ИМКОНИЯТҲОИ ИҚТИСОДИИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ - “Садои мардум”, 5.12.1993

Категория: Рушди МНД
28.03.2014

Истиқлолият ин шакли ҳуқуқгирифтаи озодии мардум аст. Як хирадманди аврупоӣ дар аввали асри XVIII гуфта буд, ки “Озодӣ ба ҳам мувофиқат доштани зарурият ва  имконият мебошад”. Яъне, истиқлолият ин пайвастагии диалектикии имконият ва зарурият аст. Вале даме, ки мо истиқлолият мегўем, аввал ибораи “имконият” ва сипас “зарурият”-ро бояд ба забон гирем. Ва ман мехоҳам аз имкониятҳое, ки истиқлолиятро пойгузорӣ мекунанд, чанд андеша иброз кунам. Ба фикри ман имкониятҳои истиқлолият аввалтар аз ҳама иқтисод, забон ва рушди илм аст.

Истиқлолияти Тоҷикистон имкониятҳои иқтисодӣ дорад? Бале, захираҳои зеризаминӣ дар қаламрави кишвар хеле зиёд аст. Аммо барои рўи даст овардани онҳо сармоягузории бузург бо омода сохтани техникаи наву технологияи ҳозиразамон зарур аст. Аз ин лиҳоз таҳким бахшидани истиқлолият аз ҳисоби захираҳои зеризаминӣ ҳанўз бармаҳал аст. Чунки ин имкониятҳо тадриҷан рўи кор меоянд.

Аммо бидуни захираҳои зеризаминӣ, имкониятҳои дигари иқтисодии истиқлолият мавҷуданд. Масалан, бигирем арзиши бунёди асосии ҷумҳурӣ, яъне арзиши фондҳои асосиро. Кумитаи давлатии омор мувофиқи қарори Ҳукумат кори азнавнархгузории фондҳои асосиро ба итмом мерасонад. Мувофиқи далелҳо арзиши фондҳои асосӣ 900 млрд. рубль ё тақрибан арзиши 10 ҳазор тонна тиллоро ташкил медиҳад. Ба ин маблағ агар 30-35 млрд. арзиши сохтумони нотамоми соли 1993-ро ҳамроҳ кунем, арзиши фондҳои асосӣ қариб ба 950 млрд. мерасад, яъне наздик ба як триллион. Бояд зикр шавад, ки ин ҷо арзиши манзил бо нархҳои то соли 1992 дарҷ гардидааст, яъне мувофиқи қарори Шўрои Вазирон алҳол тамоми манзиле, ки дар ҷумҳурӣ ҳаст, аз нав нархгузорӣ нашудаанд. Ҳамчунин ба арзиши фондҳои асосӣ амволу дороии шахсии мардум низ шомил намебошад. Бо назардошти он ки агар манзил низ аз нав нархгузорӣ шавад ва амволи дар ихтиёри мардум буда ба ин шомил гардад, метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон (бидуни захираҳои зеризаминӣ) асоси иқтисодии истиқлолияти ҷумҳурӣ ҳаст, вале онҳо бо пуррагӣ истифода нашудаанд.

Яке аз асосҳои истиқлолияти иқтисодӣ замин аст. Ҳоло майдони қобили кишт 4480 ҳазор гектар мебошад. Ба замми ин 4085 ҳазор гектар захираи замин мавҷуд аст, ки бо сабабҳои гуногун ҳоло наметавонем ба мафҳуми заминҳои қобили кишт ҳамроҳ кунем. Агар дар ҷумҳурӣ ақлу илм баробар ба кор андохта шавад, пас камбудиҳои иқтисодиро ба камзаминии Тоҷикистон мансуб донистан наметавон.

Самаранок истифода бурдани майдонҳои қобили кишт алҳол аз санъати идоракунӣ ва фарҳанги классикии мардум дарак медиҳад. Давраи Шўравиро айбдор кардан лозим нест. Соли 1913 дар ҳудуди кунунии Тоҷикистон 485 ҳазор гектар замини қобили шудгор буд, ҳоло бошад 814 ҳазор гектар, яъне дар давраи Шўравӣ замини ба осонӣ қобили шудгор буда қариб ду баробар зиёд шуд. Дар таркиби майдони киштзор заминҳои ба осонӣ қобили шудгор буда ҳамагӣ 18 – 19 фоизро ташкил медиҳад.

