Модели маблағрасонии сохтмони НБО Роғун ва хусусигардонии сармояи он
Амалӣ шудани модели мазкур имкон медиҳад, ки (1) дар кишвар дар муддати 7-10 сол манбъаи маблағрасонии нерўгоҳҳо ба андозаи $2,163 млрд. доллар аз ҳисоби и қарзи бонкӣ (кредитные деньги) пайдо шавад; (2) ба ихтиёри ҳар як сокини мамлакат баъди бакордарории НБО Роғун ҳуқуқи саҳмиядории он ба андозаи $309 доллар ройгон вогузор гардад; (3) шаҳрвандон, ҳамчун истеъмолкунандаи барқ ва истифодабарандаи сомонӣ, ҳуқуки баробарро барои идораи НБО Роғун дошта бошанд; (4) механизмҳои идора кардани пул то ҳадде ба эътидол ояд.
1. Ситоиши НБО Роғун
Моҳҳои охир воситаҳои ахбори умум, симо ва садои давлатию хусусӣ барномаҳои гуногунро аз боби сохтмони Нерўгоҳи Барқии Оби (НБО) Роғун мунташир ва пахш меномояд. Дида мешавад, ки тамоми кўшиш ва қувваи ҳукумат барои муҷаддадан азсаргирӣ ва идомаи сохтмони ҳамин лоиҳаи бузург[1] сафарбар шудааст. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле барвақт, 27 октябри соли 2006 ум ҳангоми кушодани Дуввумин конфоронси байналмилалии тиҷорати барқ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ-Шарқӣ дар Пугус, НБО Роғунро мавриди арзёбӣ ва сохтмони онро яке аз ҳадафҳои асосии кишвар дониста, изҳорот намуд, ки «Тоҷикистон аз соли 2007 ум сохтмони НБО Роғунро аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳурӣ оғоз мекунад. Алҳол $804 млн. доллар сарф шудааст. Боз $2 млрд. доллар зарур мебошад».
То ин замон, манбъаҳои маблағрасонии дар ҷаҳони муосир маълум, пешкаш шудаанд. Масалан, аз ин боб Фахриддин Холбек (Asia-Plus, 2007) А. Мамадазимов (Asia–Plus, №23 (437)), Н. Шулашов (Asia–Plus, №24 (438)) навишта буданд, ки шаҳрвандон, сармоягузорони кишвар, дар ивази саҳмияи азнавбаҳоёфтаи НБО Роғун, метавонанд сохтмони нерўгоҳро маблағрасонӣ намоянд. Шаҳрдори (Мэр) пойтахт - Душанбе М. Убайдуллоев моҳи апрели соли 2008 аз шаҳрнишинон хоҳиш кард, ки маблағи якмоҳҳаи дастмузди худро барои сохтмони НБО Роғин сафарбар намояд.
Муҳаррири рўзномаи «Факты & комментарии» Зафар Абуллаев андеша меорад, ки Бонки Миллӣ ё ширкати давлатии ТАЛКО имконият доранд эмиссияи коғазҳои қимматноки махсусро бо номи «Роғун», ки арзиши тиллои афинажӣ дошта бошад, бо андозаи на чандон баланди баҳрагирии (процент) даромад ба муомилот бароваранд. Пешниҳоди Зафар Абдуллоев яке аз механизмҳои хуби маблағрасонии сохтмони НБО Роғун мебошад. Менеджери риштаи энергетикӣ Георгий Петров ба рўзномаи «Азия Плюс» 26 ноябри соли 2009 гуфтааст, ки «барои ҷалби сармоягузорони сатҳи ҷаҳонӣ зарур аст, ки арзишии умумии НБО Роғун, сохтмони онро муайян кард. Ва ба ҳамон арзиш бояд саҳмияҳоро баровард. Ҳоло ҳамин кор иҷро нашуда аст».
