Гуфторе, ки бунёдгузору ҳифозатгари истиқлолият гардад

Категория: Ибораҳои бунёдгузор
09.10.2014

Барои фарди тарбиядида илми ҳамеша кормеомада – ин хубу гуворо гуфтану шунидан бо забони модарӣ мебошад(ё ҳар забоне, ки ӯ аз ҷавониаш омӯхта буд). Ҳастии Олам аз ҷараёни энержӣ ва иттилоот мебошад, ки бо мағзу рафтори хуб андешидашудаи Инсон бояд фаҳмида шавад ва забонҳои қадимӣ мақоми қулфкушоии мавҷи майдони Квантро доранд.

Халқ мақоми Миллат буданро соҳиб мегардад, агар намояндагони он дар ҳама минтақаҳо байни худ дар гуфтору рафтор ибораҳои ба илм асосёфтаро ба кор гиранд, ки бунёдгузору ҳифозатгари истиқлолият гардад. Дар Тоҷbкистон на фақат кормандони вазорату корхонаҳо, сармоягузорон, кормандони бонк, балки соҳибкорони хурду калон, масалан, тарбузфурӯшон, ҳар сол мошини сабрави тағмаҳои навро бо навтарин, намуди меъмории хонаҳо, ороиши дохилихона, либосҳои беҳтарро бо зеботарин иваз мекунанд ва таъомҳои болаззатаринро маврида истеъмоли худ қарор медиҳанд ва мо мепиндорем, ки натиҷаи кори дар чорчӯбаи инсоф ва қонун анҷомдодаи онҳо бошад. Аммо барои мукаммал кардани гӯиши худ бо забони форсии тоҷикӣ зумрае як сомониро ба харҷ намедиҳанд, Бозоргир набудани рӯзномаҳои тоҷикӣ, аз китобхонӣ дилмонанда гаштани тӯдаи калон мардум ва дилчасп набудани гуфтори тоҷикии касбдоштагон далел аз ин хулоса аст.

Куҷоед меъморони забон?

1. Фазои сухан дилтангам мегардонад. Ҳар рӯз мо вақти рафтан дар мошин ибораи «манъ кун!»-ро борҳо мегӯем ва мешунавем, ки фазои сухани моро дағал ва шунавандаи зиракро хаста месозад, чунки як гӯиши рустоӣ мебошад, ки ҷои ибораи рехтаи адабиро бамаротиб танг кардааст. Ногуфта намонад, ки баъзе аз тоҷикон дар шаҳру ноиҳахои шимоли Тоҷикистон, ё Бухоро ва Самарқанд ибораҳои «нигоҳ доред». «доред», «истед» -ро барои баёни мақсад дар забон доранд.

Вале ибораи «манъ кун!» доираи таъсири ноҷои худро дар Тоҷикистон ҳар соат васеътар месозад. «Манъ кун» бо русӣ (запрещать, наложить запрет) -ро дорад ва дар асл маънои бо вақти номуайян зери фармони умури давлатӣ, ё соҳибмулк ҳаракат накардани мошин ва ҳамчунон маънои баста будани дари мошинро дорад. Бинобар ин меҳмонон - донандагони забони форсӣ аз Афғонистону Ирон ва Ӯзбекистону Покистон ва Ҳиндустон аз шунидани «манъ кун!» дар даруни мошини мусофирбар шояд аз даъвои меросбари забони форсӣ будани тоҷикони Тоҷикистон шубҳа оваранд, чунки як калимаи илмӣ ва умумие барои ҳама тоҷикон, ки «дар даруни мошин рафтану сипас берун омадан» -ро ифода мекардаеро намешунаванд.

Зимнан, ёдам нест, ки хондаам ё шунида будам, ки нависандаи халқии ҶТ шодравон Сотим Улуғзода калимаи русии «остановить»-ро «истонидан» гуфта буданд.

Панҷ соли охир банда ибораҳои «хоҳиш, мошинро боздор!», ё «пеш аз чароғак боздоред!» -ро дар забон дорам. Як бор, баҳори соли 2013, дар даруни мошин мусофирбар форсизабони 35-40 сола бо дӯшизаи худ, меҳмони Душанбе, аз шудани «пеш аз чароғак боздоред!», филфавр, гӯё аз устухонаш лаҳзае барқи гуворо гузашт карда бошад, гӯяндаро меҷуст ва вақти берун аз дар омаданам, нигохаш мегуфт, ки «ибора гуворо буд». Баръакс, баъзе мусофирони мерафта (аз зумраи шаҳрвандони ҶТ) гуфтаи маро «тарҷима» мекунанду «манъ кун!» -ро мегӯянд, ки боз нофаринҷор мегардам.

