Маҳсули Нохолиси Дохилӣ гаравгони ҳангоматалабон

Категория: Рушди МНД
06.11.2014

 

Маҳсули Нохолиси Дохилӣ (МНД) нишон­диҳандаи асосии стратегиест, ки воқеят ва рушди иқтисоди кишварро инъикос мекунад. Дар ҳар давра МНДмаҳсул (арзиши нав) –ро ифода мекунад, ки он самаранокии иқтисодиёт шинохта мешавад.

МНД нишондиҳандаи интиҳоӣ ва сарчашмаи афзалиятноки ғункунӣ мебошад, меъёри асосии самаранокии рушди иқтисодиёти ҷаҳон ва асоси муқоиса будааст, ки кишварҳо дар ду гурӯҳ баррасӣ гарданд: (1) рушдёфта; (2) дарҳолирушд.

Иёлатҳои Муттаҳидаи Америко (USА), Ҷопон, Шветсария, Люксембург ва Фаронса чанд сол ба ин тараф талош доранд, ки бо арзиши МНД ба ҳар фард дар панҷ зинаи аввали кишварҳои рушдёфта қарор гиранд. Дар кишварҳои номбурда арзиши МНД ба ҳар фард на кам аз $35 то $44 ҳазор доллар мебошад.

Кишварҳои дарҳолирушд

Агар арзиши МНД ба ҳар фарди кишвар соле аз $920 доллар[1] кам бошад, мамлакатро «дарҳолирушд» меноманд ва ин меъёрро Бонки Ҷаҳонӣ муқаррар карда аст. Мувофиқи карори комиссионҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) Ҷумҳурии Тоҷикистон(ҶТ) аз соли 1993   дар қатори кишварҳои дарҳолирушд мебошад, масалан, соли 2007 истеҳсоли МНД ба ҳар фард $520 доллар, соли 2011 - $846,2 доллар ва соли 2012 - $961,4 доллар буд[8].

Бонки Ҷаҳонӣ иттилоотро мунташир кард, ки соли 2012 дар Тоҷикистон истеҳсоли МНД ба ҳар фард $872,3 доллар ва поёнтарин байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳамон сол чашмрастарин МНД ба ҳар фард дар Туркманистон -$65510 долл. ва Қазоқистон -$12006 доллар дида мешавад. Ҳамин нишондиҳанда дар Ӯзбекистон -$1717 ва дар Қирғизистон - $1160 доллар будааст.

Мазмуни илмии МНД

Дар ҶТ мушкилиҳои дарк ва идора кардани МНД аз номукаммал будани номи ин нишондиҳанда низ вобастаанд.Чанд соли охир дар ҶТ ибораи « Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ» - ро ҳаммаънои русии «Валовой Внутренний Продукт » ё инглисии «GrossDomesticProust (GDP)» нишон медиҳанд, ки саҳви ҷиддӣ аст. Агар ибораҳои «Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ» бо русӣ ва ё инглисӣ баргардон мешаванд, дар он сурат маъно дар бораи маҳсулот мешавад, на маҳсул ва ба ном аз нишондиҳандаи иқтисоди замони шӯравӣ фарқ надорад.

Бо дарк гардидани маъно, дар ҷаҳони форсигӯён ҳамин нишондиҳандаи баррасимешуда «Маҳсули Нохолиси Дохилӣ» номида мешавад. Калимаи «нохолис» ба он асос ҷой дорад, ки дар охири соли ҳисоботӣ, аз МНД арзиши музди кор, кӯмакпулиҳои истифодашуда, бароварди истеҳлокӣ, маблағи молиёти пардохтшуда тарҳ мешавад, ки дар натиҷа «маҳсули холис» мемонад, агар сол бобарор буда бошад.