Президент ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ду маротиб (охири моҳи майи соли 2008 ва аввали моҳи ноябри соли 2009) дар НБО Роғун рафти сохтмони онро арзёбӣ кард. Ҳоло дар мавзеи сохтмон зиёда аз 700 адад мошину таҷҳизотҳо ва 7 ҳазор коргарону муҳандисон ба кор машғуланд. Аз соли 2007 ум маблағрасонии пружа (лоиҳа) аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом мегирад, масалан, соли 2009 ум 533 млн. сомонӣ, барои соли 2010 бошад 650 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Вале ҳама паҳлуҳои Модели пухтаю рехтаи ҳукумати кишвар аз боби манбаъҳои маблағрасонии НБО Роғун ифшо нашуданд, ки роҳбарияти кишвар тавассути кадом механизмҳо аз буҷети давлатӣ ё аз ҳисоби сармоягузорони хориҷӣ беш аз $2,0 (ду) млрд. долл. пайдо мекунад?
Мувофиқи супориши роҳбари давлат саҳмияҳои НБО Роғун дар муҳлати пешбинишуда – аввали январи соли 2010 ум ба муомилот бароварда мешаванд.- эълом дошт вазири молияи Тоҷикистон. Аз гуфтаи (26 ноябри соли 2009 ум) вазири молияи ҶТ Сафарали Наҷмуддинов, арзиши камтарини саҳмия 100 (сад) сомонӣ аст.
Лоиҳаи НБО Роғун дар бисёр кишварҳои ҷаҳон баррасӣ мешавад, он мавриди тавваҷўҳӣ Бонки Ҷахонӣ(БҶ) ва дигар муассисаҳои молиявӣ ва сармоягузорон мебошад. Ба андешаи муаллифи Модели пешкашмешуда, фаъолияти тоҷикистониён дар сохтмони НБО Роғун мавриди ситоиш ва омўзиши ҷаҳониён хоҳад гардид, агар кишвари мо сохтмони онро аз ҳисоби манбаҳои молиявии назираш ҳоло дар ҷаҳон набуда, анҷом дода тавонад.
2. Сутунҳои иқтисодии модели пешкашмешуда
Беназирии модели муаллиф, ки маблағрасонии сохтмони НБО Роғунро нишон медаҳад, дар ҳамин аст, ки сутунҳои иқтисодии эҷод ва баамалбарории онро корҳои молиявию ҳуқуқии зерин ташкил медиҳанд:
(1) азнавқиматгузории сармоягузориҳои дар амал буда;
(2) бо назардошти азнавқиматгузории амволҳои фаъол дар бонкҳои тичоратӣ (БТ) арзи вуҷуд кардани манбаъҳои қарзӣ;
(3) барои НБО Роғун қарзи БТ сафарбар шуда дар охири сол ба маблағи сармоягузоришудаи шаҳрвандони ҶТ табдил мешавад.
Хароҷоти захираҳо, ки обро ба энергия табдил медиҳанд, пояи асосии идора кардани барқ дар кишвар мебошад. Дар системаи Вазорати энергетика сармоягузориҳои бо шакли бунъёдҳои (фондҳои) асосӣ ва хароҷотҳои сохтмони нотамом амал дошта, дар бозори молиявӣ шеваи пайдо кардани молияи реалӣ бояд бошад.
Бо ибораи дигар, арзиши НБО ва Хатҳои Интиқоли Барқии (ХИБ) амал мекарда ва дар рафти сохтмон ба вуҷуд меомадаро вориди бозори молиявӣ гардонидан зарур аст. Чанд сол ба ин тараф арзиши бунъёдҳои асосӣ ва хароҷотҳои сохтмони нотамоми ширкатҳои энергетикӣ азнавқиматгузорӣ нашудаанд. Масалан, барои дар соли 2014 ум бакордарории пружаи энергетикӣ манбъаҳои молиявии 7-14 маротиб зиёдтар, нисбати соли 2000 ум зарур аст.
Агар азнавқиматгузории сармоягузориҳои дар ширкатҳои гидроэнергетикӣ амалдошта гузаронида шавад, маблағи он 20690,0 млн. сомониро ташкил медод. Ва ҳамин ҳаҷми дороиро ба қурби пули миллӣ тақсим мекунем (5 сомони = $1 один доллар), натиҷа $4,138 млрд. доллар. Ҳамин андоза маблағро метавон арзиши сарфшуда ва азнавқиматгузоришудаи сармоя дар соҳаи энергетикаи обӣ донист.
