар ширкатҳои кишоварзию саноатӣ

Категория: Аснодҳои глобалӣ
31.01.2022

Кутоҳмазмун

дар бораи мақолаи «Сиёсати истеҳлоквамаблағрасонии амалиётҳои навгонӣ дар ширкатҳои кишоварзию саноатӣ»

Мазмуни мақолаи номбурда бо далелҳо масъалаҳои молиявию истеҳсолӣ ва аз хазинаи истеҳлокӣ маблағрасонии амалиётҳои инновасиониро инъикос месозад, ки дар ниҳоят рушди истеҳсоли молу маҳсулот содиротиро дар  ширкатҳои кишоварзию саноатӣ»ҶТ ҳамвор месозад.

Шохаҳои муҳими сиёсати истеҳлокии корхонаҳо ва дар ин доира рушди илму техника ва технолгия дар доираи иктисоди калон бо кушиши коршинос таҳлил шудаанд. Хазинаи истеҳлокӣ бо маблағрасониҳои бунёдҳои асосӣ қиёс мешавад ва дар ҳамин замина пешниҳодҳои илмӣ ва амалӣ омадаанд.

   Ибораҳои калидӣ о): хазинаи истехлок дороиҳоисобит, бунёдҳоиасосӣ- , маблағрасонӣ (финансирование), навгонӣ (инновация), сиёсатиистеҳлок , ҷараёни накдӣ, камарзишӣ инфляция), қарзрасонӣ (кредитование), асъоргузории рушд ва ғайра.

Доираи ширкатҳои кишоварзию саноатӣҳамчункомплексиҶумҳурииТоҷикистон (ҶТ), нопурра мебошад, вале мақомибузургдорадбароиомадагаштанибоигариимамлакатвасатҳизиндагониисокиноникишвар.

     Афзалиятҳоимаблағрасонӣ, қарзрасонӣ ва асъоргузории рушди ширкатҳои кишоварзию саноатӣ Тоҷикистонҷудо дар сатри тарозномаҳои корпорасия бояд дарҷёбанд, то бунёдҳоиҷорӣвабунёдҳоиасосӣ   фаҳмидавафарқ онҳобоздид шаванд. Дар шакли гуфташуда инъокоси маблағрасониҳозаминаисиёсатиистеҳлокироҳамвормесозад.

     Истеҳлок (амортизатсия калимаи лотинї буда) маънояш бозпардохт кардан аст.

   Истеҳлокбаҳоитамомшудаидороиҳо,бунёдҳои асосӣ мебошад ва баробар аст бар муҳлатиистифодаи онҳо. Бунёдҳои асосӣ дар раванди истеҳсолот муддати тўлонӣ мавриди истифода мешаванд (на кам аз як сол). Дар ин ҳангом онҳо шакли физикии худро нигоҳ медоранд, вале мунтазам фарсудашавии техникӣ ва тамомшудани арзишҳоимолиявиро мефаҳмонанд. Хазинаи ин васоит њарҳмоҳбо меъёрҳои муќарраргардидаи барварди истеҳлокӣ ҳисоб карда мешавад.

Тадриҷан баҳоитамомшудаи (афсурдашани) бунёдњо (мошину таљњизот, биноњо, иншоот) ва ќисм ба ќисм гузаронидани арзиши он ба маҳсулоти истеҳсолшавандаро нишон медиҳад. Бароварди истењлокӣмувофиқи хусусиятҳои иштироки бунёдҳои асосӣ дар раванди истеҳсолот ва Тибќи моддаи 153-и дар асоси меъёрҳои дар Кодекси молиёт-и Тоҷикистон муайян карда мешавад(ҷадвали 1) .

Истеҳлокҳиссаҳиссаи арзиши тамомшудаи дороиҳоиасосӣ мебошад, ки ба нархи молу маводи   истеҳсолшуда зам мегардад.

Аммо маблағи бароварди истеҳлокнишондиҳандаиҷараёни накди намебошад, ки аз корхона берун равад. Xамчунон истеҳлок раванди баҳогузории арзиш нест. Вале қайдҳои баҳисобгирӣ мутобиқи усулҳои муайянгардии арзиши аслӣ сабт мешаванд.

Љадвали 1.   Меъёрњои бароварди истеҳлокӣ

Гурўҳ

Намуди моликият

Ҳадди ҳудуди меъёри истеҳлок (ҳисса дарсад )

1

Техникаи роҳсозии автотракторӣ, олоти махсус, таҷҳизот; МЊЭ, таҷҳизоти музофотӣ ва воситаҳои коркарди иттилоот; таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои мухобирот.