Дар баъзе расонаҳои иттилоотии ҷаҳонGrossDomesticProust-ро «тавлидоти нохолиси миллӣ» ном мебаранд. Баёни фаҳмиши илмӣ зарур, ки ба ивази «тавлидот» бояд «Маҳсул» гуфта шавад. МНД арзиши кори кормандони маориф, илм, тандурустӣ ва идора карданро низ дар худ дорад ва бояд, ки дар гуфтору амал ибораи «маҳсул» бошад, на «маҳсулот», ё «тавлидот». Аз Маҳсули Нохолиси Миллӣ (МНМ) бояд МНД –ро фарқ кард. Агар ба арзиши МНД бақияи мусбати содироту воридот кишвар зам гардад, аз натиҷа арзиши МНМ муайян мешавад.

Мушкилии дигари идора кардани МНД аз фаҳмиши моҳияти илмии он сар мезанад, чунки назарҳои илмӣ гуногунанд. Баъзе аз сиёсатмадорон ва иқтисодонон гуфтаанд, ки «МНД номгӯи ҳама молро ифода мекунад, ба истиснои оне, ки зиндагии моро рангин месозад… »[1/491]. ки гуфтори бо илм суфтанашуда мебошад.Дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус дар ҶТ фаҳмиши илмии сарсарӣ ҳукмфармост, ки «МНД –ин арзиши ҳама маҳсулоту хизматрасониҳои истеҳсолгардида мебошад»[2/15].

Дар 20 соли охир муаллифи ҳамин сатрҳо бо далел моҳияти илмиву амалиро исбот кардаааст, ки МНД - ин арзиши нав ба вуҷуд омада мебошад, ки дар рафти истеҳсоли маҳсулоту мол ва хизматрасониҳо дар ҳисоботҳои молиявӣ сабт гардидааст[3/66]. Масалан, дар ҶТ соли 2011 арзиши ҳама маҳсулоту мол ва ҳизматрасониҳои истеҳсолгардида 56,0 млрд. сомониро ташкил дод, вале арзиши МНД   30,1 млрд сомонӣ буд [4/85]. Арзиши 25,9 (56-30,1) млрд. сомонӣ маҳсули нав истеҳсолгардида намебошад, балки арзиши маводу ашёи солҳои пешин тавлидгардидаву дар соли 2011 мавриди истифода қарор гирифта мебошад, ки ба соҳибон пардохт гардидааст. Ва 25,9 млрд. сомонро қимати шуғли гузашта низ метавон номид.

Қобилияти харидории асъори миллӣ

МНД ба ҳар фард ҳисоб карда мешавад ва кишварҳои дунё бо ҳам аз сатҳи инкишоф муқоиса мешаванд ва ба ин омил МНД дар худ моҷаро (авантюризм)дорад.

   Бо арзиши МНД мақоми аввалро USА соҳиб аст, ки 20,45 дарсад аз иқтисод ҷаҳон аст. Дар даҳсолаи охир, дар ҳоле, ки Маҳсули Нохолиси Дохилӣ дар «ҷаҳони қадимӣ» андаке боло рафтааст, ин нишондиҳанда дар Чин ба таври чашмгир ва бо суръати бештар нисбат ба давраи баъдиҷангӣ афзоиш меёбад. Ва соли 2012 Чин мақоми дуввумро ба худ гирифт. Сипас аз ҳаҷми МНД Ҷопон, Ҳиндустон, Олмон, Британия, Русия, Фаронса, Бразилия ва Италия меоянд. Ҳиссаи Ирон дар МНД ҷаҳон 1,22 дарсад ва дар зинаи 17 қарор дорад.

 

Арзиши МНД мувофиқи PPP - Таносуби Қобилияти Харидорӣ, соли 2012

 

Номи кишварҳо

Иттилооти   мунташиркардаи ($млрд. доллар)

Сандуқи Байналмилалии пул

Бонки Ҷаҳонӣ

Китоби далелҳои Идораи   Марказии ИктишофӣUSА

USА

16245

16245

15660

Чин

12261

12269

12380

Русия

2486

3380

2555

Ирон

           988(с.2010)

               832(с.2009)

1016

Қазоқистон

229

230

232,3

Ӯзбекистон

104

105

           94,04 (с.2011)

Туркманистон

48,5

53,8

           41,51 (с.2011

Афғонистон

             33,8(с. 2011)

           46,5 (с.2012)

     30   (с.2011)

Тоҷикистон

17,6

17,6

           16,01 (с.2011)

Қирғизистон

13,1

13,2

             13,16 (с.2012)

Дар ҷаҳон

83193

86119

82747

 

Коршиносони Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар умурҳои сиёсӣ метавонанд дар асоси Purchasing power parity – PPP(Таносуби Қобилияти Харидории асъори миллии кишварҳо) арзиши МНД- ро низ муайян созанд, ҷадвал.

