Камарзишии пули миллӣ - омили хавфи молиявӣ
1. Пайдоиш ва мафҳуми илмии камарзишии пули миллӣ
Камарзишӣ то ба ин давра механизми чандон даркнашаванда ва ҳатто воқеаи сарбастаро мемонд.
Эзоҳномаи илмии . Тарзҳои идоракунии молиявӣ гуногунанд ва мушкилписандтарин аз онҳо камарзишӣ мебошад, ки бо русӣ «инфляция», арабӣ – форсӣ «тавваррум» ном мебаранд. Замоне, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Ҷумҳуриятҳои Сосиалистиии Шуравӣ (ИҶСШ) шомил буд, ҳамин навтарин тарзи идора кардани молияро « беқурбшавӣ» мегуфтаннд.
Аз соли 2007 –ум дар ҶТ барои баёни матлаб ибораи тавваррумро ба кор мегиранд, ки дар Ирон солҳои зиёд мавриди истифода қарор доранд. Маълум аст, ки калимаи арабии «таваррум» маънои варам кардан, яъне дастаи пули сатҳаш ( ба иллати афзоиши нархи молу маводҳо) болораванда барои харидории молу хизматҳо мебошад. аммо дар замони мо шеваи дар менедҷменти ҷаҳонӣ маъмули «инфлейшин» маънои аз «таваррум» бармеомадарро надорад.
Кам шудани арзиши пули миллӣ дар муқобили асъорҳои хориҷӣ бештар ва хубтар маънои « инфлейшин»-ро инъикос мекунад. Масалан, солҳои аввали дар муомилот ворид шудани сомонӣ, ба як сомонӣ кас метавонист панҷ дона нони тоҷикӣ ба даст оварад, вале хозир ба як сомонӣ факат як нон метавон харид. Бино ба ин омил наметавон «пул варам» кард гуфт, ки бо истифода аз ибораи «таваррум» ба кор гирифтаанд. Камарзиширо набояд фақат бо омили дар муомилот зиёд шудани пул вобаста донист, ки аз он ибораи арабии «таваррум» маъно гирифта аст. Калимаи сирф форси тоҷикии «беқурбшавӣ» - ро низ наметавон мавриди истифода қарор дод, чунки ибораи «бе» маънои ба тамом нобуд будан, арзиш надоштанро мефаҳмонад.
Дар асл пули миллӣ (сомонӣ) дар муқобили асъори хориҷӣ арзишаш коҳиш ёфтааст ва метавонад коҳиш ёбад. Аз ин ҷо пешниҳод мешавад, ки дар илм, дар раванди идора кардани иқтисоду молия ибораи камарзишӣ мавриди истифода қарор гирад. Яъне камарзишии сомонӣ дар муқобили доллар ($), Евро ва дигар асъори хориҷӣ. Дар ин китоб ҳам ибораи «камарзишӣ» дар ивази «таваррум» истифода мешавад.
Камарзишӣ - тарзи навтарин идоракунии молиявӣ мебошад. Соли 1978 дар ҷаҳон асоси моддӣ – тиллоии пули миллии кишварҳои ҷаҳон барҳам хурд ва аз аввали солҳои 80 асри ХХ –ум нишондиҳандаҳои ба камарзишӣ вобаста, ҳисоб карда мешаванд, ки як шохаи илми идоракунии молиявӣ мебошад.
Камарзишӣ нишондиҳандаи макроиқтисодиест, ки ҳолати иқтисодии кишварро муайян карда, шаҳодат медиҳад, ки азнавтақсимкунии як қисми сарвати он қобили қабули ҳамагон нест. Пурсишҳои ҷомеа, зеҳндорон нишон доданд, ки камарзиширо ба ҷойи аввали афзалиятҳои идора кардани давлат мебинанд. Баъзе аз роҳбарон, ки паҳлуҳои идора кардани онро дуруст намедонанд, камарзиширо « аждари (золими) иқтисодӣ» мешуморанд.
Иддае аз коршиносон камарзиширо мутлақо воқеаи монетарӣ меҳисобанд. Бинобар ин ҳукуматдорон сиёсати кам кардани шумори пули дар муомилот бударо омили асосии паст овардани сатҳи камарзишӣ медонанд. Ба ин далел нишондиҳандаи бо пул (сомонӣ) таъмин будани иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қиёс бо дигар кишварҳо дар зинаи паст ҷой дорад ва дар ҳоле, ки андозаи камарзишӣ қариб ҳар сол 8-12 дарсад ва ҳатто болотар мебошад. Муаллифони китоб андеша доранд, ки танҳо баровардани пул (сомонӣ) ба муомилот – омили боло рафтани камарзишии пули миллӣ нест.