Ибораҳое, ки бо истьифода аз онҳо хоҳиши ман баён мешавад, маънои боз доштан, боз истодан, истонидани мошин ва дари онро боз - кушода монданро дар худ доранд. Яъне як ибораи «боздор!» се маънои дар як маврид иттифоқ афтодаро ифода мекунад.

2. Ҷойи зикр аст, ки дар Тоҷикистон ибораи фуромадан(спускаться), ки аз он ибораи, мефуроед, мефуроӣ(?) реша мегирад, барои аниқ ганштани мақсади аз тахтахоб, бому қабати баланди хона, кӯҳ поён, ба рӯи замин омадан бакор гирифта мешавад, вале калимаи (выходить)-ро намефаҳмонад, аммо ҳамчунон барои аз мошин, ҳавопаймо берун шудан гуфта мешавад.

Хуб мебуд, ки дар мавриди аз мошину ҳавопаймо берун омадан, ибораҳои «берун (пиёда) мешавам!», ё «пиёда мешавед, мешавӣ?» дар гуфтугӯ бошад.

3. Чанд сол ба ин тараф ҳазорҳо бор такрор мегӯему менависем «Овози тиллоӣ». Овоз тиллоӣ намешавад, чаро ки тилло - моли афсунгар аст ва то ҳол арзишгузори савдогарӣ ва сармоягузорӣ. Дар сайёраи Замин аз тилло дида беназиру коршоям маводу масолеҳ ихтиро шудаанд. Овозро наметавон побанди моддагароӣ кард. Шумо, куҷоед меъморони забон!? Овоз - як ҷузъи ҳастии Олам аст. Овози ҳар шахсият, сароянда ва ҷавон – зарраи нотакрори Даҳр мебошад. Овозро гӯшнавоз, дилнишин, хушоҳанг, ботингир метавон гуфт.

4. Ҳар рӯз борҳо аз радио шунидаам «Забони факт- забони инсоф аст!..». Намехоҳам ба баҳси ин ибораҳо гирифтор гардам, вале дар иваз метавон чунин гуфт: «Иттилоот –оинаи инсоф аст. Иттилоот – «забони» идора кардан Одаму Олам аст!», ки илм хоҳад буд ва баргардон ба дигар забонҳо осон бошад.

5. Байни чамъияти калон суруд набояд бепарда ситоиши муносибати маҳрамонаро монад. «Дар оғуши гарми ту бимурам.…дар оғуше, ки аз лабҳои нармат, бода нӯшам…». Дар суруд сухан қариб то ба ситоиши шаҳват мепечад ва магар ин шеъре аст, ки сароянда байни ҳазор-ҳазор тамошобин бо мусиқӣ такрор ба такрор гушрас намояд?. Балки ба баҳонаи суруд шикастани ҳаёе, ки шигифтангезтарин шохгуле дар ҳусни зани тоҷик буда бошад?. Ин зумра суруд тақозои хонаву дар, вазифа ва пулу дороиро мекунад, ки мақсаду рафтори аввалияти инсон намебошад, ва модапарастиву ғуломбагуш будани занро ифода дорад. Ва барои таквияти гуфтаҳо аз сароидаҳои Аҳмад Зоҳир шингил, ки «нолидани рудро бе ту таҳаммул натавон…».

Иқрор мешавам, ки дар кино, ё дар саҳнаи театр дилдодае, масалан, дар оғуши марди дустдоштааш бимирад, ҳеҷ кадом одобшиканӣ нест. Баръакси саҳна, шеър ва суруде, ки ишқро ситоиш мекунад, набояд бо суханҳои форсии адабшикан гуфта шуда бошад, ки дар издиҳом, байни тӯдаи ҷавонон тарбиятгар ва волдайн лол мемонанд.

Бузурге гуфтааст, суханҳои ишқварзӣ қариб якранганду нақши онхо ба дил аз гӯянда бастагӣ дорад. Ва тарбия раванде гирад, ки ҷавоне барои изҳори муҳаббат суханҳои алхол дар байни издиҳом забонзада нашударо бакор гирад.

Ногуфта намонад, ки шеъере, ки чанд калима аз он зикр кардам, ҳаққи буданро дорад ва моли шоир аст. Ва овозхон низ ҳаққу ҳуқуки сароидани онро дорад, вале дар хонаи танҳо ва фақат барои дустдоштаи худ.