Агар имрўз сармоягузориҳои ба соҳаи энегетикаи обӣ сарфмешуда азнавқиматгузорӣ шаванд, натиҷаи он ба афзоиши пул дар муомилот меоварад. Чунин аст маънидоди иктисодии дар дохили кишвар тавассути бозори молиявӣ эчоди манбъаҳои молиявии иловагӣ. Устокорона манбъаҳои молиявии иловагиро барои сохтмони НБО Рогун бояд истифода карду ҳамзамон шаҳрвандони ҶТ-ро саҳмдорони НБО Роғун метавон кард.
Модели мазкур 52,27% аз $4,138 млрд. долларро сармоягузории шаҳрвандони ҶТ медонад, ки тавассути хусусигардонии сармоя НБО Роғун ба манъфиати ҳамаи тоҷикистониён сурат мегирад ва ин маблағ $2,163 млрд. доллар мешавад.
3. Механизмҳои қарзии маблағрасонии сохтмони НБО Роғун
Барои дар ҶТ рўи кор омадани ҳамин лоиҳаи алтернативӣ, метавон механизми қарзро истифода кард. Дар НБО Роғун ва умуман дар иқтисодиёт «ҳеҷ нишонаҳои ҳаёт намешавд, то дар рагҳои тани он «хуни» қарз ҷараён нагирад». Ҳатман зарур, ки аз олотдасти (инструмент) қарзии бозори молиявӣ самаранок истифода шавад. Яъне маблағи тавассути қарз дар бозори молиявии меомадаро барои сохтмони НБО Роғун мавриди истифода дошта бошем ва сармояи ҳама мардум низ бишуморем.
Маҷозан гуфта шавад, қарзи БТ мавриди маблағрасонии ҳамин модели дар даст буда, роли «пули ду канори дарьёро мепайваста»-ро мебозад, яъне байни манбъаи маблағрасонии сохтмон ва хусусигардонии амволи НБО Роғун.
Раёсати Бонки Миллии Тоҷикистон дар асоси қарори Маҷлиси Намояндагон қарор ба тавсиб мерасонад, ки як ё ду БТ Тоҷикистон ҳар сол манбъаи молиявиро ба андозаи $216,3 млн.доллар бо пули миллӣ дар суратҳисоби корреспондентии худ инъикос диҳанду ҳамзамон дар пассиви тарозномаи БТ бо ҳамин ҳаҷм манбъа: депозити ҳукумат дарҷ ёбад.
Аз ҳисоби пули дар корсчети БТ инъикосшуда, ҳар сол ба НБО Роғун қарз бо сомонӣ дар ҳаҷми $216,3 млн. доллар дода мешавад (агар муддати сохтмон 10 сол тўл кашад). Бонки тиҷоратӣ, ки дар активи худ қарзи додашударо бо пули миллӣ дар ҳаҷми $216,3 млн. доллар нишон медиҳад, маблағи қарзиро бо сомонӣ ба суратҳисоби бонкии НБО Рогун интиқол медиҳад.
Пули нақд аз суратҳисоби НБО Роғун барои пардохти масолеҳ, таҷхизот, корҳои иҷрокардаи кормандон ва муассисаҳои сохтмонӣ сарф мешавад. Дар охири сол дар банди «Пружаҳо дар раванди сохтмон» активи тарозномаи (баланси) НБО Роғун маблағи $216,3 млн. доллар дар асосии санади корҳои иҷрокардаи ширкатҳои пудратӣ нишон дода мешавад.Охири соли ҳисоботӣ дар пассиви тарозномаи НБО Роғун маблағи $216,3 млн. доллар аз бахши «Ўҳдадориҳои кўтоҳмуддат » хориҷ ва дар бахши «Сармоя»-и тарозномаи НБО Роғун сабт мешавад, яъне ба сармоягузории шаҳрвандони кишвар ба андозаи $309 доллар табдил мегардад.