20

2

Автомошинаҳои боркаш, автобусҳо, автомобилҳои махсус ва автоприсепҳо, нқќлиёти њавоӣ. Мошину таҷҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти оҳангарӣ- пресскорӣ, таҷҳизоти сохтмонӣ; мошинҳои таъиноти кишоварзӣ ва таҷҳњизот; мошинҳои сабукрав; мебели идоравӣ.

15

3

Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, нақлиёти баҳриву дарёӣ; таҷҳизоти теплотехникї, таҷҳизоти турбинӣ, электрмуҳаррико ва дизел-генераторҳо.

8

4

Биноҳо, иншоот, иморатҳо.

7

5

Дороиҳои истеҳлокшавандае, ки ба категорияҳои дигар марбут дониста нашудаанд.

10

Маблағи истеҳлок василаи тағйирдиҳии сатҳи нарх буда бошад, ки ҳоло дар бисъёр корхонаву корпорасияи Тоҷикистондида наметавон, бо он сабаб ки фаҳмиш сиёсати истеҳлок нест.

Ногуфта намонад, ки маблағи бароварди истеҳлокии ҳисобкардашуда ба фоидаи корхона таъсир расонида метавонад. Чӣқадаре ки маблағи бароварди истеҳлокӣ бештар бошад, фоида ҳамонќадар камтар мешавад ва баръакс. Афзоиши маблағи бароварди истеҳлокӣ фоидаро кам намуда, ба камшавии молиёт аз фоида ва афзоиши захираҳои молиявии худи корхона меоварад.

Сарфаеро, ки аз молиёт аз фоида бадастоварда мешавад, «ҷавшани молиётї» меноманд. Чиқадаре ки маблағи бароварди истеҳлокӣ баланд бошад, ҳамонқадар ҳифозати молиётӣ ва ё ҷавшани молиётии ширкат мустаҳкамтар аст.

Вале ҳифозати молиётии корпорасияҳои соњањои истеҳсолот аз маблағи бароварди истењлокии дар таркиби хароҷоти истеҳсол ва фурўши маҳсулот вобаста мебошад аст, аммо сатҳи онҳо гуногуни буда метавонад.

Соњањое, ки вазни ќиёсии баровардњои истењлокиашон дар сохтори харољот бештар аст, ба гурўњи ғунљоиши бунёдї дохил мегарданд. Ва ин соњањо аз самараи љавшани молиётї бештар бархурдор мегарданд.

Валангор кардани иншоотҳои давлатии накам 30-50 сол оянда мавриди истифода меистода, бахусус дар Душанбе, идома дорад. Агар валангор кардани иншоотҳоидавлатирободиданушунидани   коршиносон хулоса созем, метавон гуфт, ки дар кишвари мо сиёсати истеҳлокии баилмасоснокшуда вуҷуднадорад!

Умуман ҳивзимолиявиибунёдҳоиасосӣазсиёсатвамаблағидаристеҳлокбуда мебошад.!

Бо пиндори мо, пеш аз валангор кардани иншоотҳоидавлатӣ 3 нишондиҳандаимолиявииҳар яке аз   пружаҳо бояд муайян ва ба дидани коршиносон ҳаволагардад: (1) хазинаи истеҳлок аз аввал ва ҳиссае ки аз он ба маблағрасонӣсафарбаршуда; (2) арзиши тамомнашуда (ба истеҳлоктабдилнаёфта)-ибунёдҳоиасосӣ; (3) маблағимасолеҳикоршоямазвалангориииншоот омада. Маблағинишондаҳандаи 3 ва 2-юмвақисмеазмаблағ 1-умнишондиҳандаҷамъмешаванд ва ба иллати набудани манбаъи накдӣдартарозномаи иншоот, мувофиқиқонунидарҷаҳонмаъмул, маблағрасони вай бояд муайян гардад: аз ҷонибиманфиатгирииншоотбабуҷетидавлатҷубронгардад; ёмаблағиҳисобшудаазвалангориихариншоотбақарзи дохилии давлат инъикос гардад. Бо иллати дар амал набудани сиёсати истеҳлокиибаилмасоснокшуда, иннишондиҳандаҳоидарназарикоршиносониҷаҳонбуда, дариқтисодиётиҶумҳурииТоҷикистон   дида намешавад.

Агар дар кишвар сиёсати даркшавандаи истеҳлок буда бошад, афзоиши назарраси маблағи бароварди истењлокї бо истифодаи усули ғайрихаттии њисобсозии он баназар мерасад. Ин раванд аслан иртибот дорад ба қисми фаъоли бунёдњои асосии истифодамегардида. Азинрў, соҳаҳое, ки соҳиби саҳми назарраси қисми фаъоли бунёдҳои асосӣ мебошанд, азиномил самараи бештаре мегиранд.

