Маблағрасонӣ тавассути евродоллар ва облигасияҳои байналмилалӣ

Категория: Олотдасти маблағрасонӣ
28.03.2014

Евродоллар (turodollors)- ин амонати бонкие, ки бо доллари USD ифодашудааст, вале амалиётҳо ба тартиби хизматрасонии бонкии ИМА итоат намекунанд. Бонкҳои хориҷӣ ва шохаҳои дар хориҷ аз ИМА амалкунандаи БТ Америко (бахусус, дар Аврупо) фаъолона амонатҳо ҷалб мекунанду пардохти баҳрапулиро анҷом медиҳанд, ки аз талабот ва пешниҳодоти бозаргонӣ бармехезад.

Евродоллар: амонате, ки арзиши номинали бо доллар дораду дар бонки берун аз худуди USD вогузор гаштааст ва ба тартиби хизматрасонии бонкҳои Америко итоат намекунад.

Амонатҳои евродолларӣ маблағи аз $100000 (сад ҳазор) доллар ҳамеша зиёдтар мебошад ва БТ онро мавриди истифода қарор медиҳаду бо доллари ИМА ба муштари аввал муроҷиаткарда, қарзӣ бонкиро вогузор менамояд. Вом бо меъёри баҳрапулии болотар аз меъёри нархи амонати евродолларӣ мебошад. Фарқ байни меъёрҳои баҳрапулӣ мувофиқ аст(ҷубронкунанда) ба андозаи хавфи асъории дар назар буда. Дар асл, бо евродоллар қарзгузорӣ ва вом додан амалиёти яклухт аст, ки бо харҷи кам анҷом мегирад, нисбат ба дигар услубҳои хизматрасониҳои БТ давлати хориҷа.

Ва аз набудани танзими давлатии БТ, дар амалиётҳои евродоллар талабот(тақозо) ва пешниҳодоти (таклифот) бозаргонӣ мақоми муҳимро доранд. Бозори евродоллар манбаъи асосии маблағрасонии (финансирование) кутоҳмуддат ба фаъолияти КГМ мебошад. Меъёри депозитии евродоллар манша мегирад ва тағӣир мехурад аз дар ИМА таъсири мустакими прайт-рейт. Одатан меъёр барои вом бармехезад, мувофиқи меъёри таклифот дар бозори байнибонкии қарз дар Лондон, аз меъёри LIBOR(Londoninterbankofferedrate). Ҳар қадар хавф калон аст, ба хамон андоза фарқ (СПРЭД) байни LIBOR ва меъёри БТ. Доротарин қаргиранда 50 дарсади фарқ бо LIBOR-и баҳрапулиро пардохт мекунад, агар вом ба муҳлати муттадил вогузор шуда бошад. Бояд ёдрас гардад, ки меъёри LIBOR бештар тагӣирхуранда нисбат ба прайт-рейт USD, чунки амонатҳои евродоллар аз таъсири тақозо ва таклифот тез тағӣир меёбад.

Меъёри таклифот LIBOR дар бозори байнибонкии қарз: меъёри баҳрапулие, ки бонкҳои калон дар Лондон барои евродоллар ба ҳамдигар пардохт мекунанд.

Бояд гуфт, ки бозори евродоллар қисми асосии бозори калонтарин - евровалюта ( eurocurrency) мебошад, ки он ҷо меъёри амонатгузорӣ ва меъёри қарзгузорӣ вобаста аст ба яке аз асъори қавитарини ҷаҳон.

Евровалюта: асъоре, ки ба бонки берун аз ҳудуди давлати соҳиб, амонатгузорӣ мешавад.

Услубҳои фаъолияти бозори евровалюта ҳамранги услубхои фаъолияти бозори евродоллар мебошад, ба ин шарофат дар ин китоб услубхои фаъолияти бозори евровалюта иншо намешавад, фақат мавриди зикр аст, ки бозори евровалюта бамаротиб қарзгузории байналмилалӣ ва миёнҷигарии (financial intermedition) молиявиро самаранок месозад.