6. Шунидаам аз овозхоне «..чашми мастатба мурам, қади пастатба мурам..». Тули 50 сол зебопарастии одамонро барои худ таҳлил кардам, вале боре надидаам, ки ҷавонзане, духтаре аз кади пасти худ ва ё ҳамболаш дилхуш буда бошад. Ибораҳои овозхон сароида завқи зебопарастӣ ва талоши ҷавони дар тарбияи бадани худ бударо кунд мегардонад. Ин суруд барои иддае ҳаққи пахш шуданро дорад, вале на дар байни ҳазору ҳазорҳо нафар.

Мавҷи беҳудагӣ

7. Ҳазлу мастакбозӣ набояд бо арзиши валангор сохтани забони адабии миллат сурат гирад. Масалан, дастаи ҳунармадони Муқимҷон Абдуфаттоев, ки аз аввал як шеваи гуфтор ва мафкураи рустое аз шимоли кишварро дар саҳнаҳои калону хурд барои ханда ба иҷро мегузошт, ки ман як бор ҳам лабханд нагаштаам, чунки онҳо ҳазёлгӯӣ набуданд, балки намунаи фаҳмиши тангу харобкории забону адаби тоҷик.

Дастаи ӯ ба Марказ бояд барномаву драмаҳое, бо баҳонаи ҳазёлгӯӣ, меовард ва намоиш медод, ки сазовори эҳтиром ба мардуму фарҳангдустони минтақаи шимол бошад. Яъне аз назари марказшиносӣ, ки барои дастаи номбурда бо забони адабӣ иҷро кардани сюжетҳои суфтаву хурд бояд мебуд, ки барои тамошобин дарки реализмро осонтар созад. Вале малакаи касбӣ дида намешуд. Зимнан, баъзе аз намояндагони ҷанубу шарқи Тоҷикистон, ки мақоми мардум ва илму иқтисоди шимоли Тоҷикистонро намефаҳманд ва намедонанд, чанд сол ба ин тараф баъзе аз афроди эҳтиёткори шимолро, бахусус мардуми атрофии Хучандро «будик» гуфта масхара мекунанд. Ин кличка аввал дар байни калонсолони кору вазифа дар дастдошта зуҳур кардааст, ки шарҳи андаки сабуккардашудаи «будик» шояд маънои «нотавон, иҷрокунандаи сархам» -ро дошта бошад, ва банда дар ҳар маврид бо чанд мисол ноҳақ будани гӯяндаро исбот кардаам.

Вале аз саҳна ба ин маъно фаҳмиш, раванди андешаронии нодурусти баъзе ашхос набояд такя, асос пайдо карда тавонад. Матлаб ин ҷо, ки аз гурӯҳи Муқимҷон Абдуфаттоев ҳамеша роли занро марде иҷро мекунад, ки дар ниҳоят поймол гаштани мақоми мардро дар чашми дигарон ҳувайдо месозад ва дар сюжет ҳунар нест, чунки аз иллате, ки актёр бо лаҳни кисме аз занҳои шимоли Тоҷикистонро мавриди иҷрои рафтор дар саҳна бакор мегирад, ва байни ҷавонони дигар минтақаҳои кишвар ақидае ҷоннок мегардад, ки кулли мардҳо «занкалон ва дар рӯзгори онҳо занҳо сардор » ҳастанд.

8. Аммо қисми зиёди саҳнаҳои ҳаҷвие, ки Муқимҷон Абдуфаттоев ва Аловиддин аз гуфтору мафкураи занҳо офаридаанд, хубанд.

Офаридаҳои Аловиддин барои тамошобинон дилчасп ва навгоние, ки актёр ба саҳна овардааст, нотакроранд. Дар саҳна либоси маҳҳали қаҳрамону касбдоштаро дарбар кардани хунарпеша дуруст аст, вале сухан бо забони адабӣ бояд бошад, на бо лаҳҷаи минтақа.

Агар ранҷоиши Аловиддан, режиссер ва ҳунарпеша гиромқадр нагардад, мегӯям, ки намоиши юмор набояд пропагандаи нуқсе аз гуфтори мардуми маҳаллҳо ва касбу кори гуногун буда бошад, ки оқибат бар зарари забони адабӣ мешавад. Барои мавриди истифодаи аҳли хонавода будан, забони адабии форсии тоҷикӣ бояд аз рӯзномаву китоб, тариқи телевизион, аз забони ҳунарпеша, ҳама иртиботҳои техникӣ аз дари ҳар оила вориди хонаи соҳибзабон гардад .

