Истиқлоли фикрӣ ва суботи минтақа

Категория: Истеҳсоли барқ
27.04.2010

    Расонаҳои гурўҳӣ хабар дод, ки дар арафаи иди «Наврўз» Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба боздошти ҳазор вагони маводи сўхт ва таҷҳизоти фанни дар истгоҳои Хавос, Қарршӣ, Сариосиё, Ҷайрон ва Қудуклии Ўзбекистон ба сафири он кишвар дар Тоҷикистон нота супоридааст, ки ёддоште ба манзури мусоидат дар ҳалли мушкилот буда бошад. Ҷониби Ўзбекистон мушкили манъ шудани ин вагонҳоро дар корҳои сохтмонию банд будани қисмати роҳ рабт кардааст. Ўсмон Қаландаров, муовини сардори ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» гуфтааст, ки иддаои ҷониби Ўзбекистон баҳона мебошад ва ин амалро метавон «муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Ўзбекистон» донист. Дигар амалҳои органҳои давлатии ун кишвар низ аз ба муҳосираи иқтисодӣ гирифтани Тоҷикистон дарак медиҳанд, мисли худсарона бастани ҷараёни газрасонӣ, қать кардани интиқоли барқи дар Созишнома пешбинишуда аз ҳудуди Ўзбекистон, ки масалан, ҶТ аз Туркманистон мехарад ва беасос дар Ўзбекистон муддати 30-40 рўз боздошт шудани мошинҳои боркашӣ ҶТ ва дигар иқдомҳои найранговар. Агарчи таҳлилгарон ин қазияро ба баҳси Тоҷикистону Ўзбекистон сари сохтмони нерўгоҳи Роғун рабт медиҳанд, вале кори роҳбарони мамлакати ҳамсоя аз дупаҳлугии сиёсати дар ҷаҳон маъмул ранг мегирад.

Ислом Каримов чӣ мехоҳад?

Ногуфта намешавад, ки Ҷумҳўрии Тоҷикистон аз рўзи бадаст овардани истиқлолияти худ гаравгони сиёсатҳои Ислом Каримов, Президенти Ўзбекистон гаштааст. Дасти дарози Ислом Каримов аз як навдаи шохаи бузурги сиёсати ҷаҳонӣ берун меояд. Дар чорчўбаи илм аниқтар бигўям, ки нафсонияти иқтисодӣ ва пешбинии рукуди иқтисодӣ дар гузаштаву оянда яке аз асоситарин далелҳои эҷоди бўҳрон ва ҷанг дар кишварҳои дарҳолирушд таввасути кишварҳои рушдёфта ё давлатҳои андак пурқудрат аст, агарчи ихтилофҳои сиёсӣ ҳамеша дар ҳар кишвар вуҷуд дорад. Вале пурранг кардани ихтилофҳо дар шароит хос ва дар минтақаи хос (масалан, дар Ҷумҳўрии Тоҷикистон) замоне барои фурсатталабон судовар буд ва хоҳанд монд.

Ислом Каримов сиёсатмадори доно ва фурсатталаб мебошад. Ба суоли «Ислом Каримов чӣ мехоҳад?» соли 1992 ҳафтавори форсиии «Кайҳони Лондон» навишта буд, ки «…ягона орзўи роҳбари Ўзбекистон ҳамеша дарҳолирушд ва валангор дидани Тоҷикистон мебошад, чунки вай дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳҷўё ва рушдёфта бо назардошти омили этникӣ, ки тоҷикон дар Ўзбекистон нуфузи калон доранд, хатар бар суботи кишвари худро мебинад».

Мувофиқи навиштаҳои Дэвид Карлсон, профессори Университети Гарварди ИМА дар августи соли 2003, «Дар давраи аввали асри ХХ то ХХ1 40 дарсади аҳолии Ўзбекистонро тоҷикон ташкил медиҳанд ва дар замирашон истиқлолхоҳӣ реша дорад».