Гурӯҳи дувуми иқтисодонон камарзиширо вайронкории иқтисодӣ донанд, коршиносони дигар паст (маҳор) кардани камарзиширо афзалияти мутлақи сиёсати иқтисодӣ мепиндоранд. Пажуҳишҳои муаллифон собит карданд, ки камарзишии пули миллӣ тавассути омилҳои дигар низ боло меравад, бахусус:
- афзоиши хароҷоти давлатдорӣ;
- афзудани харҷи истеъмолии шаҳрвандон;
- фишори монополизм ба доираи фаъолияти риштаҳои иқтисод;
- аз аввал самаранок набудани сохту таркиби иқтисоди кишвар;
- ҳамчунин интизориҳо аз болоравии сатҳи камарзишии пули миллӣ, ки тадриҷан ба нархи молу хизматҳо таъсир мерасонад.
Андешаи илмии ба амал пайвастаи муаллифон собит месозад., ки камарзишӣ таъсири мусбатро низ дорад. Аввал, камарзишӣ омили муайян ва бартараф кардани таркибҳои (сохторҳо) номувофиқ дар иқтисодиёт мебошад. Камарзишӣ шохаҳои ноҷури иқтисодиро бартараф сохта, сармоягузорро водор мекунад, ки роҳҳои дигари пешбурди иқтисодро интихоб кунад.
Дувум, камарзишӣ амалҳои амонатдориро ва андӯхтани пулро арзон мегардонад. Аз ин ҷо, камарзишӣ ҳавасманд мегардонад, ки хариди таҷҳизот, технология ва масолеҳи нав сармоягузорӣ шавад, чунки арзиши истеъмолии онҳо аз таъсири камарзишӣ поён намеравад. Савум, норасоии тедоди пулро, ки тавассути боло рафтани нархи мол ба вуҷуд меояд, камарзишӣ пурра ( ислоҳ) мекунад.
Бино ба мақомҳои номбурда, камарзишии пули миллӣ – ин тадбири пурқудрати на фақат болоравии ноҷуриҳои иқтисод, ҳамчунин бартарафкунандаи онҳо мебошад. Дар нишондиҳандаи камарзишии пули миллӣ,- чун оинаи сеҳрнок,- ҳама паҳлуҳои дар иқтисодиёти кишвар ҷараёндошта, аён мешавад, ки камбизотии мардум яке аз онҳо мебошад.
Болоравии камарзишии пули миллӣ, - чун ҳарорати баланди тани одам, - иқтисодиётро ба ҷараёни самаровар ва дуруст сафарбар мегардонад.
Нишондиҳандаи камарзишӣ (Ка) мувофиқи муодилаи зерин муайян мешавад: Ка =(ДМНД-1)*100%.
Ин ҷо ДМНД- дефлятори МНД. ДМНД таносуби МНД бо нархи бозорӣ ба арзиши МНД бо нархҳои доимӣ мебошад, ки маънояш ҳаҷми МНД –ро аз таъсири камарзишӣ берун овардан аст.
Ба таври умум, сатҳи камарзишии пули миллӣ як қисми фоидаи аз истеҳсоли молу хизматрасонҳо бавуҷудомадаро, ифода мекунад, ки берун аз доираи меёрҳои молиётситонӣ мондааст. Рӯзномаи «Народная газета» иттилои Ҳукумати ҶТ ба табъ расонд, ки тибқи он дар соли ҳисоботӣ ННИ - Намояи Нархҳои Истеъмолӣ 105,7%-ро ташкил кард, ин чунин маънӣ дошт, ки камарзишӣ дар соли ҳисоботии ҶТ 5,7 дарсадро ташкил намуд.
Дар қисми зиёди кишварҳои ҷаҳон дар давоми сол сатҳи муқарраргардидаи нархҳои истеъмолӣ ҳамчун сатҳи камарзишӣ қабул карда мешавад. Вале аз рӯйи натиҷаҳои сол сатҳи камарзишӣ бо истифода аз нишондиҳандаи МНД бояд ҳисоб карда шавад.