Агар ном ба ном ба шаҳрвандон ҶТ сабти саҳмияҳои НБО Роғун ба андозаи $309 доллар анҷом гирад, он рўз маълумот ба БТ фиристода мешавад, то ки он ба маблағи мувофиқ қарзи бонкии НБО Роғунро аз ҳисоби манбаъи дар пассиви вай дарҷёфта, баргардонидашуда донад. Ҳамчунон маблағе ки дар пассиви тарозномааш ҳаст, рўйпўш мекунад. Рўзе, ки ин амалиётҳои ҳуқуқӣ ва молиявӣ дар тарознома дарҷ меёбанд, он вақт қарз барои НБО Роғун ба сармоя табдил мешавад ва барои БТ қарз баргардонидашуда, дониста хоҳад шуд. Ҳамин тавр, муддати 10 сол (мумкин ки дар ҳафт сол сохтмон анҷом гирад, дар он сурат маблағи қарзи солонаи БТ $310,0.млн. доллар мебуд) ҳуқуқи сахмиядории НБО Роғун дар ҳаҷми $2,163 млрд. доллар ба номи шаҳрвандони ҶТ мегузарад, ки ба ҳар як фард $309 доллар рост меояд.
Маблағи 163,0 (2,163-2,0) млн. долларро мо ҳамчун арзиши баҳрапулӣ ва ҳақулсаҳмия, ки то замони бакордарории НБО Роғун метавонад пайдо шавад, медонем ва ба ҳамин арзиш маблағи сармоягузорон хоҳад афзуд. Қисме аз маблағи 163,0 млн. доллар барои рупўш шудани хароҷотҳои ба қарордодҳои арбитражи НБО Роғун вобаста буда, мебошад.
4. Ба манфиати ҳар шаҳрванд хусусгардонидани сармояи НБО Роғун
Аз назари консептуалӣ фаҳмида шавад, ки ҳар як шаҳрванди ҶТ, ҳамчун истъмолкунандаи барқ ва истифодакунандаи сомонӣ, иштирокчии бизнес энергетикӣ мебошад. Шаҳрвандони ҶТ ба фаъолияти НБО ва ХИБ таъсири мустақими ҳуқукӣ ва сармоягузорро бояд дошта бошанд, ки дар оянда таъмини босуботи барқрасонӣ ва нархи начандон гарони барқро дида тавонанд.
Ба таърихи 1 январи соли 2010 ба ҳар як шаҳрванди ҶТ метавон саҳмияҳои НБО Роғунро ба маблағи $309 доллар сабти ном кард. Ин ҳуқуқи баробари шаҳрвандони ҶТ ба далелҳои зер муҷиб шуда, ки сокинони кишвар дар амволи давлатии шаклмегирифтаи НБО Роғун ҳиссаи худро доранду иштирокчии бизнеси энергетикӣ ва муомилоти пулӣ мебошанд. Бинобар ин, моҳирона аз бозори молияви ҷараёни пулӣ истифодамешуда, роли манбъаи маблағрасонии сохтмони НБО Рогун иҷро карда, бояд сармояи сокинони кишвар дар ин пружаи энержӣ буда бошад.
Қарори Мачлиси Намояндагон, ё Қонуни махсуси кишвар ва қарори ҳукумати ҶТ метавонад санади ҳуқуқии баамалбарории банди 4 бошад. Бо пешниҳоди ҳукумати ҶТ Маҷлиси Намояндагон метавонад бонки тиҷоратии ба НБО Роғун қарз медодаро интихоб кунад.
5. Маблағрасонии реа лӣ, на аз ҳисоби интишори пул
Гўё, ки модел аз ҳисоби эмиссияи (интишор) сомонӣ маблағрасонӣ мешавад. Дар амал эмиссия нест, зеро аз роҳи қарзи мақсаднок пул вориди доираи молиявии НБО Роғун мешавад.
Ҳар сол пул ($216,3,0 млн. доллар) ду маротиб вориди гирдоби иқтисодӣ мешавад: аввал, ҳамчун қарзи вақт, ки арзиши масолех, кор ва обро ба гардиш медарорад. Дуввум, чун сармояи гардишхурандаи хусусӣ зояндаи харҷи баҳрапулӣ ва ҳақулсаҳмияии НБО Роғун мебошад. Бо ибораи дигар, ҳар сол бо андозаи $216,3 млн. доллари ба сомонӣ табдилшуда, пешпардохти корҳои сохтмонии анҷомёфта аз ҳисоби қарзи бонкӣ сурат мегирад, ки сипас сармояи шаҳрвандон дониста мешавад, зеро ҳамон маблағ қисме аз арзиши аз нав вуҷудкарда ва саҳҳомӣ мебошад.