 Маблағрасонӣ тавассути облигасияҳои байналмилалӣ

Бозориевровалютаро аз бозори облигасия (Eurobond) бояд фарқ кард. Eurobond –бозори ананавӣ мебошад, ки дар он андеррайтҳо (баровардагон?) облигасияро ба муомилот дохил мекунанд. Агар барориши облигасиро ба кадом як асъор ифода мекунанд, аммо амалиётҳо дар чанд кишвар сурат мегирад. Eurobond аз облигасияхои хориҷӣ(foreignbond) фарқ мекунад, ки он облигасияест, ки кишвари хориҷӣ, ё ягон корпорасия аз бозори дохилӣ ба ҷараёни муомилот ворид мекунад.

Облигасияҳои хориҷиро мувофиқи тартиби хариду фурўши коғазҳои қимматнок дар дохили як кишвар тиҷорат мекунанд. Облигасияҳои хориҷӣ номгўи чашмрас доранд. Масалан, Yankeebonds (янки бондс), ки ба бозори муомилоти USD ашхоси ғайриамеркоӣ баровардаанд, ё Samuraibonds (самурай бондс), ки дар муомилоти Япония нерезидентҳо ба муомилот баровардаанд.

Eurobond(еврооблигасия): барориши облигасия дар бозори байналмилалии берун аз ҳудуди кишварест, ки бо асъори он ифода ёфтааст.

Бисёр аз барориши ўҳдадориҳои қарзӣ дар арсаи байналхалқӣ бо нишонии-номи (ноты) бо меъёри тағӣиркунандаи баҳра (floating-xate notes-FRNs) маъмуланд. Ҳамин олотдасти молиявӣ, ки хосиятҳои гуногун доранд, бахусус имконияти интихоби асъоре, ки бо он пардохт басубот мерасад. Як зумраи олотдасти молиявӣ бо истифода аз сатҳи нархҳои умумӣ, ё нарх дар  бозори молҳои истеъмолӣ арзёбӣ (индексасия) мешаванд, вале арзишгузорӣ ба номгўи дигари онҳо вобаста аз LIBOR мебошад.

FRNs- нишонӣ: ўҳдадориҳои қарзии меъёри баҳраи тағӣиркунанда дошта

Мўҳлати арзишгузории такрорӣ метавонад пас аз як сол, нимсол, семоҳ ва ҳатто пас аз як моҳ буда бошад. Баъзе аз ўҳдадориҳои қарзӣ хосияти опсионро доранд.

Облигасияҳои ҳуқуқи интихоби асъори пардохтро медода ва облигасияҳои мултиасъорӣ. Баъзе аз облигасияҳо ба дорандагон ҳуқуқи интихоби асъоре, ки тавассути он пардохти баҳрапулӣ ё арзиши коғази қимматнок сурат мегирад, медиҳанд. Одатан интихоб аз ду асъор маҳдуд метавонад бошад. Масалан, ширкат метавонад бо арзиши аввал облигасияи $1000 доллар, бо баҳрадиҳии 8 дарсадро барорад. Интихобан ҳар облигасияро метавон пардохт кард ё бо доллари ИМА, ё бо фунт- стерлинг Британияи Кабир.

Барориши баъзе аз облигасияҳо бо пардохти асосӣ, ҳамчунон пардохти баҳрапулиҳое, ки бо қурби асъории яке аз кишварҳо вобаста гаштаанд. Бо номи коктейл –облигасия (currency cocktailbonds) коғази қимматнок маъмул аст, ки қурби мўтадили асъорӣ доранд, ки барои асъори як кишвар қобили қабули нест. Илова ба он. облигасияҳои дуасъорӣ (dual currency bonds) бошад, ки арзиши харид ва баҳрапулӣ бо як асъор, аммо пардохти арзиш бо асъори дигар анҷом мегирад. Облигасияҳои Швейсария пардохти баҳрапулиро ба франк( асъори ҳамин кишвар) тақозо мекунанду пардохти арзиши коғази қимматнок- бо доллари USD.

Saturday the 21st. Душанбе 2014