Маълумоти расмии пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми МНД 6157,6 млн. сомониро ташкил кард ва он нисбати соли пешин 10,56 дарсад афзуд. Бо нархи доимии(қиёсшаванда) МНД маблағи 5260,5 млн.сомониро ташкил дод. Дар соли пешин ҳаҷми МНД 4757,8 млн. сомонӣ буд.
соли қиёсшаванда |
соли ҳисоботӣ |
соли ҳисоботӣ |
|
МНД бо |
ба соли қиёсӣ |
||
нархи бозорӣ, млн. сом |
4757,8 |
6157,5 |
1,294 |
нархи доимӣ, млн. сом. |
4757,8 |
5260,5 |
1,1056 |
Ҳаҷми пул, млн. сом. |
|||
дар аввали сол |
1170,58 |
1300,18 |
1,1107 |
дар охири сол |
1300,1 |
1791,5 |
1,3782 |
ба ҳисоби миёна |
1236,34 |
1545,9 |
1,2514 |
Дефлятори МНД-ро меёбем, ки баробар ба 1,1704 (6157,5/5260,5). Ҳамин тавр, сатҳи камарзишӣ дар соли ҳисоботӣ 17,04 дарсад (1,1704-1)*100%-ро ташкил дод. Дар ҳисоботҳои расмии ҳукумат омада буд, ки қамарзишӣ дар соли ҳисоботи дар ҳаҷми 5,7 дарсад ба назар мерасид, вале мувофиқи тарзи ҳисоби мазкур ҳаҷми он 17,04 дарсадро ташкил медод.
Услубҳои мантиқӣ-математикии таҳлили сатҳи дақиқи дефлятор мавҷуданд. Бо ин мақсад механизмҳоеро, ки бо ҳаҷми пул алоқаманданд, истифода кардан мумкин аст.
Соли заминавӣ |
Соли ҳисоботӣ |
3,851 (4757,8 /1236,34); |
3,983 (6157,5/1545,9) |
Зариби афзоиши гирдгардиши пул дар соли ҳисоботӣ бар хилофи соли заминавӣ 1,0343 (3,983/3,851)-ро ташкил намуд. Дефлятор дар натиҷаи зарб задани афзоиши ҳаҷми пул ба афзоиши суръатнокии гардиши пул ва тақсим намудани натиҷаи он ба афзоиши ҳаҷми воқеии МНД ба нархи доимӣ муайян мешавад: 1,1704 ((1,25:4*1,0343):1,1056). Ин тарзи ҳисобкунии камарзишӣ дар соли ҳисоботӣ ҳолати воқеиро ҳақиқатнигорона инъикос мекунад. Дар натиҷаи истифодаи услуби мазкур камарзиширо бар хилофи маълумотҳои ҳукуматӣ барои соли дигар (=9,2 дарсад) ҳисоб кардан мумкин аст.
2. Камарзишӣ - омили хавфи хатарнок
Идоракунии камарзишӣ бо омилҳое, ки ба сатҳи он таъсир мерасонанд, ба амал бароварда мешавад. Дар қисми зиёди кишварҳои дунё нархи захираҳои энергетикӣ омили муайянкунандаи камарзишӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бо мақсади идоракунии самараноки камарзишӣ ҳукумати ҳар як давлат, пеш аз ҳама, бояд нархи захираҳои энергетикиро муайян кунад, танҳо пас аз ин дар бораи камарзишии пешбинишаванда чизе гуфтан мумкин мешавад.
Қобили қабул аст, ки маҷмӯаи знергетикӣ дар барномаи чораҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати ҶТ ва Президенти кишвар соҳаи афзалиятнок дониста шуда, тамоми қувваҳоро ҷиҳати рушди маҷмӯаи энергетикӣ сафарбар кардааст.
Вале муаллифон ақида доранд, ки соҳаи энергетикаи ҶТ бояд ба «болини бехавфкунӣ» такя намояд. Манбаъи номбурдаи молиявӣ пеш аз ҳама тавассути ҷонибдории Ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузорон пешрав кардани истеҳсоли пахта, тилло, мис, алюминий, нуқра, инчунин рушди бозори молия ба даст омада метавонад.