Услуби маблағрасонии модели мазкур омили камарзишшавии (инфляция) сомонӣ намегардад. Ба соҳаи энергетика сармоягузори кардани пули иловагӣ зояндаи омили камарзишии сомонӣ намебошад. Вале ба маблағи $216,3 млн. доллар қарзгузорӣ барои дигар соҳаҳо кам мешавад, яъне дар ин риштаҳо ҳиссаи қарзи бонкӣ поён мешавад. Вале дар назар ҳаст, ки қарзро на фaқат бонкҳо, балки Ҷамъиятҳои қарзӣ, ки 94 ададанд, низ қарзгузорӣ доранд.
Ҳамчунон дар назар дорем, ки $216,3 млн. доллар бо сомонӣ 1081,5 миллион, ё 25 дарсад аз маблағи умумии қарзгузорӣ дар кишвар мебошад.
6. Асъори хориҷӣ - замонат и гардиши қарз ба сомонӣ
Маблағи муайяни асъори хориҷӣ замонати гардиши самараноки қарзи додашуда бо сомонӣ бояд бошад, ки аз ҳисоби ба сомонӣ табдил шудани:
— 20 дарсад аз дахли арзии содироти алюминиум;
— 10 дарсад аз дахли арзии содироти нахи пахта, газвор, маҳсулоти сабзавоту мева ва консервӣ, ҳамчунин аз содироти нуқра ва сангҳои қимматбаҳо.
Асъори хориҷии бонкҳои тиҷоратии кишвар, ҷамъиятҳои қарздиҳӣ ва ташкилотҳои микромолиявӣ низ замонати гардиши самаранокии қарзи додашуда ба сомонӣ мебошад. Байни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок шавад, ки шаҳрвандон бо хоҳиши худ асъори хориҷии дар ихтиёр доштаро асосан дар муассисаҳои Бонки Миллии Тоҷикистон иваз кунанд. Дар асоси қарори Маҷлиси Намояндагон ба НБО Роғун иҷозатномаи хариди асъори хориҷиро низ метавон вогузор кард.
7. Таркиб ва арзиши сармояи НБО Роғун
То имрўз арзиши солонаи (!) сармояи НБО Роғун, замоне ки ба истеҳсоли барқ оғоз мекунад, пешбинӣ нашудааст. Ҳамчунин таркиби сармояи НБО Роғун пешбинӣ нагардидааст, аз як сў, адади саҳмияҳои имтиёзнок ва оддӣ ҷанд аст, аз дигар сў, ба кадом андоза(?) левериҷи молиявӣ, яъне таносуби сармояи худӣ ва ҷалбшуда, сурат мегирад. Ба ин сабаб сармоягузорон наметавонанд, ки дар НБО Роғун сатҳи даромади холис аз хавфи молиявии худро муайян созанд ва аз ин ҷо барои онҳо таъсири хавфи систематикӣ (ҷаҳонгир) норавшан мемонад. Зимнан, сармоягузорони ҳатто довталаб ҳастанд, ки саҳмияҳои дар лифофае бударо, ки ҳуқуқи идораи НБО Роғунро медихад, ба даст оваранд. Масалан, ҶСК «Интер РАО» дар моҳи июни соли 2008 изҳор дошт, ки довталаби ба даст овардани лифофаи саҳмияҳои НБО Роғун мебошад.
Агар дар лоиҳа таркиби сармоя пешгўӣ нашуда бошад, гуфтугўҳо бенатиҷа мемонанд ва ҳама хулоса мекунанд, ки сиёсатмадорон ба ифоқа наомаданд. Тасодуф набуд, ки ҳукумати Русия, масалан, бо гуфтаҳои Абдулатипов Рамазан Гаджимуродович, сафири кабири он кишвар дар Тоҷикистон чанд бор солҳои 2007-2008 пешниҳод ба миён гузошта буд, ки «ҳиссаи иштироки Русия дар НБО Роғун муайян шавад!».
