Асноди танзими истеҳсолу тиҷорати картошка
Бисёре аз ҳосили кишоварзӣ дар Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Мақоми махсусро гирифтааст, масалан, зироате, ки маҳсул дар реша дораду кулли форсизабонон себи заминӣ (Solanum tube rosum), иддае качолу ва тоҷикони Осиёи Миёна картошка мегӯянд. Зироати номбурда ба ин минтақа на кам 300 сол қабл омадааст, ва дар замони кунунӣ 12- 13 навъи себи заминӣ кишт мешаванд, ки базри ҳосилхез аз Ҳоланд, Лаҳистон ва Русия оварда мешавад.
Лӯндаҳои картошка аз карбогидратҳо ва об иборатанд ва ба ин шарофат онро “нони дуввум” медонанд. Фаъолияти хоҷагихои кишоварзию деҳқонӣ ва адади зиёди хонаводаҳо ба истеҳсоли картошка вобаста аст, ки метавон шуғл андешидашуда донист.
Ҳосили себи заминӣ ё картошка агар соли 1999 дусаду сию ҳашт (238) ҳазор тонна буд, дар ҷадвали 1 истеҳсол ва нишондиҳандаҳои технолгию молиявии он дар тули 7 соли сипаришуда дарҷ гардидаанд.
Ҷадвали 1. Нишондиҳандаҳои истеҳсоли картошка дар ҶТ
2006 |
2007 |
2008 |
2009 |
2010 |
2011 |
2012 |
|
Майдони кишти картошка, ҳазор гектар |
27,9 |
29,8 |
28,7 |
29,8 |
31,8 |
36,7 |
41,7 |
Ҳосилнокии як гектар, т |
19,85 |
21,84 |
22,69 |
22,31 |
22,97 |
22,83 |
23,32 |
Вазни лундаҳо, ҳазор т. |
573,7 |
662,1 |
679,8 |
690,9 |
760,1 |
863,1 |
991.0 |
Арзиши аслии эҳтимолии як тонна картошка, сомонӣ |
700 |
720 |
740 |
800 |
815 |
870 |
900 |
Хароҷоти умумии истеҳсоли картошка, млн. сомонӣ |
401,6 |
476,7 |
679,8 |
543,9 |
619,5 |
750,9 |
891,9 |
Нархи эҳтимолии фурӯши истеҳсолкунанда ба як тонн, сомонӣ |
930 |
950 |
990 |
1050 |
1090 |
1140 |
1200 |
Фоидаи софи эҳтимолӣ бо сомонӣ аз истеҳсол: як тонна яз як гектор |
230 4566 |
230 5023 |
250 5672 |
250 5742 |
275 6317 |
270 6164 |
300 6700 |
Манбаъи иттилоотӣ; Омори солонаи ҶТ . 2013. Душанбе.TAJSTAT.с. 281-285
Мувофиқи омори давлатӣ соли 2013 - як миллиону яксаду понздаҳ (1115) ҳазор тонна буд[1], ки нисбати соли 2006 ҳаҷми он 94,5 дарсад ва соли 2012 – 12,5 дарсад афзуда аст.
Агар нархи миёнаи фуруши картошкаи истехсолкунандагонро дар соли 2013 баробари 1300 сомонӣ пиндорем, истеҳсолу тиҷорати картошкаи истеҳсолкунанда қариб 1,5 млрд. сомониро дар бозори молу пули кишвар ба гардиш овардааст ва яке аз омили мусбати дар муомилот тезтар гардиш кардани сомонӣ мебошад.
Омили асосии ҳаҷми афзояндаи истеҳсоли картошка иқлими мусоиди минтақаҳои куҳистону наздикуҳии Тоҷикистон мебошад, ҳамчунон малакаи касбӣ ва ҳатто метавон гуфт, ки малакаи миллии зумраи аз истехсолкунандагон омили афзояндаи ҳаҷми картошка дар Тоҷикистон мебошад. Таҳлил собит мекунад, ки вобаста аз муҳиту минтақа аз як гектор ҳосили лӯндаҳои картошки аз 19 то 30 тонна, ҳатто дар баъзе мавзеъ то 33 тонна буда метавонад. Соли 2012 майдони кишти картошка 41,7 ҳазор гектар буд, ки 49,5 дарсад, ё 13,8 ҳазор гектар зиёд аз соли 2006 буд, ва тадриҷан васеъ гаштани замин барои истеҳсоли он, низ омили афзоиши картошка дар Тоҷикистон будааст.