Барои Ислом Каримов майдоншинии намояндагони минтақаҳои шарқу ҷануби Тоҷикистон дар Душанбеи солҳои 1991- 1992 фурсати судбахш буд, ки роҳбарони андешманди онро бадном созад. Моҳи августи соли 1991, дар як ҷаласаи Шўрои Олии ҶТ яке аз вакилони мардумӣ изҳор дошт, ки «роҳбарияти Ўзбекистон Каҳҳор Маҳкамов, Президенти ҶТ –ро мавонеъи дурустшавии муносибатҳои ўзбекону тоҷикон медонад». Ба бахти талхи тоҷикон, вакилони Шўрои Олии давр ба ун найранг бовар карданд ва ба шикасти Сарқонуни ҶТ пардохтанд, ки Қаҳҳор Маҳкамов истеъфо дод.

Интихоботи умумихалқии президентии ҶТ охири соли 1991 Раҳмон Набиевро ғолиб донист. Обрўмандии ў дар минтақа садди роҳи худустувории Ислом Каримов шуд. Як корманди дастгоҳ моҳи декабри соли 1991 нақл дошт, ки рўзи гузашта барои имзои санаде назди Р. Набиев, Президенти ҶТ даромадам. Ман ҳанўз ба гап сар накарда, ёвари Набиев хабар дод, ки дар хатти телефон Ислом Каримов… Онҳо якдигарро бо ўзбекӣ ҳолпурсӣ доштанду масъалаҳои сиёсиро бо забони русӣ муҳокима мекарданд. Ман гўш кардани сўҳбатро ба худ эб надида, аз кабинет берун шудам. Барои бозпас гирифтани коғаз қариб 40 дақиқа пас омадам, ки сўҳбати телефонии Р. Набиев бо Ислом Каримов бо забони тоҷикӣ идома дошт. Раҳмон Набиев бисёр асабонӣ ҳарф мезад, ки ҷумлаи охираш «… Ислом, Ислом Абдуғаниевич, ба корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат накун!», - буд ва асабонӣ гўшаки телефонро партофт ва илова кард: бори аввал фаҳмидам, ки Президенти Ўзбекистон забони тоҷикиро медониста аст.

Ҳабибулло Табаров, собиқ вакили халқ ва намояндаи Фронти халқӣ, ки барои дарёфти кўмакҳои ҳарбӣ бо вазири дифои Ўзбекистон соли 1992 мулоқотҳо доштааст, моҳи сентябри соли 2008 барои ҳафтаномаи «Миллат» гуфта буд, ки «то ҷое ба ман маълум аст, роҳбарияти баландпояи Ўзбекистон ба Р. Набиев эҳтиром надошт».

Моҳи октябри соли 2008 Хоҷӣ Акбар Тўраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ барои ҳафтаномаи «Миллат» зикр дошт, ки «аз рўзҳои аввали президентиаш, роҳбарияти кишвари ҳамсоя намехост бо Раҳмон Набиев ҳамкорӣ дошта бошад». Бо як ибораи сиёсӣ, муносибатҳои солҳои 1991-1992 миёни Ислом Каримов, президенти Ўзбекистон ва Қаҳҳор Маҳкамов, Раҳмон Набиевро набудани якдигарфаҳмӣ мегўям, ки натиҷаи хусумат байни соҳибистеъдодон буд.

Тарсонидани халқи худ

Таҳлилҳо собит месозанд, ки Ислом Каримов ҳамон ақидаҳоро дар қиболи ҶТ пиёда сохта, ки генерал Зиёул Ҳақ, президенти Покистон дар муқобили Афғонистон раво дида буд. Авҷи хушунати генерал он буд, ки «Кобул бояд мисли ҳезум бисўзад» ва мақсади ўро, муттаассифона, Гулбиддини Ҳикматёр, тавассути бомбаборон кардани Кобул (соли 1992), то ҷое ба амал баровард.

Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода 9 октябри соли 2008, зимни таҳлили хушунатҳо миёни сокинони чанд минтақаҳои ҶТ ва яроқбадастони солҳои 1990-1998, гуфта буд: «сабаби асосӣ дар он буд, ки дар ҶТ худшиносии миллӣ ва исломӣ, кўшиш ба озодӣ болотар аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Он бедорӣ ва озодихоҳии бузург буд ва кишварҳои ҳамсоя ун кўшишҳоро, чун хатар бар мамлакати худ пиндоштанд. Бинобар ин, шаҳвардони озодихоҳи Тоҷикистонро пачақ карданд, ки ба халқи худ бигўянд: «бибунед, ба чӣ натиҷа меоварад озодихоҳӣ ва демократия. Ба хотири тарсонидани халқи худ, тахмин 100-150 ҳазор аҳолии ҶТ – ро нобуд карданд».