«Болини бехавфкунӣ» барои нарм намудани таъсири манфии омили аз ҳама хатарнок , яъне камарзишӣ ба соҳаи энергетикаи кишвар зарур аст. Дар оянда рушди устувори энергетика тавассути содироти 15-35 дарсади маҳсулоти он омили асосии пешгӯии камарзишӣ дар ҶТ шуда метавонад. Вале дар ин марҳила ҳар даҳ рӯз гузаронидани таҳлили молиявӣ ва сиёсии омилҳои ба камарзишии пули миллӣ таъсиркунанда зарур аст.
Барои он ки дар бораи ҳаҷми фоҷиаангези камарзишӣ дар ҶТ далел гуфта шавад, кифоя аст овардани суханони собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М.М., ки «сатҳи камарзишӣ аз 2000 дарсади соли 1995 то 30 дарсад дар соли 1999 паст гардид». Бояд қайд намоем, ки солҳои охир аз ҷониби мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани раванди болоравии камарзишӣ даҳҳо чораҳо андешида мешаванд.
Ҷадвал 1
Камарзишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати солҳои пешин,
ҳисса дарсад
Камарзишии |
Соли 1 |
Соли 2 |
Соли 3 |
Воқеӣ аз рӯи маълумоти ҳукумат |
5,7 |
7,2 |
12,0 |
Муаллифон ҳсоб карда, мувофиқи маълумотҳои расмӣ |
17,04 |
9,2 |
20,3 |
Дар асоси дефлятори МНД камарзишӣ дар соли ҳисоботии дувум дар ҳаҷми 9,2 дарсад муайяншуда, дар соли севуми ҳисоботӣ дар сатҳи 20,3 дарсад будааст, ки зараровар аз рақамӣ эъломгашта.
Ҳамчунин маълумотҳои расмии ҳукуматӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки камарзишӣ дар се соли ҳисоботӣ боло рафтааст. Аз ин рӯ, иқтисодчиёни алоҳида баҳогузории илмӣ ва таҳқиқотии худро вобаста ба камарзишӣ иброз намудаанд, ки «… сатҳи камарзиширо танҳо тавассути ба бозор баровардани маҳсулоти худӣ паст кардан имконпазир аст». Ин пешниҳоди онҳо роҳи оқилона буд, вале онҳо дигар омилро сарфи назар карданд, ки маҳсулоти истеҳсолкунандагони мо, масалан, матоъҳои пахтагин, аз маҳсулоти нассоҷии истеҳсолоти чинӣ, ки аз ҷониби соҳибкорони мо ворид карда мешаванд, ба таври назаррас гарон ҳастанд. Аз ин рӯ, маҳсулоте, ки дар дохили ҶТ истеҳсол карда шудааст, харидори худро ба тезӣ намеёбад.
Ақидае вуҷуд дорад, ки аз хориҷ «99 дарсади камарзишӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда мебошад[1]». Ин чунин маъно дорад, ки камарзишии берунаи сомонӣ аз камарзишии дохилии он дар пеш меистад ва вобаста ба ин бояд демпинги асъорӣ ба амал меомад. Демпинги асъорӣ - ин содироти оммавии маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон аз нархи миёнаи ҷаҳонро нишон медиҳад, чунин ҳолат дар амал умуман вуҷуд надошт.
Дар баробари ин пастравии нархҳо зери таъсири маҳсулоти аз ҶТ содиргардида ба назар намерасид. Масалан, нархи миёнаи нахи пахта дар соли аввали ҳисоботӣ дар қиёс бо соли пешин ба андозаи $131 доллар паст гардида, $1083 долларро барои як тонна ташкил намуд, вале ин пастшавӣ дар натиҷаи берун намудани рақибон дар бозори беруна ба амал наомада буд. Ва ё мисоли дигар. Дар семоҳаи аввали соли севуми ҳисоботӣ ҳаҷми алюминийи аз ҶТ содиргардида 98,5 дарсадро ташкил намуд, ки ин аз ҳамин давраи соли дувум ду ҳазор тонна бештар буд. Нархи миёнаи фурӯши алюминий дар ҳаҷми $2.8 ҳазор доллар қарор дошт ва он дар қиёс бо марҳилаи мазкури соли пешин $389 доллар зиёд буд.
Аз нуқтаи назари илмӣ, дар натиҷаи «воридоти камарзишӣ» мо ақибмонии раванди пастравии қобилияти харидории сомониро дар қиёс бо раванди пастравии қурби арзии он мушоҳида карда метавонистем, вале ин ҳолат ба назар намерасид.