Таҳлили мо нишон дод, ки вазни ќиёси бароварди истењлокӣ асосан дар таркиби хароҷоти соҳаҳои иќтисодиёт аз қабили иртибот(связь), нақлиёт, савдо ва хўроки умумӣ бештар аст. Дар ин соҳаҳо маблағи истеҳлок умуман дар қиёс бо иқтисодиёти умум афзунтар бояд бошад, ки дар ҳисоботҳои молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намешавад.

Таҳлил собит кард, ки саҳми маблағи бароварди истеҳлок дар кишоварзӣ ва хоҷагии манзил-коммуналӣ нисбатан кам буда, мутаносибан 5,4 ва 4,6 дарсадро ташкил дод. Дар соҳаҳои дигар саҳми маблағи бароварди истеҳлокӣ умуман нисбат ба иқтисодиёт пасттар буда, аз 2 дарсад дар соҳаи сохтмон то 3,6 дарсад дар соҳаи саноат таѓйир меёбад. Ҳаминтавр, корпорасия дар рафти татбиқи сиёсати фаъоли истењлокӣ имконияти идоракунии самарабахши ташкили захираҳои худии молиявиро дарёфт мекунад.

Болоравии камарзишӣнархи маблағиистеҳлокигирдоваришударонисбатиасъорихориҷӣ паст месозад. Барои аз қамарзишӣэминнигоҳдоштани   маблағиистеҳлокӣ, хукуматвоҷибаст, киазнавнархгузориибунёдҳоиасосиробонархҳоибозаргонӣватехнологияитакрористеҳсолкунӣмувофиқ гардонад. Маълум аст, бисёр аз намуд, иқтидоритехникӣватехнологиибунёдҳоиасосиикорхонаҳоиагросаноатииТочикистон фарсуда гаштаанд ва ба ин сабаб низ бояд азнавнархгузории арзиши онҳо анҷомгирад. Масалан, арзишибунёдҳоиасосӣҶТ дар охири соли 2011 афзудааст 4,48 маротиб нисбат ба соли 2005,   арзиш = 32972,2 млн. сомонӣ, киҳиссаисоҳаҳочунинбуданд: саноат - 25,3 дарсад, кишоварзӣ 4,2 дарсад. Аммо 25-30 солпештарнакамаз 25 дарсадибунёдҳоиасосӣдарсоҳаикишоварзӣбуд. Якеазиллатипастравииҳаминнишондиҳандаикишоварзӣдароннуҳуфтабошад, кидартаркиби 32972,2 млн. сомонӣарзиши говҳоиподаиасосииТоҷикистонсабтнашудааст. Мумкин ба сабабе, ки говҳоиширдеҳутакрористеҳсолидошта дар хочагиҳоихусусӣбуданд. Валебоядарзишиговҳоиширдеҳ, сарфиназаразщаклимоликият, боядбаарзишибунёдҳоиасосӣ Тоҷикистонҷамъгарданд.

Ва дар сатҳи камарзишӣазнавнархгузориибунёдҳоиасосӣвамаблағидарназарбудаиистеҳлокиазон, афзоида месозад манъбаҳоидохилиикорпорасияҳоробароимаблағрасонии сароягузориҳо.    

Хазинаи ҳисобшудаванақдииистеҳлокдардохиликорпорасияҳатманбоядмавриди маблағрасониибунёдҳоиасосии инновасионӣ бошад. Коршиносони молиявии ҶТ ҳармоҳнабоядфаромуш созанд,   ки агар хазинаи нақдииистеҳлоки муайяншуда дар тарозномаи корпорасия дарҷёбад (суратҳисоби 02« истеҳлоки ҳисобшуда», ё дар фаъолияти бонкҳо суратҳисоби 55513), он маблағиарзиши Маҳсули навини иқтисод мебошад.

Чадвали 2. МанъбаҳоимаблағрасониисармоягузориҳодарҶТ, млн. сомонӣ

Нишондиҳандаҳо[1]

Соли

2008

Соли

2010

Соли

2011

1. Сармоягузориҳобабунёдҳоиасосӣ

4341,444

4669,365

4988,319

2. манъбаҳоимаблағрасониибунёдҳоиасосӣ

     

2.1. маблағибуҷетдавлатӣ

1014,998

1677,370

2490,034

2.2. сармоягузориҳоихориҷӣ

2883,714

1783,713

1090,942

2.3. фоида, даромадҳоиомехта,

2.4.маблағикорхонаҳоимуштараква соҳибкорон

442,732

41,302

1208,282

83,185

1407,343

269,548

[1] Нишондиҳандаҳоро муаллиф муайян кардааст.

