Сармояи пурҳаросу ҷиноятовар

Категория: Рушди МНД
06.11.2014

Сармоя аз додзаниву таҳқир мегурезад ва аз набудани фоида дар ҳарос мебошад. Фоида дар ҳоли омадан бошад, сармоя сахтгир мегардад, Джозеф Даннинг, драматурги Британия гуфта буд, ки агар «даромад 100 дарсад будӣ, сармоя ҳама қонунҳои инсониро зери по мегардонад, - 300 дарсад бошад, ҳеҷ ягон чинояте нест, ки сармоя содир намекарда бошад».

Сармоя – категорияи илмии абадулабад аст, ки ҳузурдошта дар ҳама замон барои ҳама давлатҳо ва мардум мебошад. Агар дар кишвар пешравии иқтисодӣ ба чашм нарасад, маъно ҳамон аст, ки мақоми сармоя хуб ва ба манфиати ҳамагон ба амал напечид.

Сармоя пешпардохте    мебошад ба ду намуд:

1) гардишёбанда (ҷорӣ), ки дар ҳар давра бояд ҷуброн шавад. То солҳои 80-уми асри ХХ аз захираи масолеҳ, гандуму орд, биринҷ, қанду мавиз, базри зироат ва ѓайра ибора буда бошад, дар ин замон асоси сармояи гардишёбандаро захираи тиллову асъори хориҷӣ ташкил медиҳад;

2) сармояи асосӣ (мошин, экскватор, таҷҳизот, бинову хона, корхонаву коргоҳ, хатти технологӣ, обанбору иншоотҳои барқдиҳанда, майдони ангурзору боѓ, подаи говҳои ширдеҳ, гусфанду буз, ҳамчунон компютер, тилфони мобилӣ, дастгоҳи нусхабардор, пружаҳои ѓайриманқул ва ѓ.), ки дар ҷаҳони форсизабонон бунёдҳои асосӣ низ мегӯнд.

Ногуфта намонад, ки тамоми қудрати иқтисодӣ, ҳарбӣ ва сиёсӣ аз мақому навсозии сармояи асосии кишвар вобастааст.    

Пешпардохти андешидашудаи сармояи асосӣ имкони дигаргунсозии фаъолияти кишоварзӣ, саноатӣ, тиҷоратӣ, асъорию молиявӣ ва технологиро ҳамвор мегардонад, ки рушди самаранокии иқтисод мешавад ва ҳамчунон бехартарии давлати миллиро таъмин месозад.

Маблаѓрасонии (финансирование) сармояи асосиро бояд кордон моҳирона анҷом диҳад, то дороиҳо сарфи ҳадафҳои андешагардида бошанд.

Таҳлил нишон дод, ки дар охири соли 2011 нисбати соли 2005 дар Тоҷикистонарзиши сармояи асосӣ 4,48 маротиб афзуд ва 33 млрд. сомонӣ буд, ки 25,3 дарсади он дар соҳаи саноат амал мекард, 2,7 дарсад –дар иншоотҳои энержӣ ва 4,2 дарсад дар кишоварзӣ буд (ногуфта намонад, ки ба ин омор арзиши подаи говҳои ширдеҳ, бузу гусфанди дар кищвар буда ҳамроҳ нагаштааст).

Ва мазмун аз омор чунин аст, ки қариб 60 дарсади сармояи асосии Ҷумхурии Тоҷикистон аз иншооотҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратӣ иборат мебошад ва аз заиф будани технология ва корхонахои молистеҳсолкунанда дарак медиҳад. Нодидагири аз он аст, ки дар ягон корхона, ширкат ва дар сатҳи давлат далеле аз баҳрагирӣ (даромад) аз сармояи асосӣ муайян ва чоп намешавад, вале амалиётҳои хеле арзон хусусигардонӣ, ѓасбкунӣ, оташзанӣ, валангору решакан кардани сармояи асосӣ дар кишвар буданду ҳастанд..

Асли масъала на дар нокифоягии манбаъҳои пулӣ, балки аз набудани раванди андешишудаи маблаѓрасонии сармояи асосии бакорандохтамешуда мебошад, ки аввал бо истифода аз маблаѓи бароварди истеҳлокӣ бояд сурат гирад.