Бар хилофи кўшишҳои СММ, Россия, Эрон, Қазоқистон, Ҷопон, ИМА ва дигар мамлакатҳо, Ислом Каримов ба танҳоӣ муқобили Созишномаи сулҳи соли 1997-и миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифони он буд. Авҷи хушунатҳои Ислом Каримов рўзи 12 июни соли 1998 баръало шуд, ки ба яке аз рўзномаҳои Қирғизистон гуфтааст, ки «баҳамомадани мухолифин бо Ҳукумати Тоҷикистон натиҷаҳои нохуш ба бор меоварад…».

Таҷовузи ҳарбии Ҳукумати Ўбе кистон

Дар яке аз барномаҳои телевизионии Россия 11 августи соли 1997, Лукин - раиси Кумитаи масъалаҳои байналхалқии Думаи давлатии Россия гуфта буд, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар чизе ки бавуқуъ мепайвандад, он натиҷаи кўшишҳои Ўзбекистони дар Шарқ империя шудан, мебошад».

То соли 1998 нооромиҳои минтақаҳои Тоҷикистон ба фаъолияти ғайриқонунии Маҳмуд Худойбердиев низ вобаста буданд. Вазири корҳои хориҷии Ўзбекистон 11 ноябри соли 1998, барои матбуот дар Тошканд изҳорот пахш карда, мазмуни нотаи эътирозии Ҳукумати ҶТ аз дасти ширкат доштани Ўзбекистон дар таҷовузи ҳарбии Маҳмуд Худойбердиев ба ҳудудии Тоҷикистонро қатъиян рад кард.

Сайдамир Зуҳуров, вазири амнияти ҶТ рўзи 12 ноябри соли 1998, дар иҷлоси сессияи парламент гўшрас намуд, ки «ҳама сохторҳо медонистанд, ки ба вилояти Ленинобод ҳамлаи ҳарбӣ мешавад. Вале мо умед доштем, ки роҳбарияти Ўзбекистон ҳамлаи ҳарбиро роҳ намедиҳад». Пас аз андак вақте ба парламент Эмомалӣ Раҳмон омаданд ва изҳороти Президенти ҶТ пахш шуд: «ҳамлаи ҳарбии М. Худойбердиев – ин таҷовузи ҳарбии Ҳукумати Ўбекистон мебошад, ки мақсадаш нобуд кардани давлати мустақили Тоҷикистон аст. Мо далелҳои ширкати бевоситаи умури махсуси Ўзбекистон барои ташкили таҷовузи ҳарбиро дар даст дорем. Дахолати Ўбекистон дар корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил шаш сол ба ин тараф идома дорад…», – кушоду равшан гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон. Суханҳои боло шаҳодат медиҳанд, ки соли 1998 фурсатталабӣ ва хусумати пинҳонии Ислом Каримов, президенти Ўзбекистонро Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, возеҳ дид ва табиист, ки дар замири ў вокуниши биологӣ он вақт зуҳур кардаву минбаъд якдигарфаҳмии ҷонибҳо бо кундӣ пеш меравад…

Гуфтан бамаврид аст, ки судҷўии органҳои давлатии Ҷумҳурии Ўзбекистон аз барангехтани низоъ дар ҷаҳон аз зуҳури фундаментализми исломӣ ва терроризм аз Тоҷикистон ва Афғонистон низ ифшо гашт. Масалан, аввали октябри соли 2004, Крег Мюррей – сафири Бритониёи Кабир дар Ўзбекистон, дар маълумоти махфии худ барои Вазорати корҳои хориҷии давлаташ, овардааст, ки «қурбониёни фиребхўрда зери шиканҷа маҷбуранд ба гуноҳи худ «иқрор» шаванд, ки бо онҳо ҳукуматдорони Ўзбекистон мехоҳанд барои ИМА ва Бритони ёи Кабир исбот намоянд, ки «мову шумо як ҷангро муқобили террор мебарем. Ин ҳама фиреб аст, ки ҳукуматкунандагони ҳамин давлат ба амал бароварданд, ки Ўзбекистонро қисме аз ҷанги глобалӣ бо террор муаррифӣ кунанд…», – навишта буд Крег Мюррей.