Баръакс, дар ҶТ камарзишии дохилии сомонӣ суръати пастшавии қурби асъории онро ақиб мегузошт. Тайи чанд соли охир бо таъсири омили мазкур воридоти маҳсулот бо мақсади фурӯши он дар бозори миллӣ ҳавасманд карда мешавад. Афзоиши воридоти маҳсулоти дигар низ бо омили мазкур вобаста аст. Масалан, маблағи арзиши махсулоти воридгардида, ки таъиноти стратегӣ надоранд, дар соли 2006 – $965,8 млн. доллар буд ва дар қиёс бо соли 2002 - ӯм 3,23 маротиба зиёд мебошад.
Ногуфта намонад, ки воридоти таъиноти стратегӣ надошта бо нархи арзон аз Чин, Туркия, Эрон, Россия афзоиши нархро дар ҶТ бозмедошт; аз соли 2001 то соли 2007ум ҳамин раванд омили боздорандаи болоравии бемайлони камарзишии сомонӣ буда, вале ҳамзамон пеши роҳи рушди истеҳсоли маҳсулоти ҳамномро дар дохили Точикистон бозмедошт.
Дар қисми зиёди давлатҳо пешгӯии камарзишии пули миллӣ аз таъсири нархи маҳсулоти нафтӣ муайян карда мешавад. Дар поён нархи миёнаро барои 1 литр бензин бо сент (100 сент = $ 1 доллар ) дар охири соли 2006 дар баъзе кишварҳо овардаем, ҷад.10.
Равшан аст, ки болоравии нарх барои як литр бензин дар ҳудуди то 95 маротиба қарор дорад ва дар ҳар як давлати дунё дар вобастагӣ ба нархи бензин роҳҳои мушаххаси ба низом даровардани камарзишии пули миллӣ вуҷуд доранд.
Ҷадвали 2
Туркманистон |
2 цента[2] |
Венесуэла |
3 |
Эрон |
9 |
Лубнон |
13 |
Арабистони Саудӣ |
16 |
Қатар, Баҳрайн, Қувейт, Миср, Яман, Уммон, Алҷазоир, Аморати Муттаҳидаи Араб |
13-16 |
Озарбойҷон |
48 |
ИМА |
63 |
Қирғизистон |
64 |
Чин |
69 |
Россия |
77 |
Белоруссия |
79 |
Тоҷикистон[3] |
80 |
Украина |
81 |
ӯзбекистон |
85 |
Гурҷистон |
86 |
Арманистон |
96 |
Молдова |
97 |
Литва |
108 |
Латвия |
120 |
Эстония |
123 |
Польша |
130 |
Исроил |
146 |
Эритрея |
190 |
Яке аз сабабҳои афзудани нархи маҳсулоти нафтӣ дар он буда аст, ки баъзе аз санадҳои қонунгузории ҷории ҶТ маънои духӯра доранд ва ин барои ба амал овардани арзиши замшуда , ки як омили болоравии камарзишӣ мегардад ва мушкилот ба вуҷуд меорад. Соҳибкорон аз ин бохабаранд ва дар сарҳади гумрукӣ молиёт аз арзиши замшударо дар ҳаҷми 18 дарсад(дар Кирғизистон -12 дарсад), боҷро дар ҳаҷми 5 дарсад пардохт мекунанд ва хароҷоти русумотро дар ҳаҷми 0,15 дарсад аз арзиши воридоти молиётбандишавандаи маҳсулоти нафтӣ ҷуброн мекунанд. Илова ба ин, воридкунандагони маҳсулоти нафтӣ хироҷи изофамолиётро дар ҳаҷми 50 евро барои 1 тонна, ба истиснои маҳсулоти нефтии аз Қазоқистону Россия воридшаванда, пардохт менамоянд.