Мутассифона, дар шумори калони корхонаҳоиҶумҳурииТочикисонҳаминномгӯиклассикиимаблағрасониибунёдҳои асосӣмақомихосаихудронадорад, ба он иллат ки роҳбаронимолиявӣ сатҳидавлат аз доираи афзалиятҳои кишвар ин васоитро хориҷкарданд, нигиредбаҷадвали 2. Тавре, ки мебинем, хазинаи истеҳлокӣ дар манъбаҳоимаблағрасониибунёдҳоиасосӣсатриалохидаронадоранд, ки далел аз заифии сиёсати   истеҳлокӣдаркишвармебошад.

Агар маблағи сармоягузориҳо ба бунёдҳои асосии кишвар аз хазинаи бароварди истењлокӣ камтар бошанд, иқтисодиёт дар марҳилаи таназзул қарор дорад ва ба ин сабаб сармояҳои мазкур барои бозпардохт намудани сармояи дар истеҳсолот истифодагардида кифоя намебошад.

Ногуфта намонад, ки маблағи бардошти истеҳлокӣ яке аз сарчашмаҳои маблағрасонии сармоя буда, асосан азнавтавлидгардии воситаҳои фаъоли истеҳлокшавандаро таъмин мекунад. Сатҳи таносуб байни баровардҳои истеҳлокӣ ва сармояҳои умумӣ суръати рушди иқтисодиро муайн мекунад. Барзиёд будани сармояҳои умумӣ аз маблағи бароварди истеҳлокӣ дар ҳолати рушд қарор доштани иқтисодиётро ифода мекунад. Масалан, сармоягузориҳо ба бунёдҳои асосӣ соли 2016 нисбати соли 2010 на кам аз 2,4 маротиб дар ҶТ афзуд ва 11179,7 млн. сомонӣ буд, ки 40 дарсади ин арзиш аз буҷети давлат маблаграсонӣ шудааст. Дар ин ҳолат на танҳо тавлиди муҷаддади сармояи асосӣ, балки афзоиши он аз ҳисоби сарчашмаҳои дигар маблағрасонишуда бошад, ва шояд аз ҳисоби истеҳлоку фоидаи корпоратсияҳо анҷом гирифтааст.

Тадқиқотҳоимоисботкард, ки агархазинаиҳисобшудаиистеҳлок, масалан, дар соли 2007 саддарсад барои маблағрасониибунёдҳоиасосӣ истифода шуда бошад, дар он маврид таносуби маблағиумумии сармоягузориҳобоМаҳсулиНохолисиДохилӣ(МНД) 8,72 дарсадмешуд, кимаъноебаҳаминандоза харҷшуданиМНДбамаблағрасонии сармоягузориҳодонистамешавад. Бо далели навтарин набудани шинохти   сиёсати истеҳлокиро   метавон нишон дод. Соли 2018, масалан, дар ҶТ МаҳсулиНохолисиДохилӣ   61 млрд. сомонӣ мебошад. Мувофиқи омори расмии солҳои пешин 18 дарсад азМаҳсулиНохолисиДохилиро арзиши истеҳлокии бунёдҳои асосии кишвар ташкил медиҳад. Муаллифони   ҳамин сатрҳо аз 61 млрд. сомонӣ фақат 15 дарсадро ба таҳлил мегирем ва маблағи истеҳлокии дар назари мо коршиносон буда, 9,15 млрд. сомонӣ мешавад. Аммо, мутаассифона, дар ягон   ҳисоботҳо ва гузоришҳои давлатӣ вазоратҳо ҳамин далел бачашм намерасад. Ва аз хазинаи истеҳлокии ҶТдалели арёбишуда нест.

Маблағҳои њисобкардашудаи истењлокӣ ба арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ё харҷоти гардиш зам мешаванд. Суратҳисоби махсус «02 истеҳлокиҳисобшуда», масалан, дар «Нақшаи суратҳисобҳоиҶТ» пешбинӣмешавад, валена дар ҳама корхонаҳо баҳисобгирӣ ва назорат аз истифодаи маблағисуратҳисоби «02 истеҳлокиҳисобшуда» дида намешавад.