Роғун ва муъодилоти минтақавӣ

Лоиҳаи сохтмони НБО-и Роғун, ки замони по бар ҷо Будани ИҶШС оғоз шуда буд, пас аз 10-15 соли пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ, дар даҳсолаи аввали асри ХХ1, ба сари баъзе аз фурсатталабон нақшаеро овард, ки агар он анҷом гирад, Тоҷикистон қудратманд мешавад ва ин бо муъодилоти минтақавӣ созгор набуда бошад. Вале акнун барои бадном сохтани Тоҷикистон бо сабаби фундаментализми исломӣ ва терроризм асосе нест ва мебинем, ки президенти Ўзбекистон бо кадом услуб тамоми аҳолии кишварашро муқобили Тоҷикистон барангехтанӣ аст. Ислом Каримов, президенти Ўзбекистон, найрангҳои сиёсиро ба кор гирифта, худро падари ғамхори ўзбекон нишон дода, мегўяд: «ҳамсоягони мо мехоҳанд барқи арзонро ба Афғонистон ва Покистон бифирўшанд, аммо ояндаи авлоди шаҳрвандони мамлакати мо чӣ мешавад! Ин ҷо сарзамини мо аст ва мо онро тарк карданӣ нестем. Чӣ тавр ба чашми фарзандон ва наберагонамон менигарем, агар Ўзбекистон бе об монад?», – ба мағзи мардуми худ филфил мепошид Ислом Каримов.

Ду далели зерин кофӣ бошад, ки бе асос будани ин гуфтаҳои И. Каримов исбот шавад. Якум. Ба ҳамагон маълум, ки турбинаҳои барқдиҳандаи нерўгоҳҳои обӣ аз металл сохта мешаванд ва обро фурў намебаранд, кам намекунанд. Аз суръати об турбинаҳои НБО-и Роғун тоб мехўранд ва об боз ба ҷараёни дарёи Вахш мерезад. Дуввум. Ҳукумати Тоҷикистон борҳо кафолат додааст, ки дар давоми 15 сол аз ҳисоби лимити ба Тоҷикистон тааллуқ доштаи оби Вахш дар сарбанди НБО-и Роғун об гирд оварда мешавад ва ҷараёни об дар Амударё аз будааш кам намешавад. Муттаассифона, роҳбарони Ўзбекистон дар масъалаи НБО Роғун худро акнун ғолиб меҳисобанд. Аз аввали соли 2010, дар истгоҳҳои роҳи оҳани Ўзбекистон вагонҳои боркаши ба Тоҷикистон меомада боздошт мешаванд ва Роғун – ибораи калидӣ мебошад, ки вагонҳо ҳарчи тўлонитар боздошт шавад. — Ўзбекҳо ҳатто махфӣ намедонанд, ки онҳо асосан масолеҳ ва таҷҳизоти таъиноти Роғунро боздошт мекунанд1,- гуфтааст як корманди боркашонӣ барои «Азия –Плюс». Ўзбекистон ғолиб буданро дар ҳамкорӣ бо Росия мепиндорад.

 Бояд иқрор шавем, ки роҳбарони Росия аз гуфтугўҳо доир ба иштирок дар сохтмони НБО-и Роғун хаста ҳам шудаанд. Бо эҳтиром аз адл гуфта шавад, ки Владимир Владимирович Путин, Сарвазири кунунии Россия кўшиш ба харҷ дода буд, ки сохтмони НБО-и Роғун аз нав, бо сармоягузориҳои молиявию техникии Росия оғоз шавад. Замоне, ки ширкати «RusАl» аз сохтмони НБО-и Роғун норизо шуду аз Тоҷикистон рафт, президенти вақти Россия боз кўшиши сохтани НБО-и Роғунро изҳор карда буд. Владимир Путин дар вохурӣ (августи соли 2008) дар Душанбе изҳор дошт, ки «Россия тайёр аст муштаракан бо Тоҷикистон ҳамин пружаи дар минтақа бузург ва пураҳамиятро бисозад. Вале Ҳукумати Тоҷикистон ҳақдор аст, ки лоиҳаи созишномаи қобили қабули хеш ва дигар сармоягузоронро омода намояд. Ва он маврид метавон роҳу рафторро мувофиқа кард. Имкониятҳои Россия барои сохтмони НБО-и Роғун ҳастанд. Ҳиссаи мамлакатҳо – сармоягузоронро, пеш аз ҳама Тоҷикистон, муайян мекунад ва он ҳиссае, ки ба Росия мутталлиқ мешавад, мо худамон имконияти маблағрасонир дорем»2, - ҷиддан қайд дошт В.В. Путин.