 

Маъно чунин аст, ки нархи бисёре аз моли ниёзи мардум дар ҳар кишвар дар як сатҳ нест ва муайян кардани Таносуби Қобилияти Харидорӣ имкон медиҳад арзиши моли истеъмолкардаи мардуми кишварҳо муқоиса гардад, ки мантиқ дорад.Масалан, дар Тоҷикистон нархи нон, сабзавот, мева, ангур, масолеҳи сотмонӣ(қум, хок, санг, хишт, об, бомпуш) ва дигар моли ниёзи мардум дар муқоиса ба дигар кишварҳои рушдёфта арзон мебошад. Ва дар муқобили як доллар ба 5 сомонӣ адади зиёдтари моли ниёзро харида метавонӣ.

 

Дуруст буд, ки Ҳукумати ҶТ дар соли 2012 арзиши МНД $7,68 млрд. доллар эълом кард[8]. Вале Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣбо доллар дар асоси ҳисоб кардани Таносуби Қобилияти Харидории  сомонӣ ба як натиҷа омадаанд, ки соли 2012 дар Тоҷикистон МНД $17,6млрд. доллар буд, ҷадвал[7]. Ва натиҷаи дигар он, ки $1 доллар баробари 2,0545 сомонӣ муайян гардидааст, вале на 4,73 сомонӣ, ки дар охири соли 2012 дар коргузории Тоҷикистон истифода мешуд.

 

Барои баъзе аз расонаҳои иктишофӣ ва иттилоотӣ мувофиқи Таносуби Қобилияти Харидории сомонӣ ва асъори хориҷӣ муайян сохтани МНД бештар таъиноти сиёсӣ дорад ва барои рушди иқтисоди кишвар мақоми мустақим надорад. Дар идора кардани иқтисоду зиндагии мардуми Тоҷикистон бояд бештар арзиши МНД аз ҷониби органи хукумати кишвар муайянгардида, мавриди истифода қарор гирад.

 

Арзиши ва таркиби МНД

 

МНД дар ҳар кишвар бо нархҳои бозаргонӣ ва қиёсӣ муайян карда мешавад. Аслан нархҳои қиёсӣ бакор гирифта мешаванд, ки арзиши МНД аз сатҳи таъсири камарзиши (инфлешин)-и пули миллӣ берун ояд. Пештар дар ҶТ арзиши МНД то соли 2005 ва баъд бо нархҳои соли зикргашта ҳисобӣ гаштаанд, ки дар натиҷа дар афзоиши МНД зумрае аз коршиносон далели ситоишро дарёфтанд.

 

Дар Тоҷикистон истеҳсоли МНД дар соли 2010 ҳаҷми 24,7 млрд. сомонӣ, соли 2012 -36,16 млрд. сомонӣ ва соли 2013 – 40,52 млрд. сомониро ташкил кард, ки бо нархҳои қиёсӣ мебошад[6/5; 8].

 

Мувофиқ иттилооти расми ҳукумати ҶТ соли 2013 афзоиши арзиши МНД 7,4 дарсад буд[5/2]. Се моҳ охир баҳсҳои касбӣ ва сиёсӣ аз арзиши соли 2013 МНД ба ҳар фард дар ҷараёнанд. Чанд умури давлатию касбї мегӯянд, ки ба ҳар фард МНД $1200 доллар мебошад ва шояд саҳви техникӣ дар миён бошад, ки мавриди муайян кардани ин рақам нархҳои бозаргониро ба асос гирифтаанд.