Бозпардохти сармояи асосӣ

Бунёдҳои асосӣ, ки шакли физики сармои асосӣ мебошанд, дар раванди истеҳсолот муддати тӯлонӣ ширкат меварзанд, дар ин ҳангом онҳо шакли асосии худро нигоҳ медоранд, вале мунтазам афсурда ва истеҳлок мегардад, ки маънояш бозпардохт кардан аст. Сармояи асосӣ арзиши худро тӯли чанд сол ҳисса-ҳисса, чун бароварди истеҳлокӣ ба нархи молу маводи истеҳсолшуда ва хизматгузориҳо мегузаронад, ки дар чаҳон яке аз услуби худгардонии молиявии корхона медонанд.

Афзоиши Маҳсули Нохолиси Дохилӣ (МНД) аз худ вобастагии бакорандозии сармояи асосии кишварро муқаррар месозад. МНД - ин арзиши нав ба вуҷуд омада мебошад, ки дар рафти истеҳсоли маҳсулоту мол ва хизматрасониҳо дар ҳисоботҳои молиявӣ сабт шудааст ва меъёри асосии самаранокии иқтисодиёт дар ҷаҳон мебошад. Гирди МНД дигар ҳама олотдастҳои молиявию бонкӣ ва технологӣ давр мегарданд.

Ва қисме аз МНД аз маблағи бароварди истеҳлокӣ, яъне арзиши истифодашудаи бунёдҳои асосӣ, иборат мебошад. Роҳбарон дар ниҳояти кор бояд тамоми малакаро ба он равона созанд, ки маблаѓи бароварди истеҳлокӣ дар ҳар соли тақвимӣ мақсаднок, барои маблаѓрасонии технологияиҳои наву навтарин истифода шавад. Вале дар ҶТ ҳамин андешаи иқтисоди классикӣ риоя намешавад.

Раванди нофаринҷор дар ҷараён, ки дар ҳоли аз ҷониби ҳукумати ҶТ вогузор гаштани имтиёзҳои молиётсупорӣ, илм тадриҷан дар корхонаҳо афзоиши манбаъҳои худии маблаѓрасонии сармояи асосиро намеёбад ва ин масъала, шояд, ба дигар омил гиреҳхурда   бошад.

Масалан, омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ҶТ сармоягузории асосии санадшудаи соли 2008 худуди 10,3 дарсад, соли 2010 – 10,2 дарсад ва соли 2011 -7,3 дарсад аз Маҳсули Нохолиси Дохилии кишвар буд. Агар раванди коҳиш идома ёбад, бозсозии технологияи иқтисоди мамлакатро метавонад маҳдуд гардонад.

Зимнан, метавон аз ин роҳ ва бо истифода аз гузориши(10,3 ва 7,3 дарсад) бачопрасонидаи Умури омори Ҳукуматии ҶТ, маблаѓи истеҳлокии аз бунёдхои асосиӣ баровардамешударо муайян кард, ки

соли 2010   ((24707,1*10,3)/100) - 2544,83 млн. сомонӣ ;

соли 2011 ((30069,1 *7,3)/100) – 2195 млн. сомонӣ мешавад. Ва рақамхои 10,3 ва 7,3 дарсад то ҷое тахминзаниҳои Умури омори давлатӣ мебошад, чунки ҳеҷ кадом ҳуҷчате, ки ба органҳои омор пешкаш гаштаву онҷо далел аз истифодаи маблаѓи истеҳлокӣ буда бошад, вуҷуд надорад.

Зикри далел бамаврид, кимувофиқи Системаи Ҳисобрасиҳои Миллӣ(Система Национальных Счетов –СНС)маблаѓи бароварди истеҳлоки истехсолгардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзиши бозаргонии МНД:

соли 2010 - 6050,6  млн. сомонӣ;

соли 2011 -8598,2 млн. сомонӣ будааст.

Дар гузориши дигар омадааст, ки масалан, соли 2010 барои маблаѓрасонии сармоягузориҳои асосӣ 1208,282 млн. сомонӣ манбаъҳои худӣ, ки қисми умдааш маблаѓи истеҳлокӣ мебошад, истифода шуда буд.