Таркиби сармояи НБО Роғун ҳатто ба 1 декабри соли 2009 пешгўи нашуд, бо он сабаб, ки ҳоло нархи ибтидоии (стартовая) саҳмияҳои НБО Роғун арзёбӣ нагардидааст, агарчи хароҷоти кишвар алҳол ба аввали соли 2006 на кам аз $804 млн. доллар буд. Нархи ибтидоии як саҳмияи НБО Рогунро соҳиби ҳамин модели пешкашмешуда ба андозаи $103 доллар муайян кард.
Бо назардошти 8 дарсад арзиши сармоя ва 3 дарсад афзоиши ҳақулсаҳмияҳо, муаллиф нархи як саҳмияи НБО Роғунро ҳисоб кард. Ҳамчунин мавриди ҳисоб кардани нарх маблағи ҳақулсаҳмия ба як саҳмия дар назар мебошад. Ҷои зикр аст, ки $103 долл. – ин нархи як саҳмия, ки 3,36 кВт/с. барқро ифода мекунад. Ва дар ҳамин далел ҷолиб будани НБО Роғун ифода мешавад. Кафолат молиявӣ пешбинӣ шуда, ки аввал, мавриди сар задании бўҳрони молиявии чаҳонӣ ё минтақавӣ баякборагӣ паст шудани нархи саҳмияҳои НБО Роғун ба вуқўъ намепайвандад. Дуввум, нарх ба андозаи $103 долл. ба як саҳмия барои 3,36 кВч/с барқи нерўгоҳи обӣ, бо назардошти дар оянда афзудани (дробление) адади саҳмияҳои НБО Рогун муайян гаштааст.
Ҳамин тавр, мавриди бакордарории ҳама агрегатҳои НБО Роғун шумораи саҳмияҳое, ки ҳуқуқи соҳибмулкии онҳо ба шаҳрвандони ҶТ мегузарад, (агар ин модели пешкашмешуда амалӣ шавад) 21,0 млн. ададро ($2,163 млрд./ $103) ташкил медиҳад. Адади умумии сахмияҳои НБО Роғун, ки дар модели мазкур ҳисоб шудаанд, 37548379 дона ((13 млрд. кВт/с) / (3,36/103)) мебошад.
8. Пули сармоягузоришуда бояд афзоянда бошад!
Нархи як саҳмияро дониста, метавон гуфт, ки ҳоло саҳмияҳои НБО Роғун ба маблағи $804 млн. доллар дар дасти ҳукумати ҶТ мебошад. Маблағи $804 млн. доллар муддати 14 (чордаҳ) сол харҷи сохтмони нотамом, маблағ сармоягузоришуда буд ва бояд, ки даромад оварад. Ҳукумати ҶТ ҳуқукдор аст, ки аз ун маблағи сармоягузоришуда баҳрапулӣ ситонаду онро ба сармоя табдил диҳад, яъне ба ҳамон андозаи баҳрапулӣ сармояи НБО Рогунро афзоянда гардонад. Менеҷерҳои доираи байналхалқӣ арзиши сармояро медонанд, таҳлили ин паҳлуҳои молияви нерўгоҳро мегузаронанд ва аз роҳи эҳтиромгузорӣ ба ҳамкорон, истодагарӣ мекунанд, ки ҳаргуна сармоягузорӣ бояд даромад оварад.
Агар меъёри даромади бехавфи 8 дарсадро истифода кунем, дар он сурат маблағи баҳрапулии хукумати ҶТ $900,49 млн. доллар ($804 млн. доллар*8%/100*14 сол) мешавад. Аз ин чо, агар мо хоҳем, ки дар таркиби сармояи НБО Роғун ҳиссаи ҳукумати ҶТ-ро ба 01 декабри соли 2009 муайян кунем, метавон гуфт маблағи баркашидашуда $1704,49 ($804 +$900,49) млн. долларро, ё 16548, 0 ҳазор адад сахмияро ташкил медиҳад.
Ҳамин далели молиявӣ тавассути қарори ҳукумати ҶТ ҳукми қонуниро бигирад.