Пас аз дўстона луқма додани В. Путин ҳам, лоиҳаи Созишномаи бо сармоягузорони хориҷӣ сохтани НБО-и Роғун пешниҳод нашуд. Мавқеи амал расида буд, аммо менеҷерони зинаҳои миёнаи идоракунӣ сарашонро мисли кабк зери барф андохтанд Менеҷерони органҳои зи-дахл пешгўии арзиши солонаи сармояи НБО-и Роғуни мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифта, сохтор ва левериҷи сармояи онро эълом накарданд. Сармоягузорони Россия аз соли 2004 наметавонанд дар Тоҷикистон барои худ аз сатҳи даромади бехавф дар НБО-и Роғун ҷавоб ёбанд ва бинобар ин, барои онҳо пешгўии андозаи хавфи систематикӣ муамморо мемонад. Истисно нест, ки сиёсатмадорон ҳамеша ин камбудиҳои менеҷерони зинаи миёнаи идораи Тоҷикистонро ҳамчун берағбатӣ дар ҳамкориҳо бо Росия бифаҳманд?

Тоҷикистон ҳикмати «дўстони мушкилосонкункасонро гум макун»-и Мирзо Турсунзодаро ба инобат гирифта натавонист. Мушкилосонкун кас – Владимир Путин аз менеҷерони Тоҷикистон магар дилхунук шуда буд? Ва Росияи бузург аксуламал низ нишон дод. Президенти Россия В. Путин 6 феврали 2008 дар Маскав бо Ислом Каримов, президенти Ўзбекистон мавриди бо даъвати расмӣ омаданаш, Қарордод миёни Росия ва Ўзбекистонро ба имзо расониданд, ки дар банди 11- и он омадааст: «ҷонибҳо ба ифоқа омаданд, ки пеш аз сохтани пружаи гидроэнергетикӣ манфиати ҳама давлатҳое, ки ба ҷараёни оби дарёҳои сарҳадпаймои минтақаи Осиёи Марказӣ пайванданд, дар асоси меъёрҳои ҳуқуки байналхалқӣ ба инобат гирифта шаванд1».

Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов 14 январи соли 2009, дар рўзномаи «Азия -Плюс» навишта буд, ки моро эҳсоси ноҳинҷорӣ фаро мегирад, ки мабодо, орзуи миллиамон – НБО-и Роғун- ба хотири ҳалли проблемаҳои геполитикии минтақа «тангаи бадалшудаи» Маскав ва Тошкандро намонад. Фоли сиёсии ў то ҷое дуруст баромад. Дар ҷараёни боздиди расмии худ аз Тошканд (22 январи с.2009), Дмитрий Медведев, президенти ФР гуфт: «… Мавқеи Федератсияи Россия ба он асос меёбад, ки ҳар давлате хоҳиши чизеро сохтан дорад, бояд ки бо ҳамсоягонаш ба ифоқа бирасад, исботи зарурии бехатарии дурусти экологии лоиҳаро пешниҳод намояд. Ва роли супоришдиҳандаи солимақл ва ҳақиқии ин ё он кор бояд бошад».

   Зимнан, Д. Медведев, президенти Россия, моҳи августи соли 2008 дар Душанбе, суханҳои куллан баръаксеро нисбат ба гуфтахои худ дар моҳи январи соли 2009 дар Тошканд, изҳор дошта буд. Натиҷаи гуфтугўҳои роҳбарони баландпояи Росия ва Ўзбекистон дар Тошканд зояндаи мубоҳисаҳои сиёсӣдар Тоҷикистон гаштанд.

Чӣ бояд кард?