Ҳампурсии интихобии мо нишон медиҳад. ки агар картошка дар ҳудуди 0,8-1,5 сомнонӣ ба фурӯш равад, истеҳсолкунанда аз зироати номбурда даромади молиявии қаноатмандмекардаро меёбад. Соҳиби ин матн арзишии аслӣ ва нархи эҳтимолии фурӯши як тонна картошкаро тақрибан муайян кардааст, ки фоидаоварии истеҳсолу тиҷорати картошкаро собит созад, чунки Умури давлатии омор, муттаассифона, нишондиҳандаҳои арзишии ҳамин ғизоро гирдоварӣ намекунад.
Ва таҳлили анҷом додаи мо нишон медиҳад, ки истехсоли ҳар як гектар картошка барои истеҳсолкунанда бо ҳисоби миёна имконияти ҳазор-якунимҳазор доллар (4566- 6700 сомонӣ) даромади софро муҳайё мегардонад, ки дар шароити Тоҷикистон нисбат ба дигар зироатҳои истеҳсолмешуда болотарин меъёри даромад мебошад.
Бояд гуфт, ки истеҳсолкунандагон ниёз доранд моддаҳои минералӣ ва маводи мубориза ба ҳашароти баргу пояхурандаи картошкаро начандон дур аз мавзеъи худ бихарад. Барои ҳамин амалиётҳои технологӣ истеҳсолкунандагон то ҷое харҷи калонро доранд. Чунки баргу поя ва лӯндаҳои картошкаи ба носолимӣ печида қариб 12 дарсади ҳосилро кам мегардонад,ки баробари сатҳи миёнаи ҷахонӣ мебошад.
Дар 3-4 соли охир картошка аз Покистон ва дигар кишварҳо ворид мегардад, ки ҳаҷми он камтар аз 10 дарсади истеҳсоли соли 2013 ҳамин ғизо дар Тоҷикистон аст, вале аз нигоҳи стратегӣ барои овардани он асъори хориҷии бозаргонони кишвари мо ғайрисамаранок масраф мешавад.
Мавриди ботаассуф зикри далел, ки барои шумори азими истеъмолкунандагон, мутаассифона, нархи як килограмм картошка хеле гарон аст, ки дар моҳи август-октябри 2014 ҳудуди 2,5 -3 сомонӣ, март- май то 4,5 -5 сомонӣ боло рафта буд. Агар тадбирҳои танзимгар бароҳмонда нашаванд, эҳтимолияти дар нимаи аввали соли 2015 то 6-8 сомонӣ будани нархи як килограмм картошка дар назар аст.
Мавриди гуфтан, ки афзоиши аҳолӣ ва истеъмоли картошка сабаби асосии гарону гаронтар шудани нархи ин ғизо намебошад. Чунки вазни тозаи картошкаи истеҳсоли соли 2013 ба ҳар фарди кишвар 123 кг буд, дар ҳоле ки сабати истеъмолӣ дар ҷаҳон меъёри ин ғизоро 40 кг муқаррар кардааст.
Иллати барои истеъмолкунандагон гарон будани нархи картошка аз набудани олотдасти (усули) иқтисодии танзими тиҷорат ва технологияи захирадорӣ кардани ин ғизо мебошад.
Дар амал ба кор гирифтани Аҳди (Контракт) фурӯшро аввалин ва мухимтарин аснод - олотдасти иқтисодии танзими истеҳсолу тиҷорати картошка медонам. Бо такрор мегӯям, танҳо «Аҳди фурӯши истехсолкунандагон», на Ахди харидории картошка.
Умуман гуфтан бомаврид, ки гирдоварии иттилоот бо бакордарории « Аҳди фуруш» дар идора кардани макроэкономикаи Тоҷикистон як ислоҳоти судманду олотдасти танзимгари иқтисодию ҳуқуқирро меоварад, ки дар кишвари мо масъулин, мутаассифона, то ҳол аҳамияти стратегии дар «Аҳди фурӯш» нуҳуфтаро барои худ равшан накардаанд.