9. Левериҷи молиявии сармояи НБО Рогун
Модели дар дастбуда пешбинӣ мекунад, ки ҳукумат ҶТ ҳиссаи худро ба сармоягузорони хориҷӣ бифурўшад. Мавриде, ки сармоягузорони Русия, ё аз дигар кишварҳо аз ҳукумати ҶТ лифофаи саҳмияи НБО Роғунро харидорӣ мекунанд, ҳиссаи онҳо 44 дарсадро (16548*100) / (21000,0 +16548,0 ҳазор адад сахмия) ташкил медиҳад. Зимнан бояд гуфт, ки ҳиссаи шаҳрвандони ҶТ дар сармояи НБО Роғун фақат дар муддати 7-10 сол метавонад то 50 дарсад бошад.
Дар қарордодҳои фуруши саҳмияхои НБО Роғун пешбинӣ шавад, ки, масалан, маблағи $1704,49 млн. доллар якбора ба суратҳисоби бонкии ҳукумати ҶТ интиқол дода мешавад. Маблағи $1704,49 млн. долларро, чун «депозити ҳукумат» барои дарёфти баҳрапулӣ бояд вориди бозори молиявӣ гардонид ва он кафолати арзии сармояи хориҷии барои НБО Роғун сарфшуда, метавонад бошад.
Маблағрасонии сохтмони НБО Роғун аз ҳисоби маблағҳои дохилии кишвар сурат гирад, ки зикраш дар боло буд. Ва дар он сурат, ҷаҳони молиявӣ эътироф мекунад, ки менеҷмент дар ҶТ ислоҳи андешаи молиявии худро пеш мебарад.
Дар қарордод ҳама ҳуқуқхои сармоягузорони хориҷӣ сабт шавад, ки онҳо хуқуқи назорат аз болои кор ва аз раванди сохтмон, иҷроиши корҳои муҳандисиву техникиро доранд. Сармоягузорони хориҷӣ метавонанд ҳақулсаҳмияро талаб кунанд? Онҳо ҳақ ҳастанд, ки мавриди сохтмони НБО Роғун баҳрапулӣ талаб мекунанд. Маблағи ҳисобкардаи $1704,49 млн.доллар, чун депозит, даромад хоҳад овард ва аз ҳисоби он метавон ба сармоягузорони хориҷӣ баҳрапулӣ дод.
Дар қарордод зикр шавад, ки то рўзи бакордарории ҳама агрегатҳои НБО Роғун, арзишӣ ҳақулсаҳмияҳо ба маблағи сармоягузорӣ зам намешавад. Ба механизмҳои молиявии дар банди 9 буда, қудрати иҷроияро Қарорҳои Ҳукумати ҶТ мебахшад.
10. Ҳамоҳангии модел бо фаъолияти биржа
Сармоягузорони хориҷию дохилӣ метавонанд, ки саҳмияҳои НБО Роғунро то замони бакордарории он харида тавонанд? Бале, имконият ҳаст. Мавриде, ки ҳуқуқи соҳибмулки саҳмияҳои НБО Рогун ба маблағи $309 доллар ба шаҳрвандон мегузарад, баъзе аз сокинон саҳмияҳои худро аз заруряти моддӣ ба фурўш мемонанд. Аввал аз ҳама саҳмияҳои худро нафақахўрон, бознишастагон ва ашхосе, ки аз Тоҷикистон куч мебанданд, мефурўшанд. Аз ин ҷо дар раванди хусусигардонии сармояи НБО Роғун, пеш аз ҳама ҳиссаи саҳмия ба нафақахурон номнавис шавад.
Агар ҳукумат ҳамин равандро ба эътидол оварад, дар ҶТ бозори хариду фурўши саҳмияҳо шакл мегирад ва як ё ду Биржаи молиявӣ ба фаъолият оғоз мекунад. Брокерҳои сармоягузорон дар ҳамин қисми бозори молиявӣ амал карда, метавонанд барои онҳо адади муайяни саҳмияҳои НБО Рогунро харида тавонанд.
