СУХАН АЗ МОЛИКИЯТ “Ҷавонони Тоҷикистон” 24.08.1990

Категория: Рушди МНД
28.03.2014

Мафҳуми моликият хеле васеъ аст. Дар ҳар маврид бояд бидонем, ки нисбати чӣ ва кӣ мафҳуми моликиятро истифода мебарем? Яъне мафҳуми моликият нисбати ҳар субъект ҳар хел маъно дорад ва аз ин рў бо гузашти замон хулосаҳо гуногун бармеоянд.

Ба андешаи ман, саҳв аз назари парламентӣ нисбати моликият дар он аст, ки аввал дар доираи ҷумҳуриҳо ин қонунро баррасӣ накардему Иттифоқ қабул кард ва акнун мо бояд ба ин “мусиқӣ” рақси ҳеҷ вақт мукаммал омўхта нашавандаро ҳамҷувор мекунем. Аммо ҳар як миллату мардум моликиятро ба анъанаҳои худ мувофиқ мефаҳмад ва болои ин масъала якрангию якмаъногиро талқин кардан худаш алҳол фишор овардан ба истиқлолият мебошад. Ва агар мо дар ин қонун хато намоем, ҳама       баҳампечутобхўрии моликият ва чигил будани маънавиёти атрофи он метавонад масъалаи марзбандии моликиятро боз сарбаста созанд.

Моликият ва амволро бояд фарқ кард, агарчи амвол қисме аз моликият аст. Моликият  низ муқаддас мебошад, ба он маъно, ки вай ба замин, ба шуғл (кор) ва ба арзишҳои интеллектуалӣ пойдор аст. Аз ин ҷо рўи моликият саҳлангорӣ нашояд. Вақте ки пояи асосии моликият замин аст, мехоҳам як гуфтаи устод Садриддин Айниро хотиррасон кунам. Зимнан, ин суханро С.Айнӣ дар рўзи ҷашни кушодашавии Академияи улум, ки ҳар яки мо аз он бархурдор ҳастем, гуфта буд, ки “Тоҷикони кўҳнишин аз водиҳо ба пуштора бар сари кўҳ хок кашонда, ба рўи санг паҳн карда, дар вай гандум ё ҷав мекоштанд”.

Биёед бинем, ки дар Қонуни моликият чӣ навишта шудааст. Ва дар моддаҳои “ Моликияти умуииттифоқӣ ё моликияти ҶСШ Тоҷикистон” ё моддаи “ Моликият ба замин ва сарватҳои дигари табиӣ” нисбати замини ба моликият иртибот дошта саҳланкорӣ, носипосӣ содир шудааст. Масалан, дар Қонуни ИҶШС дар бораи моликият, моддаи 21 “Моликияти умумииттифоқӣ” чизе оид ба замин гуфта нашудаанд. Аммо дар лоиҳаи Қонуни ҶШС Тоҷикистон дар бораи моликият  мафҳуми моликиятро чигил намуда, қисми замин, объектҳои табииро низ ба моликияти умумииттифоқӣ мубаддал гаштанд. Савол пайдо мешавад, ки ин хушомадгўӣ ба кӣ лозим аст?

Агар фикр кунем ба ҳеҷ кас. Ва ин мазмун ўҳдадориҳои дар қонун зикршуда дар оянда ба кашмакашиҳои миллӣ меоваранд. Фикр мекунем саҳви дандоншикан, аммо ислоҳшаванда содир шудааст. Бояд андеша кунем, ки ин депутатии мо низ мегузарад, аммо барои таърих чизи омўхтанӣ гузорем, на таърихи ватанбозӣ. Бояд болои моликият садҳо бор андешид, ки вай бунёди ҳуқуқиро ёбад ва ҳамон тавре бошад, ки мо андешаи пас аз мо меомадагонро аз талош болои моликият сарбаста насозем.

Пешниҳод мекунам, моддае, ки дар лоиҳаи қонун “ Моликияти умумииттифоқӣ” ном дорад, ин тавр кунем “Амволи ИҶШС, ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва худмухтор” ва мазмуни модда чунин бошад, ки “ҶШС Тоҷикистон дар қаламравӣ худ ба ИҶШС, ҷумҳуриҳои мустақил ва худмухтор соҳиби амволи хеш буданро таъмин менамояд”.