1. Дар қиболи Ислом Каримов кушодагўиҳои ҷасурона аз тавони дахолат ба вазъияти Ўзбекистон, ки аслан андешаи рустоӣ мебошад, натиҷа нахоҳад дод. Ҳамчунон шиорпартоиҳои роҳбарияти Ўзбекистон ба корҳои дохилии Тоҷикистон бар зарари аз Тошканд давлатдорӣ мекардагон, метавонад анҷом гирад. Омўхтани ҳаёт нишон медиҳад, ки на доро, балки шахси хушақл бо ҳамсоягон бо адаб сухан мегўяд, он маҳоратро тарсу будан қаламдод натавон кард, баръакс, қудрати тавоноӣ бояд номид.

Ин давр ва дар замони оянда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳо ба ду ҳамсояи он - Ҷумҳурии Халқии Чин ва Ҷумҳурии Ўзбекистон, – мушкилписандтарин ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва этникиро тақозо мекунанд. Ҳукумати Тоҷикистон бояд дар сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ ду Пажўҳишгоҳи илмӣ дошта бошад, Бахусус, (1) «Пажўҳишгоҳи омўхтани Ўзбекистон ва Осиёи Марказӣ» ва (2) «Пажўҳишгоҳи таҳлили ҳамкориҳо бо Чин». Ин ду Марказ ҳар ҳафта сухани тоза аз натиҷаи ҳамкориҳо бо ин ду кишварро бояд бигўянд, ки кори алтернативӣ ба фаъолияти сафаратхонаҳои мо дар ин ду давлат буда бошад. Фурсати зикр мебошад, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд квотаро муқаррар созад, ки дар муддати 50 соли оянда дар ҳудуди Тоҷикистон шумори шаҳвандони кору таҳсилкунандаи кишвари Чин аз садҳазор набояд боло равад. Ҳамин мазмун квотаро дар муносибат бо Ўэбекистон низ бояд ҷорӣ кард. Ва ин ду маркази илмӣ бояд мактаб – мадрасаи таҳлили ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ўзбекистон ва кишвари Чин буда бошанд.

2. Ўзбекистон ва Тоҷикистонро кишварҳои дўст, бародар нагўем, чунки таҷрибаи 15-17 сола нишон дод, ки онҳо шиорҳои бардурўғ будаанд. Ба ҳеч ваҷҳ, гуфтаҳои Ислом Каримов «ўзбеку тоҷик як мардуманд, ки бо ду забон ҳарф мезананд»- ро истифода, сармашқи кор накунем, ки ин андеша дар худ илм надорад ва тўдаи мардум маҳз бо шарофати будани забон номбардори ягон халқ ё миллат мебошад.

Барои ҳамвор шудани ҳамкориҳои барои Тоҷикистон ва Ўзбекистон судманд, дипломатияи ҳассос ба номи «ҳамсоягонем ва бар зарари якдигар амал нахоҳем кард!» бояд пиёда гардад. Аввалин мақсаду натиҷаи ин ниҳоли якдигарфаҳмӣ ё дар Хуҷанд ва ё дар Самарқанд гирди мизи гуфтугў омадани Ислом Каримов ва Эмомалӣ Раҳмон бояд бошад. Асоси маънавиёти рў ба рў меомадаашон ҳамон ҳикмати Саъдии бузург бошад, ки «…бо хубон ошноӣ кардан мушкил аст, гар ошноӣ метавон кард, ҷудоӣ кардан мушкил аст». Ислом Каримов аз соли 1992 бо Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ доштанд ва зарур аст, ки ҳар ду аз он ошноӣ эҳтиром гузоранд, то ки хусумат байни шаҳрвандони Ўзбекистон ва Тоҷикистон аз боби НБО-и Роғун аз байн бардошта шавад.

3. Вагонҳои молу маводи ба Тоҷикистон меомада дер бошад ҳам, охир аз дасти органҳои давлатии Ўзбекистон раҳо мешаванд. Як равандро пешгўӣ мекунам ва рўзе мерасад, ки намояндагони ширкатҳои Ўзбекистонӣ дар Тоҷикистон бо хоҳиши худ сари по меистанд, ки содироту воридоти моли давлати мо тавассути роҳҳои Ўзбекистон ба вуқўъ пайвандад ва «ТоҷикГаз» фақат харидори гази кишвари ҳамсоя бошад. Вале ҳоло ҳозир Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи ба НБО-и Роғун гиреҳхўрда бо Ўзбекистон бояд гуфтушунид бикунад. Чаро? Бо он иллат, ки роҳбарияти Ўзбекистон дар масъалаи сохтмони НБО-и Роғун бар зарари кишвараш иштибоҳ доранд ва пушаймон ҳам ҳастанд, лекин аз зини аспи мағрури минтақагароӣ намехоҳанд поён оянд.