 

Мавриди изҳори далели илмии хешро дорам, ки соли 2013 истеҳсоли МНД ба ҳар фард $1020 долларро ташкил кард ва афзоиши он 16-17 дарсад дар муқобили соли пешин мебошад, агарчи болоравии арзиши МНД соли сипаригашта дар ҶТ 7,4 дарсад аст. Чаро? Суръати болоравии арзиши МНД тезтар аз афзоиши тедоди мардуми кишвар мебошад.

 

Моҳият ва пешгӯии МНД аз ҳар ҷиҳат бо таркиби он алоқаманд аст, яъне бояд донист, ки МНД аз кадом бандҳо иборат аст. На ҳама коршиносон воқифанд, ки аз нуқтаи назари стратегӣ МНД, масалан, дар ҶТ соли 2010 нишондиҳандаҳои (молиёт,музди кор ва соҳибкорӣ, маблағи истеҳлокӣ ва фоидаи умумӣ) вазни қиёсии зеринро ифода мекарданд:

 

1.Маблағи молиёт(17,16 дарсад) дар буҷети давлатӣ қисме аз МНД мутамарказонидашударо нишон медиҳад[9/19]. Кадом қисми молиёт дар буҷети давлатӣ мутамарказонида мешавад? Ин ҷузъи муҳимтарини сиёсати молиявист ва посухи нишонрасро тақозо мекунад. Агар ҳаҷми МНД дар буҷети давлатӣ камтар мутамарказонида шавад, дар он сурат маблағрасонии рушди соҳаи иҷтимоӣ нокифоя мешавад ва ақидае гиреҳ мехурад, ки мақомотҳои давлатӣ гирифтори ришваситонӣ (коррупсия) гардидаанд;

 

2. Музди кор ва соҳибкорӣ - 21,86 дарсад будааст. Маблағи пардохти музди кор, фаъолият (сандуқи музди кор, кӯмакпулиҳо, даромад аз соҳибкорӣ ва ғайра) муҳимтарин қисми таркибии МНД мебошад ва ин нишондиҳандаҳои молиявӣ бояд афзоянда бошад, чунки маблағи онро дар таркиби МНД дар ҳар давра пешгӯи ва муайян намудан мушкил надорад;

 

3. Маблағи бароварди истеҳлокӣ( хароҷоти истифодаи сармояи асосӣ)28,5 дарсад аз МНД буд. Коршиносон бояд тамоми малакаро ба он равона созанд, ки маблағи бароварди истеҳлокӣ дар ҳар соли тақвимӣ мақсаднок (барои маблағрасонии сармоягузориҳои нав) истифода гардад. Њар моҳ истифода кардани маблағи истеҳлокӣ, ки арзиши нав ба вуҷуд омада аз истифодаи сармояи асосӣ мебошад, барои маблағрасонии техноложии нав бисёр муҳим аст, ки дар Тоҷикистон аз ин боби иқтисод далеле пахш намегардад;

 

4. Фоидаи умумӣ 32,48 дарсад азМНД буд[9/19]. Ҳаҷми саҳеҳи фоидаи дар кишвар ба дастомадаро пешгӯӣ намудан осон нест. Як қисми фоида чун молиёт воридгашта, қисми дигари он дар шакли музди кори иловагӣ, подош муқаррар ва манбаи маблағрасонӣ мегардад.

 

Масъалаҳои истехсолу истифодаи Маҳсули Нохолиси Дохилӣ дар Тоҷикистон печида мегардад аз он ки дар таркиби он ҳиссаи фоидаи умумӣ баланд мебошад ва ба ин омил коршиносон аз афзоиши Маҳсули Нохолиси Дохилӣ нигаронанд. Дар Тоҷикистон мақсади бештар будани суръати афзоиши музди кор аз фоидаи умумӣ амалӣ гардад. Мавриди зикр аст, ки ҳар семоҳа, сол камарзишӣ ҳисоб ва эълом мегардад, вале ҷубронпулӣ намедиҳанд, аммо корфармоён, буҷети давлатӣ ва сандуқи бознишастагон бояд ҷубронпулиро пардохт кунанд, агар сатҳикамарзишӣ аз 2 дарсад боло бошад.