Зикри он, ки роҳи оҳан, хати интиқоли барқ ва ҳоказо, ки мувофиқи лоиҳаи қонун дар бораи моликият моликияти умумииттифоқӣ ҳастанд, лозим нест. Ба кадом асос? Якум он, ки ҳамаи ин амвол болои замини мо, ватани мо ҷой шудаанд. Дуввум, барои созмон додани ин ҳама кору андешаю пешниҳодҳои халқи ҷумҳурӣ ба харҷ рафтаанд. Ба замми ин барои сохтмони он ҳама маблағи ҷумҳурӣ ба шакли поён будани нархи хариди ашё, маҳсулот ва ба гузаронидани пардохт ба буҷети марказ низ сарф шудааст. Пас чӣ тавр онҳоро моликияти умумииттифоқӣ мегўем?

Талаб мекунам, ки дар моддаи рақами 33, ки “ Моликият ба замин ва сарватҳои дигари табиӣ” ном дорад, қисми 2, яъне пункти 2 аз эътибор соқит дониста шавад.

Мехоҳам таваҷчўҳе ба сарасоси эҷоди моликият, яъне болои қадр намудани андешаи интеллектуалӣ оварам. Дар ягон нуқтаи башар, бидуни Тоҷикистон, ин тавр андешаи интеллектуалӣ камарзиш нест, фақат дар ватани мо чунин беэътиноӣ нисбати моликияти маънавию фикрӣ ба чашм мерасад. Бинобар ин олимон ва шахсиятҳои Тоҷикистон на ҳама вақт мақоми худро дар зинаҳои интеллектуалии ҷаҳон дарёфта метавонанд. Мо бисёр намунаҳо медонем, ки андешаҳои халқи Тоҷикистон на фақат дар риштаи мусиқӣ, меъморӣ, бостоншиносӣ, нажодшиносӣ, наққошӣ, назм, балки дар масъалаҳои сифр илмию техникӣ бо номукаммалии шеваҳои мубодилаи ахбор ба дигар ноиҳаҳо интиқол ёфтан ва боздеҳи яксар ба Тоҷикистон намеоранд. Аз ин ҷо саҳми Тоҷикистон ба захираи (сандуқи) интеллектуалии иттифоқ ва ҷаҳон кўчак аст. Мо худро то андозае нофарҷом мебинем, бо он сабаб, ки ҳоло натавонистем соҳиби тўшаи интеллектуалии хеш гардем. Ва доимо прогресси илмию техникиро дунбол мегирему ба вай намерасем. Ва мазмуни моддаи 4 лоиҳаи Қонуни мазкур низ ба талабот ҷавоб намедиҳад ва нуқта ба нуқта такрори Қонуни ИҶШС оид ба моликият мебошад.

Бинобар ин пешниҳод меорам, ки ба қонуни моликият моддаи махсус бо тозагӣ ворид шавад, ки онро “ Моликияти интеллектуали ҶШС Тоҷикистон” қаламдод кард. Ва моддаи мустақил сабти зайлро доро бошад: “Кашфиёту ихтироот, эҷоди техника ва технологияи нав, омода сохтани барномарезии тазминшуда ва МЭҲ ва методҳои бо тозагӣ дар табобати бемориҳо истифода мешуда, парвариши навъҳои нави зироат ва ҳайвон, дастовардҳои нави наққошӣ, мусиқӣ, муҷассамасозӣ ва бо таври умум истифодаи ахбори интеллектуалӣ, маънавию фикрӣ, ки дар сарзамини Тоҷикистон эҷод мешаванд, моликияти ҷумҳурӣ буда, мувофиқи муомила истифода хоҳанд шуд».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд, ки Умури танзими  моликияти зеҳнӣ созмон ёбад.

Аз идора: “Сухан аз моликият мўҳтавои нутқи Азимов Х дар давраи дуввуми иҷлосияи Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон мебошанд.

Sunday the 22nd. Душанбе 2014