Тадбир касбӣ мебояд

   Дар се гузориш як умури давлатӣ доир ба масъалаи аз ҳисоби бароварди истеҳлокӣ маблаѓрасонии сармоягузориҳои асосӣ, масалан, дар соли 2010 се рақам (2544,83, 6050,6 ва 1208,282 млн. сомонӣ) метавонад мавриди бакоргирӣ бошад. Ногуфта намешавад, ки дар доираи кишвар иттилоот аз маблаѓи бароварди истеҳлокӣ гирдовардаву коркард намешавад, ва ба ин сабаб омори расмӣ (ба истиснои 1208,282 млн. сомонӣ) саҳеҳ нест.

Ҳамчунон наметавон омори (6050,6 млн. сомонии) аз Системаи Ҳисобрасиҳои Миллӣ бармеомадаро нодида гирифт, чунки он бозсозии бунёдҳои асосии дар доираи тақозои илму технологияи замон анҷомнагирифтаро нишон медиҳад. Чаро? Таҳлил нишон медиҳад, ки соли 2010 маблаѓрасонии сармояи асосии аз корхонаву вазоратхонаҳо 25,9 дарсад (ё 1208,282 млн. сомонӣ), аз буҷети давлатӣ - 36 дарсад (ё 1677,37 млн. сомонӣ) ва аз маблаѓи хориҷиён - 38,1 дарсад (ё 1783,713 млн. сомонӣ) анҷом гирифтааст, дар ҳоле, ки фақат маблаѓи бароварди истеҳлокии дар ҷараёнбуда аз 6 млрд. сомонӣ зиёдтар буд.

Медонам, ки ин ҳаҷм маблаѓи нақдиро дар давоми соли гирдовардану барои маблаѓрасонии сармоягузориҳои асосӣ сафарбар кардан кори сангин аст. Аммо фахмиш ва кушиш аз бакорандозии ҳамин чархи худгардони иқтисодӣ дида намешавад. Наход хукумати иҷроия то ба ин сатҳ ба сармоягузориҳои асосии давлатӣ, ки баъзе қисмаш мавзеи ҷиноятзо мегардад, бепарво мебошад, ки аз истифодаи самараноки маблаѓи истеҳлокӣ- худгардони молиявии иқтисоди кишвар пурсон намешавад?  

   Зимнан гуфта шавад, ки барои буҷеткунонии ҳазор сомонӣ, интикол додан ва назорат кардани он чанд нафар дар чанд умури давлатӣ вазифадор ҳастанд, вале миллиардҳо сомонӣ аз МНД, бахусус қисми калони маблаѓи истеҳлокӣ бесарусомон давр мегарданду рӯз андар рӯз табдили иқтисоди истеҳсолиро ба иқтисоди истеъмолӣ бебозгашт метезонанд, ки натиҷа рукуди моли ба дигар кишварҳо содир мешудаву захираи асъори ҳориҷӣ, камарзишии сомонӣ ва шикасти чанд ҳазор шуѓли андешидашуда мебошад.

Дар ин маврид бепарвогии чанд умур низ мушоҳида мегардад. Таҳсилкардагон, коршиносон медонад, ки маблаѓи бароварди истехлокӣ, ки мувофиқи хусусиятҳои иштироки бунёдҳои асосӣ дар раванди фаъолият муайян гардидаву ба арзиши аслии махсулоту хизматрасонии тавлидшаванда замкарда мешаванд, дар асоси муқарроти Кодекси андоз аз фоидаи молиётбандмешудаи корхона, тарҳ мешавад.

Касе, муттассифона, напурсад, ки маблаѓи истеҳлокӣ кучо рафт? Тадбири касбӣ зарур, ки Кумитаи молиётситонии кишвар ҳар резидентро вазифадор гардонад, ки дар «Ҳисоботи фоида ва зарар» иттилооти истифодаи максадноки маблаѓи истеҳлокиро нишон диҳад. Ва ҳар резидент дар семох ба зерсохторҳои Умури давлатии омор «Ҳисоботи фоида ва зарар»-ро пешкаш созад, ки ҳукумати кишвар воқиф аз ҷараёни истифодаи сармояи асосӣ бошад. 14/09/2014

Monday the 9th. Душанбе 2014