 Менеҷери пуртаҷрибаи соҳаи барқрасонӣ Георгий Николаевич Петров дуруст мегўяд, ки ҳатто мавриди мусбат омадани тадқиқи такрории Бонки Ҷаҳонӣ аз боби самаранокии НБО-и Роғун, Ўзбекистон норизогиашро баён медорад1. Дипломатияи ҳассоси «ҳамсоягонем ва бар зарари якдигар амал нахоҳем кард!» паҳлуи дигарро низ пешбин бошад, ки ҷониби Тоҷикистон пас аз ба кордарории НБО-и Роғун механизмҳои дар амал чорӣ кардани кафолатхоҳиҳои Ўзбекистонро баррасӣ мекунад.

Агар чунин созишҳои якдигарфаҳмӣ миёни Ўзбекистону ва Тоҷикистон нашаванд, пас назди худододагон бояд нишаст. Турсуной Зокирова   некбини худодод мебошад, ки зодаи Тоҷикистон мебошад. Агар кадом таҳлилгар ё сиёсатмадор аз оқибатҳои нохуши  набудани якдигарфаҳмӣ (ба иллати хушунад) миёни Тоҷикистон ва Ўзбакистон  пешгўиҳо дошта бошад, роҳбарони ин  давлатҳо ҳоло ҳозир шояд  ба инобат нагиранд.  Турсуной Зокирова – каромотпеша ва қудрати фавққулодаро дорост ва умед дорам, ки  аз набудани якдигарфаҳми миёни Ўзбекистону Тоҷикистон натиҷаҳои меомада ба ў аён хоҳанд шуд ва аз забони Турсуной шунидани дорўи табобати муносибатҳои «беморшудаи» Ўзбекистон ва Тоҷикистон барои шаҳрвандони ин ду давлат судманд буда бошад. 

Вазъият байни баду бадтар  набошад

4. Илми идора кардан исбот кардааст, ки беҳтарин далели гуфтугўҳо бо кишварҳои хориҷӣ – дуруст ба роҳ мондани идораи иқтисодиёти давлати хеш мебошад. Зиёдахоҳон ва ғосибони хориҷию дохилӣ дар оянда мақсад доранд, ки дар Тоҷикистон вазъият фақат байни баду бадтар бошад. Дар чунин вазъият аз давлатдории тоҷикӣ аксарият дилмонда мешаванд.

   Яке аз роҳи беҳбудӣ бахшидан – ин ширкати ислоҳотхоҳон дар идора шудани давлат мебошад. Ислоҳотгарон гом ба гом бо камтарин хазинае моро ба аҳдофи олӣ мерасонанд ва ин ба он шарте аст, ки ислоҳталабон ҳуқуқи миллатро дарёфт кунанд. Банда ҳанўз моҳи сентябри соли 1996, дар рўзномаи «Истиқлол» андешаи ташкили Шўрои қувваҳои ақлонӣ ва кўҳансолонро баён дошта будам. Вазъи имрўза ва дурнамои рушди ҷомеа тақозо дорад, ки Шўрои қувваҳои ақлонӣ ва кўҳансолон бояд таъсис дода шавад. Асоси ин Шўроро академико ва олимони намоён бо сарварии Президенти Академияи илмҳо (АИ) ташкил дода, ҳайати онро бояд Раёсати АИ муқаррар намояд.

Шўрои кўҳансолон аз ҳисоби собиқ роҳбарону сиёсатмадорони барҷастаи Тоҷикистон, ки дар нафақа ё арафаи бознишастагианд, иборат шуда, ҳамчунин ду намояндаи диниро низ дар дарбар гирад ва ҳайаташ шояд аз 23 кас иборат шуда, дар маҷлиси АИ ҷумҳурӣ муайян гардад. Шўрои қувваҳои ақлонӣ ва кўҳансолон умдатарин кори зеро бо дўш дошта бошад: баҳодиҳӣ ва арзёбии паҳлуҳои стратегии тараққиёти Тоҷикистон ва амнияти он, бахусус, пешрав сохтани саноат;

пешниҳоди номзадҳо дар интихоби умумихалқии президент; пешниҳоди номзади сарвазирӣ ва вазирони соҳаҳои иқтисодиёт барои таъин ва интихоб шудан бо фармони президент ва дар парламент; баррасии пешниҳоду тағйирот ба Конститутсияи давлат ва дигар.