11. Механизми сабти ном ба номи сармояи хусусимешуда
Ҷаҳони рақам ва технологияи компютерӣ ёвар аст. Коди шаҳрвандӣ метавонад механизми сабти ном ба номи сармояи хусусимешуда бошад. Зимнан, бо мақсади дар амал ҷорӣ шудари Қонуни ҶТ «Дар бораи регистри аҳолӣ» бо қарори 214 Шўрои Вазирон ҶТ аз 10 июни соли 1992 сол ба тавсиб расида буд, ки сохт ва таркиби Коди шаҳрвандиро мушаххас карда аст.
Масалан, коди чоррақама рақами тартибӣ дар як рўз шаҳрвандони таваллудшударо ифода мекунад, ки он, масалан, дар Душанбе – аз 0001 то 0699, дар минтақаи Кўлоб – аз 0700 то 1899 мебошад. Ва ҳоказо. Коди ҷинси сокинон бо таври зайл сурат мегирад:
Коди таваллудшудагон
дар асри Мард Зан
ХIХ 1 2
ХХ 3 4
ХХI 5 6
ХХII 7 8
ХХIII 9 0
Коди шаҳрвандӣ аз 12 рақама метавонад ба 18 рақама табдил шавад, агар индекси почта ҳамроҳ гардад. Масалан, коди шаҳрвандии 37508150025 734056 9 дар даст дорем, ки маънояш: 3- мард, ки дар асри ХХ таваллуд шудааст; 75- ду рақами охири соли таваллудаш; 08- моҳи авгут; 15- рўзи таваллуд; 0025 – коди тартибии шаҳрванд дар нохияи Шоҳмансур (дар як рўз дар як ноҳияи маъмурӣ метавонанд 19998 нафар кодро соҳиб шаванд); 734056 – индекси почта; 9 - разряди назоратии код. Агар Коди шаҳвандӣ истифода шавад, дар як марҳила ду иқдоми иқтисодӣ, ки барои идорашавии давлат зарур аст, муштаракан анҷом мегирад.
А) давра ба давра ва сабти ном ба номи сармояи НБО Роғун ба вуқўъ мепайвандад, ки бигузор чандон зиёд набошад ҳам, вале имконияти иқтисодии баробарро барои ҳама шаҳрвандон ҳамвор месозад. Васоили осоиштагии Коди шаҳрвандӣ дар он аст, ки вай имкони ба номи ҳар як шаҳрванд сабти хусусимешудаи сармояи НБО Роғунро вобаста аз синну сол, ҷинс, минтақа, касб муайян месозад;
Б) дар рафти ба ҳар сокини кишвар пешбинӣ шудани Коди шахрвандӣ, имконияти гирдоварии омор дар бораи аҳолӣ пайдо мешавад(маълумот, касб, намуди фаъолият, синну сол, миллат). Ва дар ҳамин асос Регистри аҳолии ҶТ дар компьютер ҷараён мегирад, ки худ як пешравии беназир буда ва ба ин натиҷа ҳар моҳ метавон ҳолати демографии давлатро таҳлил кард. Сокинон барои гирдоварии ҳамин мазмун омор кўшиш ба харҷ медиханд, чунки онҳо ҳавасманд мешаванд, ки соҳибмулки саҳмияҳои НБО Роғун ба андозаи $309 доллар шаванд.
Аз Регистри аҳолӣ метавон дискҳои дар он омори аҳолии зикршударо барои сабти саҳмияҳо ба номи (Коди) ҳар шаҳрванд истифода кард. Дар асоси Коди шаҳрвандӣ ҷустуҷўи саҳмияҳои ба номи сокинон номнависшударо метавон анҷом дод.
[1] Рўзномаи «Азия –плюс» 16 декабри соли 2009 бо андак таѓьир онро ба
чоп расонда, зикр кард, ки «олими шинохта Холмањмад Азимов алњол тобистони соли гузашта андешањоеро дар ВАУ аз боби моликияти умумхалќї шудани НБО Роѓун баён дошта буд. Пешнињодњои ў, ки аз њисоби манбањои дохилиљумњурявї НБО Роѓун сохта шавадро дар бар дошт, дар амал ба хатти маши сиёсї табдил ёфт». Шакли пурраи модел рўзи 19 декабри 2009 дар Интернет сайти:www.asiaplus.tj. љойгир шудааст. Рўзномаи «Фараж» бо забони тољикї 30 декабри 2009 сол шакли комили њамин моделро ба чоп расонд.