Истилоҳи «истеҳлок» (амортизатсия) дар бањисобгирї дар давоми давраи муайян на њамчун фарсудашавии табиӣ ва ё камшавии арзиши бозории дороиҳои шаклдошта, балки ҳамчун аз ҳисоб баровардани арзиши бунёдҳои фаъоли истеҳсолӣ дар давраи истифодаи фоидаовари онҳо, фањмида мешавад. Истилоҳи мазкур барои инъикос кардани раванди азҳисоббарории   арзиши бунёдҳои асосӣ ва чун хароҷот истифода мешавад.

Сиёсати истеҳлокӣ дар Тоҷикистон бояд қисми таркибии сиёсати иқтисодии давлат буда бошад, ки дар амал дида намешавад. Сиёсати истеҳлокӣ чун васоити муҳими таъсиррасонии давлат ба равандҳои дохилии иқтисодии кишвар ҳатман истифода шавад. Пеш азҳама, сиёсати истеҳлокӣ ба раванди таҳдидсозии бунёдҳои асосии истеҳсолӣ, суръати пешравии илмӣ-техникӣ, фаъолияти сармоягузорӣ ва тавассути онҳо ба самаранокии истеҳсолоти ҷамъиятӣ таъсиррасон бошад.

   Дуруст идора кардани сиёсати истеҳлокӣ истеҳсолкунандагони фановарӣ ва техникаи навро ҳидоятваҳавасманд мекунад, ки усулҳои нав ихтироъ намоянд. Сониян, суръати такмилёбии сифатҳои истеъмолкунандагии техникаи нав аз суръати истеҳлок бояд баланд бошад. Мувофиқи баҳогузории мавҷуда таҳҷизоти нав аз таљњизоти ивазшаванда бояд на кам аз 40-50 дарсад самарабахш бошад.

            Робита байни сиёсати истењлокӣ ва пашрафти илмӣ-техникӣ танҳо тавассути васоити татбиқи бароварди истехлоки босуръат назаррас мешавад, аммо чунин нуқтаи назар ба воқеият на ҳама вақт мувофиқат мекунад. Робитаи мутақобилаи сиёсати истеҳлокӣ ва пешрафти илмӣ-техникӣ на танҳо тавассути васоити татбиқи истеҳлоки босуръат, балки ба таври умум тавассути низоми меъёрҳои истеҳлок, инчунин тавассути низоми истифодаи баровардҳои истеҳлокӣ ба сифати сарчашмаи маблағрасонии сармояҳо ва самтҳои дигар ба амал оварда мешавад.

            Мафҳуми сиёсати истеҳлокӣ низоми чораҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда ва мақсаднокеро ифода менамояд, ки аз тарафи давлат дар самти азнавтавлидгардии моликияти истењлокшаванда ба амал оварда шуда, мақсади он фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ, такмили пешравии илмӣ-техникӣ ва татбиқи сиёсати иқтисодии давлат мебошад.

Дар фаъолияти корхона аз истифодаи маблағҳои бароварди истеҳлокӣ барои маблағрасони ин ё он лоиҳа дар дохили корхона, ки барои баланд кардани њосилнокии кор, камкунии дараҷаи заҳматталабии истеҳсолот, кам кардани арзиши аслии маҳсулот ва ғ. равона карда шудаанд, инъикос меёбад. Сатҳи истифодаи сармояҳои воқеӣ дар корхона нишондиҳандаҳои миқдорӣ (мутлақ) ва сифатӣ (нисбӣ)-ро муайян месозад. Ногуфта намонад, ки сармоягузориҳои аз истеҳлок маблағрасонишуда метавонад чунин самараи мутлақ дошта бошад:

- афзоиши ҳаҷми фурўши мањсулот;

- коҳиши хароҷоти истеҳсолот ва фурўш ;

- афзоиши фоида аз њисоби коҳиш додани хароҷот, такмили сифат, зиёд намудани њаҷми фурўши маҷсулот ва нархҳои фурўшӣ;

-озод кардани захираҳо (моддӣ, корӣ, молиявӣ ва ғ.

Мақсади сиёсати истеҳлокӣ ба миён овардани шароити мусоид барои тамоми ашхоси хоҷагидорӣ буда, азнавтавлидгардӣ ва навсозии бунёдҳои фаъоли ғайригардон, ҷонноксозии фаъолияти сармоягузорӣ ва афзоиши босуръати пешрафти илмӣ-техникиро дар назар дорад.

Сиёсати истеҳлокӣ васоити тавонои таъсиррасонии ҳукумат ба равандҳои иқтисодии баамалоянда ва идора кардани онҳо дар самти муайян маҳсуб мегардад, ки бояд бомаврид ба фаъолияти давлат пайваста бошад


  

Saturday the 27th. Душанбе 2014