5. Истиқлоли сиёсии шаҳрвандон аз истиқлоли фикрии онҳо бармехезад. Истиқлоли фикрӣ - посдори суботи Осиёи Марказӣ мебошад. Ҷойи кайд аст, ки асли дахолат ба корҳои дохилии ҶТ тўли 15-20 соли охир, вожаи тоҷик ва Тоҷикистонро чанд сол ба ин тараф дар дигар кишварҳо ба масхара гирифтанҳо – ин заиф сохтани истиқлоли фикрии тоҷикон мебошад. Иддае аз қувваҳои хориҷӣ дар ин давра рўйирост муқобилият бар истиқлоли фикрии тоҷикон нишон медиҳанд. Масалан, бегоҳии 4 марти соли 2002, яке аз вакилони Думаи давлатии Россия тавассути телевизиони Маскав, дар хулосаи таҳлили геополитикаи Росия, маслиҳати сиёсии худро ин тавр изҳор кард, ки «…тоҷикон дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Ўзбекистон шумори мутлақан зиёди аҳолиро ташкил медиҳанд, агар онҳо ба ҳам пайванданд, барои Росия хатари калонро эҷод мекунанд …».

 Фурсатталабон аз нуфуси этникии дигар миллатҳо дар Тоҷикистон манфиатҷўӣ мекунанд. Ҷои ранҷиш набошад, агар гўям, ки мудохилагарон бар корҳои дохилии Тоҷикистон ва фурсатталабон дар ҷеҳраҳои ўзбекони Тоҷикистон ҷонибдорони хешро мебинанд. Бахши форсии радиои «BBC» 3 марти соли 2000 мазмуни ҳафтавори «Экономист»- и Лондонро барои тоҷикон гўшрас карда буд, ки дар Тоҷикистон «…зиёда аз як миллион ўзбекони ин кишвар ҳамеша моиланд, мутаъмол ба Ўзбекистон ҳастанд ва ҳама дастури аз он кишвар меомадаро ба иҷро мерасонанд». Дипломат – сиёсатмадори Росия Лукин 11 августи соли 1997 дар барномаи телевизиони Росия таъкид дошт, ки «… дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ўзбекҳо «қувваи сеюманд», ки мехоҳанд ҳукуматро ба даст гиранд».

Мебинем, ки ин андешаҳоро шахсон ва мақомҳои оддӣ нагуфтаанд. Мавриди барқарор нашудани якдигарфаҳмӣ бо Ўзбекистон ва дар корҳои геополитикии минтақа ва ҷаҳон кўшиши чун «тангаи бадалшаванда» истифодашавии Тоҷикистон дарк гардад, иқдомҳои ҷасурона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гирифта шавад, ки дар минтақа таъсироти тўфон, раъду барқ дар рўзи офтобиро монад. Яке ин аст, ки Точикистон даст ба сохтани силоҳи ҳастаӣ занад, вале ин иқдом нодаркор аст.

Иқдоми барои тоҷикон тақдирсозро Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон метавонад бо Фармони худ ба амал барорад, ки тоҷикони Тоҷикистон дар муддати 20 соли оянда пурра ба хатти бобоӣ – форсӣ бармегарданд. Ва касе нагўяд, ки як халқ бо ду забон ҳарф мезанад. Ва ҳамин иқдом пеш гирифта шавад, волотарин далели худшиносии тоҷикон мегардад ва аз бағали баъзе қувваҳо тарбузи пур аз найрангу дахолат ба корҳои дохилии Тоҷикистон меафтад. Аз нав дар муддати 20 сол пурра эҳёшавии хатти форсӣ осонтар аз он мушкилиҳоест, ки мо ҳоло дорем. Мебинем, ки тоҷикони мо дар муддати як сол бидуни омўзиш дар синфхона, забонҳои русӣ, англисӣ, ўзбекиро азбар мекунанд. 

Sunday the 22nd. Душанбе 2014