 

Аз ин чор банди таркибии МНД чунин маъно бармеояд, ки иқтисод, дар давраи маблағрасонии сармоягузориҳо, ба инсон нигаронида мешавад, вале натиҷа ба малакаи касбии ҳукуматкунандагон, вазирон ва сармоягузорони кишвар алақомандии яксар дорад. Дар ҳама сохторҳо МНД нишондиҳандаи рушд мебошад, аммо дар ҳеҷ кадоме пажуҳиши истеҳсол ва истеъмоли он анҷом дода намешавад. Вале андешаҳои нишонраси баъзе пажуҳишгарони сарсупурдаро чун дастоварди худ истифода мекунанду соҳибандешаро бо дасти муҳит ба вартаи коршиносони гумгашта дар Ватан меандозанд, ки банда аз зумраи онҳо њастам.

 

Пажуҳиши ба танҳої анҷом медодаам сари сукут маро меорад, ки МНД дар бисёр мавридҳо,мутаассифона, гаравгони ҳангомталабон мегардад. Такдирсозон намеандешанд, ки матлаби асосӣ аз ҳисоб кардану гуфтанҳо аз МНД чӣ бошад? Бо кадом олотдастҳои молиявӣ, масалан, маблағи истеҳлокӣ ва фоидаи умумӣ ( банди 3 ва 4 аз таркиби МНД) ба манфиати тамоми мардум истифода мешавад(?), ки дар соли 2010 ҷамъ 15042 млн. сомониро ташкил кард ва аз он танҳо 1208,3 млн. сомонӣ барои маблағрасонии сармоягузориҳои асосӣ, ки 4669,36 млрд. сомонӣ буд, истифода гаштааст. Маблағрасонии дигар ҳиссаи сармоягузориҳои асосӣ аз буҷети давлат -1677,4 млн. сомонӣ ва сармояи хориҷӣ -1783,7 млн. сомонӣ анҷом гирифт, дар ҳоле ки ҳамон сол дар кишвар 92 дарсади маблағи истеҳлокӣ ва фоидаи умумӣ боздеҳнадиҳанда ва гумгашта дар дарёи молия монд.

 

Маблағи 15042 миллион сомонӣ бароварди истеҳлокӣ ва фоидаи умумӣ идора намешуда, ки яке аз омили илмии гарон будани нархи моли ниёзи мардум, бахусус качолу буда бошад. Зимнан, ба иллати беандеша аз буҷети давлатӣмаблағрасонии сохтмони пружаҳои ғайриистеҳсолӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии аз он бармехеста, мисли дигар кишварҳо, маблағрасонӣ намегардад, агарчи мувофиқиҚарордод байни Тоҷикистон ва Ташкилоти Тиҷорати Байналмилалӣ кишвари мо ихтиёр дорад барои рушди кишоварзӣ ҳар сол $183 миллион доллар ёронаҳои молиявӣ пешбинӣ намояд. Душанбе, 14/05/2014

 

  1. Менкью П.Г. Принципы экономики. Перевод с английского. С.П. Москва –Харьков - Минск, 1999.
  2. //Вестник Национального Банка Таджикистана. Научно –информационный журнал. Душанбе. 2001. №5(30).
  3. Азимов Х. Ганҷковӣ (Ищущие таланты). Некнигорӣ. Душанбе: Нодир. 2003. С.66
  4. Азимов Х. О механизмах макроэкономической стабилизации. Паёми Донишгохи миллии Тоҷикистон. Маҷаллаи илмӣ.Душанбе.2013. 2/6(120).
  5. //Послание президента Маджлиси оли РТ. Народная газета. Душанбе. 2014. 30 апреля
  6. //Банковский статистический бюллетень НБТ. Душанбе.2013/9. (218). С.3-5
  7. www. GDP(PPP ). Список стран по ВВП. 2014. 8 февраля
  8. www. Сайт Гостатагенства. 2014.
  9. Муаллиф њисоб кардааст. Асос: Национальные счета Республики Таджикистан. TAJSTAT. Душанбе. 2012.

 



$ - аломати кутоҳшудаи доллар- пули миллии USА

 

Sunday the 22nd. Душанбе 2014