Албатта, аз ҳисоби майдони қобили кишт зиёд кардани заминҳои ба осонӣ қобили шудгор буда ё заминҳои обӣ ин кори саҳл нест. Лекин дар шароити Тоҷикистон имконият ҳаст, ки майдони боғу токзор 10 – 15 фоизи заминҳои қобили киштро фаро гирад. Дар ин кори хайр на танҳо Ҳукумат, балки бояд тамоми мардум камар банданд. Бо фароҳам шудани меваю ангур ғизои мардум рангоранг мешавад ва истеъмоли бештари нон, ки ҳоло ба чашм мерасад, як зина ақиб рафта, кўдакону ҷавонони солим ба воя мерасанд. Содироти меваю ангур ба дигар ҷумҳуриҳо зиёд шуда, Тоҷикистон метавонад арзи хориҷии зиёдеро ба даст орад.

Дигар пояи мустаҳкамии истиқлолият ба илм марбут аст. Ва омили рушди илм дар забон мебошад. Забон асоси эъломи истиқлолият буд. Вале забони мо ҳоло ба пояи зарурии коргузорӣ нарасидааст. Бо айби соҳибзабонон забони тоҷикӣ имкониятҳои худро барои поягузории илми ба истеҳсолоту сохтмон ва дигар ҷабҳаҳо марбутро рўи кор наовардааст. Биноан мо, тоҷикон дар рафти гуфтугўи технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ на фақат бо меҳмонони хориҷӣ, балки байни худ бо забони русӣ ё инглисӣ ҳарф мезанем. Ин ҷо давлат айб надорад. Мо худамон холабеғамем ва дар гуфтугў калимаву ибораҳои ғайрро бештар истифода карда, бо луғату фарҳангномаҳо кор намекунем ва зуд аз гуфтугў бо забони худ дар ин мавридҳо даст мекашем.

Ва яке аз сабабҳои мактаби сиёсатмадорони варзида надоштани Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамин аст. Бисёр масъалаҳои печ дар печро мо соддалавҳона мефаҳмем. Бо сабаби соддалавҳона дарк кардани ин масъалаҳо имкон дорад дар боби сиёсат, иқтисод, муносибатҳои байнидавлатӣ, истиқлолият, таҳкими низомия нуқсҳо ворид гардад.

Дар чорчўбаи истиқлолияти давлат инсон пеш аз ҳама аз худ бояд озод бошад. Яъне худро аз ҳама корҳои нодаркор озод нигоҳ дошта тавонад. Ва агар озодии ҳар як фард ҳамин тавр пиёда шавад, дар он сурат истиқлолияти миллат метавонад пояи коргузорӣ дошта бошад. Аммо дар асл ин тавр нест. Маълум, ки қариб ҳама одамон дар ин ё он зина бо идоракунии инсон машғул ҳастанд. Ба андешаи банда ба нисфи корҳои онҳо  зарурате нест. Ва ҳамин чиз ба таври кулл дар рафтори мо бештар ба назар мерасад. Ва решаҳои фоҷиаи миллати тоҷик низ аз ин ҷо об мехўрад.

На фақат дар вазоратҳо, балки дар макотиб, пажўҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотӣ низ корҳои нодаркор зиёд аст. Теъдоди зиёди мардуми мо фикр намекунад, ки ҳамин кори иҷро мешуда ба истиқлолият то чӣ андоза фоида мерасонад.

Паҳлўи дигари истиқлолияти миллӣ ин чашмсер будани мардум аст ва омили мушкилписанди давлат мебошад. Чунки аксарияти оилаҳо кори худро дуруст ҳисобида, бо ҳар роҳҳо ба ҳаҷми хеле зиёд гандум, орд ва маводи дигари зиндагиро захира мекунанд. Падару модар бояд ҳисси парҳезгориву чашмсер буданро дар ҳар фарзанд тарбия намоянд. Бўҳрони шадиде, ки мо паси сар мекунем, бештар ба хариду фурўши мол марбут аст. Дар тамоми давлатҳои мутараққӣ ба тиҷорат аҳамияти бузург медиҳанд. Мутаассифона, дар ҷумҳурии мо ин масъала чандон хуб ба роҳ монда нашудааст.

Агар хоҳем, ки асоси моддии истиқлолияти миллии мо мустаҳкам гардад, бояд тиҷоратро дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам берун аз он зери назорат гирем. Дар ин фаъолият чашмикордон будани мардум омили зарурӣ аст. Ба иртиботи ин мо бояд дар ботини корчаллону соҳибкорони хеш ҳисси истиқлолшиносии миллиро боло барем.

Monday the 9th. Душанбе 2014