Меъёри баланди молиётҳо ва хироҷҳои барои маҳсулоти нафтии воридотӣ муқарраргардида вақте қобили ташреҳ мегарданд, ки ҶТ худаш намуди мазкури маҳсулотро дар ҳаҷми зарурӣ истеҳсол намояд. Меъёрҳои дар боло нишон додашудаи молиёту хироҷҳо, ки дар сарҳади гумрукии ҶТ пардохта мешаванд, воридкунандагони алоҳидаи маҳсулоти нафтиро маҷбур месозанд, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ диҳанд ва маҳсулоти нафтиро бо роҳҳои ғайриқонунӣ ворид кунанд, ки ин мазмунан ба қочоқ (контрабанда) баробар мебошад. Чаро? Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки маҳсулоти нафтӣ ҳоло ба фурӯш бароварда нашуда, нархи онҳо аз ҳисоби молиёту хироҷҳои зикргардида ба таври назаррас боло меравад, зеро хадамоти гумрукӣ ҳангоми ҳисобкунии молиёту хироҷ арзиши пурраи маҳсулоти нафтии воридшавандаро ба инобат мегирад.
Ё мафҳуми воридоти молиётбандишаванда маънои духӯра дорад, ё дар Кодекси гумрукии ҶТ ба номувофиқатӣ байни мазмуни иқтисодии арзиши маҳсулоти воридшаванда ва услуби мувофиқи он ҳисобкунии МАЗ – молиёт аз арзиши замшуда, боҷу хироҷҳои дигар роҳ дода шудааст.
Моддаи 200 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (КАҶТ) муқаррар кардааст, ки: «Молиёт аз арзиши замшуда (минбаъд МАЗ) шакли ба буҷет гирифтани қисме аз арзиши тамоми маҳсулоти молиётбандишавандае, ки ба кишвар ворид карда мешаванд, мебошад…» Моддаи 210 КАҶТ бошад, ба қонунгузории гумрук истинод мекунад, ки «арзиши гумрукии маҳсулот, ки тибқи қонунгузории гумрукии ҶТ бо замми боҷу андозҳое, ки ҳангоми воридоти маҳсулот пардохта мешаванд, арзиши маҳсулоти воридотии молиётбандишаванда мебошад».
Банди 2-и моддаи 354 Кодекси гумрукии ҶТ (КГҶТ) муқаррар мекунад, ки «муайянкунии арзиши гумрукӣ мувофиқи нархи аҳди хариди маҳсулоти воридотӣ усули асосӣ ба ҳисоб меравад».
Банди 1 моддаи 355 КГҶТ дақиқ мекунад: «нархе, ки воқеан барои маҳсулоти воридотӣ ҳангоми фурӯш барои содирот ба Тоҷикистон пардохт гардида буд, арзиши гумрукии маҳсулоти дар сарҳади гумрукии ҶТ воридшаванда ба ҳисоб меравад». Мутобиқи бандҳои дигари моддаи мазкури КГҶТ ба нархи муомила хароҷотҳои дигари воридкунандаи маҳсулоти нафтии воридшаванда дохил мегарданд. Масалан, нархи пардохт ба фурӯшандаи як тонна бензин аз Русия $800 доллар буда бошад. Хароҷот аз Русия( пардохт барои қатора, мошини сӯзушворикаш ва масрафи то анбор овардан) ба Тоҷикстон ворид гаштани як тонна бензин $240 доллар, музди кор ва сафархарҷии масъулони тиҷоратӣ $160 доллар тахмин гардад. Ҷамъи хароҷоти воридотии 1 тонна бензин $1200(800+240+160) доллар мешавад ва арзиши замшуда, ки аз он молиёт ситонида мешавад, 400 доллар мебуд. Мувофиқи моддаи 200 КАҶТ молиёт аз арзиши замшуда $72 ((1200-800)*18)/100) доллар мебуд. Аммо дар асоси моддаҳои 354 ва 355 КГҶТ молиёт аз арзиши замшуда ба як тонна бензин дар ҳаҷми $216 (($1200*18)/100) доллар дар амал ситонида мешавад.
Маълум аст, ки мазмуни мантиқӣ-иқтисодии моддаи 200 КАҶТ, ки тибқи он «МАЗ шакли ба буҷет гирифтани қисме аз арзиши тамоми маҳсулоти молиётбандишаванда маҳсуб мегардад», ба моддаи 355 КГҶТ мувофиқат намекунад, зеро моддаи мазкури КГҶТ муқаррар намудааст, ки «арзиши гумрукии маҳсулот нархест, ки воқеан аз ҷониби воридкунанда ба шарикони хориҷӣ барои ин маҳсулот пардохт карда шудааст». Ин номувофиқатӣ дар амал омили боло бардоштани нархи маҳсулоти нафтӣ гардидааст, ки ин ба раванди камарзишии сомонӣ таъсири манфӣ мебахшад.