Манбаъҳои тиллову нуқра дар Тоҷикистон

Категория: Сангу металҳои нодир
27.01.2012

Ҷумҳурии Тоҷикистон- мамлакатест, ки конҳои калони маданро соҳиб аст, ки дар таркибашон нуқра зиёд аст. Захираҳои мадан дар Шимоли Тоҷикистон кашф гаштаанд: дар  Олтин– Топкан ва дар минтақаи мадандори Каромазори марказӣ. Маълум, ки дар асосиКонимансури шарқӣ ширкати маъдантозакунии  Адрасман  фаъолият мекунад. Бо истифода аз маъдани  Конимансури Калон накшаи бакорандохтани корхонаи маъдантозакунӣ чанд сол ба ин тараф вуҷуд дорад, ки иқтидори он  15 млн. тонна маъдан мебошад ва дар натиҷа истеҳсоли 583 тонна нуқра, хаҷми калони  сурб (қўрғошим), фулузои руҳ, тезоби сулфат, масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст.

Коршиносони Идораи геологияи ҶТ изҳор доштанд, ки иктишофи  боз ду кон чараён дорад: Акҷилгин дар Помир, ки мадани он чандсадграмм нуқра дар як тонна дорад; Мирхонӣ, ки каме дуртар аз кони тиллоистеҳсолкунии Тарор воқеъ аст ва аз шароитҳои дурусти кўҳиву техникӣ бархурдор мебошад. Мавриди истифода қарор гирифтани ҳамин ду кон  ба ҶТ имконият медиҳад, ки дар ҷаҳон аз истеҳсоли нуқра мақоми болоро ишғол намояд.

   Ширкати «Норильский никель» моҳи октобири соли 2006 ба ҳукумати ҶТ пешниҳод ирсол карда буд, ки кони Конимансури қалон, ки дар масофаи 50 километр дуртар дар шимоли шаҳри Хуҷанд вокеъ мебошад,- барои сармоягузории истихроҷи нуқра дар ихтиёри он вогузор шавад.

Замима:  ширкатиРусия  «Норильский никель» истеҳсолкунандаи калони никел ва тилло мебошад. Ҳаҷми фурўши молу маводи ширкат соли 2005  дар ҳаҷми $7,5 млрд. доллар буд ва фоидаи софи он – $2,5 млрд. долларро ташкил дод. Директори  генералии  ҳамин ширкат Михаил Прохоров ва президент «Интерроса» Владимир Потанин баробар – ҳар яке 27,4 дарсади саҳмияи ширкати «Норильский никель»-ро дар ихтиёри худ доранд.

 Конимансури калон аз захираи нуқра дар чахон ҷойи чаҳорумро ишғол мекунад ва дар 3-4 сол имконияти бозгардонии сармояи харҷшударо дорад, агарчи дар кўҳдоман, чанд километр баландтар аз баҳр чойгир гаштааст ва истироҷи маъдан мушкил ва гарон буда бошад. Таҳлилгари  «Атона» Владимр Катунин гуфта буд, ки дар паҳлуи кон бояд корпорасияи мадантозакунӣ сохтан зарур аст, сармоягузориҳо дар Конимансури калон аз $1 млрд. доллар зиёд  мешавад. Соли 2007 маблағи сармоягузорӣ барои аз маъдан берун овардани нуқра ва дигар фулузот  дар Конимансури калон  $2 млрд. доллар пешгўи шуда аст.

Муовини директори генералии «Норильский никель» Максим Финский изҳор намуд, ки захираи Конимансури калон то  1 млрд. тонна маъдан мебошад, ки  нуқра дар як тонна 49 грамм, сурб (қурғошим) – 0,49 дарсад ва металли руҳ – 0,38 дарсад аз як тоннаи мадан  берун меояд. Нукра дар ҳаҷми 49 грамм дар як тонна мадан нишондиҳандаи паст дониста мешавад. Масалан, дар кони «Дукаты», ки дар он  ширкати Русия «Полиметалл» фаъолият мекунад, нуқра дар як тонн 600 грамм мебошад. Вале захираи Конимансур калон 50,0 ҳазор тонн нуқра аст, ки маблағи он то $21 млрд. долларов меафзояд; – сурб (қурғошим)  – 5,0 ҳазор тонн; – металли руҳ  – 3,8 ҳазор тонна пешбинӣ мешавад.

Дар Конимансури калон имконияти истеҳсоли 3,3 млн. унсий (1000 тонн) нукра ҳаст. Албатта, ин камтар аз   ширкати«Полиметалл», ки соли 2005  вай истеҳсоли нуқраро то 18, 9 млн. унсий боло бурд. Зимнан бо истифода аз технологияи муосир амалиёти берун овардани нукра аз маъдан дар Конимансури калон, –илова карда буд М.Финский, – наздик аст ба ҳамон амалиёте, ки дар  ширкати«Полиметалл» истифода мешавад. Ва бо шарофати азим будани захираи нуқра дар Конимансури калон ва нархи қаноатмандии бозаргонӣ ба нуқра, фаъолият дар  Конимансури калон барои ҳар як сармоягузор самаранок хоҳад буд. Таҳлилгар  Ольга Окунева  ибрози андеша кард, ки аз оғози соли 2006 арзиши нуқра ба андозаи  49 дарсад афзуд ва нархи он то $13 доллар ба як унсия буд, агарчи коршинос  В. Катунин пешгўи дошт, ки нархи нуқра дар солҳои оянда то ба  $10 доллар ба як унсия паст мешавад.

Қонунҳои ҶТ иҷоза медиҳанд, ки конҳо тавассути лицензия ба ихтиёри сармоягузори хусусӣ бидуни гузаронидани ауксион, дар ивази маблағи зарурии сармоягузорӣ, вогузор шавад. Лекин ширкати «Норильский никель» изҳор карда буд, ки сармоягузории лозимро анҷом медиҳад, мавриде, ки  мавзеъи Конимансури калон минтақаи озоди иқтисодӣ эълом гардад. Вале дар ин ҳолат буҷети давлатии Тоҷикистон, – мегуфтанд коршиносони ҳукумат, –  аз даромади калон, ки аз истиғроҷи нуқра ба амал мебарояд, маҳрум мешавад.

Ногуфта намонад, ки соҳибкорони Қазоқистон ва Қатар ҳамчунин изҳор доштанд, ки мақсади сармоягузорӣ ба Конимансури калонро доранд. Муовини раиси Комитетаи давлатии сармоягузориҳо ва идоракунии амволи давлатӣ Махмадшариф Низомов моҳи  июли соли 2007 аз зарурати «гузаронидани  тендер барои таҳсиси консорсиум бо иштироки ширкатҳои тавонои байналмилалӣ», ки бо лоиҳаи сармоягузории  Конимансури калон машғул гардад, изҳори назар кард. Муҳандис-геолог Шоҳмадзун Маруфшоев пешниҳод кард, ки «сохтмони корхонаи коркарди нуқра дар дохили кишвар нисбат ба содирот кардани нукра ба шакли ашьё, барои Тоҷикистон фоидаовар мебуд».

Thursday the 18th. Душанбе 2014