Аҳди фурӯш ифодагари нишондиҳандаҳои зайл бошад: ҳаҷми фуруш, тонна; нархи пешгӯишуда бо сомонӣ; истеҳсолкунанда(коди он дар Регистри корхона, суратҳисоби бонкӣ, рақами молиётсупорӣ, коди ноҳия); харидор(коди он дар Регистри корхона, суратҳисоби бонкӣ, рақами молиётсупорӣ, коди ноҳия); ҳамчунон қурби сомонӣ бо доллар($) дар рӯзе, ки ҷонибҳо Аҳди фурӯшро ботавсиб расониданд ва зикр гардад, ки агар қурби сомонӣ аз 5 дарсад паст гардад, асосии ҳуқуқии баланд кардани нархи картошка бавуҷуд меояд.
Омори расмӣ нишон медиҳад, ки содироти картошка чандон калон нест, бахусус соли 2007 содироти картошка ба Русия $46 ҳазор долл. буд, соли 2009 – $68 ҳазор долл. ($34 ҳазор ба Қазоқистон ва $11 ҳазор ба Русия) ва соли 2010 маблағи $48 ҳазор доллар, аз он ҷумла ба Қазоқистон, Русия -$15 ҳазор, ба Туркманистон - $19 ҳазор ва Афғонистон – $19 ҳазор долларро ташкил кард. Рақамҳои овардашуда барои таҳлилгар шубҳаангез менамоянд ва шояд содироти картошка аз роҳи контрабанда анҷом гирад.
Ва Аҳди фурӯш бо иттилооти дар худдошта бехатарии озуқавории кишварро равшан мегардонад, ки амалиётҳои аз Тоҷикистон дар фасли хазон бо ҳаҷми калон ва нархи арзон содир шудани картошка ҷилавгирӣ гардад. Метавон зикр кард, ки ба иллати дар солҳои 1990-1993 аз роҳи хиёнат ба шаҳрнишинон хусусисозӣ ва ғасбу ғорат гаштани Корхона-анбори тиҷорати яклухти картошкаву меваҷот дар Душанбе ва сохтмони нотамоми Анбори картошкаву мева дар ноҳияи Тоҷикобод, аз ҳамон давра ба ин тараф танзими тиҷорати ғизоҳои номбурда дида намешавад.
Аҳди фурӯши картошка мувофиқи коди ноҳияю вилояти маъмурӣ бояд рамзбандӣ гардад ва рӯзи чорум, пас аз моҳи гузашта бояд аз Умури омор ба Вазорати кишоварзӣ пешкаш гардад. Вазорати номбурда танзимгари истеҳсолу тичоратӣ картошка бошад ва аз оғози моҳи март то охири июли сол дар ихтиёри худ ҳама Аҳдҳои барасмияти ҳуқуқию молиявӣ овардашудаи фурӯши картошкаи ҳар истеҳсолкунанда ва ноҳияи маъмуриро гирдоварӣ намояд, ки дар идора кардани давлат ҳатман мавриди истифода бошад.
Танзимгар дар ин давр кушиш ба харҷ диҳад, ки ҳаҷми зарурии картошка дар минтақаҳои истеъмолкунандагон бимонад ва ба ихтиёри ташкилоти захиракунандаю соҳиби анбори силсилаи яхдонҳо буда, гузарад. Анбори силсилаи яхдондор имкон медихад, ки дар давраи декабр-апрел тадриҷан ба бозори шаҳрҳо картошкаву пиёз пешкаш шавад, то нархи онҳо гарон нагардад.
Умуман сармоягузорӣ барои яхдонҳои нигоҳдории сабзавоту меваҷот бояд масъалаи рӯзмараи ҳукумати шаҳру ноҳияҳо гардад. Барои сохтмони маркази иттилоотию майдонҳои тарбияи ҷисмонӣ садҳо миллион сомонӣ маблағи буҷет харҷ мегардад, аммо барои сохтмони анбори силсилаи яхдондор бо мақсади нигаҳдории картошкаву пиёз барои шаҳрнишинон маблағ намеёбанд ва ин тарзи андешаронӣ як таззодӣ нодида дар ҷаҳонро мемонад.
Гузориши Қосимӣ Рањбар, вазири кишоварзии ҶТ аз 15/01/2014.