9. Бахшҳои радиошунавонӣ бо тоҷикию русӣ раванди мавҷи бехудагӣ(порыв бессмыслицы) -ро байни ҷавонон ривоҷ медиҳанд, Масалан, касе бо мобили худ аз барандаи радио хоҳиш мекунад, ки дустоштаи ӯро, бародар, фарзанд ва ё хоҳарро ба зодрӯз табрик гӯяд, вале гӯё фаромӯш мекунанд, ки телефонии мобилӣ ихтиро гаштааст, ки бо истифода аз он, ҳар нафар метавонад наздикон ва маҳбуби худро табрик гӯяд. Не, ин тавр намекунанд, ҳатман бо мобилтилфон бо студияи радио тамос мегиранд ва хоҳиш мекунанд ва бояд ҳама бишунаванд, ки ӯ табрик меғуяд!

Ногуфта намонад, ки кишвархои рушдёфта танҳо аз кордонии органҳои давлатӣ соҳибном нагаштаанд, балки онҷо ҳар як шаҳрванд кушиш дорад, ки вақтро зоеъ нагузоронад, чунки дарк кардаанд, ки гузашти вақт- сарфи дороӣ инсон аст. Як иллати ба ҳамин раванди фикрронӣ печидан дар он нуҳуфтааст, ки барномаҳои радиошунавоиҳои навбунёд, бахусус баъзе аз гӯяндагон аз роҳи сару садо баланд кардан, андешаронии танги худ ва мизоҷони радиоро пардапуш мекунанд ва мехоҳанд шунавандагонро низ ба мавҷи беҳудафикронӣ гирифтор гардонанд, ки маҷозан як шохчаи ришваситонӣ аст.

Касе метавонад гӯяд, ки гӯш надеҳ, дар ҳоле ки дар дохили, масалан, салони мошини мусофирбар мавҷи қариб ҳама умури радиошунавоиҳо метавонад дар ҷараён бошад.

10. Дар бахши «ҳозирҷавобӣ» суол, масалан, «шашсаду шасту шаш чашма дар шаш дара» дар миён мемонад, ки мутлако соддапарастӣ мебошад ва аз такрори онҳо вақт беҳуда меравад. Дар асл саволу посух бояд аз илму технология ва аз мафкура ва усули сиёсати пиёдамешуда бошад, ки ҷавон тавассути иттилоот андак илмро метавонад азбар кард, ки дар амалия ба вай судманд бошад.

Хонандаи зирак шояд талабе дар миён монад, ки хуб, Шумо худро каме дар мизи баранда тассавур намоед ва чӣ суоле аз сиёсат мегузоштед?. Мегӯям, суол аз сиёсати наву қадимии кишварҳои ҳамсоя, ки дар баъзе ибораҳо устокорона ҷой гирифтаанд.

Масалан, кадом «ҳозирҷавоб» пас аз 24 соат ё барвақтар посух мегӯянд, ки «Чжунго» ва «Сюзеренитет» аз кай, дар кучо ва ба кадом мақсад ба кор гирифта мешаванд? Шояд ҳатто хонандаи зирак аз посухҷӯи дилтанг аст ва барои вай аз кофтуковҳои илмиам бозгӯ мекунам, ки ин ду дастур-механизми сиёсӣ дар ҳудуди ҳозираи кишвар Чин ихтиро ва тақрибан аз асри VI ба амали дипломатия сахтгиру ҳассоси чинтаборон пайванданд.

Чинтаборон аз қадим кишвари худро маркази фарҳангӣ ва иқтисодии ҷаҳон медонанд, нигаред ба мавод аз иктисоди Чин дар «Нигох» аз 04/06/2014. Ва кишвари худро моҳирона Чжунго ном мебаранд, ки маънои «Маркази ҷаҳон» ё мавҳуми кучактар он - «мобайнӣ» мебошад, ва то хол дар номи расмии кишвари Чин «Чжунго» мавриди истифода мебошад.

Коршиносони таҳсилкардаву таҷрибахурдаи дигар кишварҳо ҳамеша аз чанголи Сюзеренитет, ки мағзу мафкураи худписандонаи сиёсати давлати Чин дар қиболи дигар мамлакат мебошад, дарҳаросанд. Ва дар пешнависи гуфтугӯи коршиносоне, ки хуҷҷатҳои расмии робитаҳои давлати худро бо Чин омада месозанд, кушиши зикри банде карда мешавад, ки созишномаву қарорди баррасимешуда аз маънову мақоми сюзеренитети қадимии Чин берун ҳастанд. Чаро? «Сюзеренитет», ки ҳукмронии сюзерен - Чинро ифода мекунад, механизми дар амал татбик кардани сиёсати аз «Чжунго» бармехеста, ки танҳо Чин ҷаҳонро идора карда метавонад, мебошад.

Гузашти айём собит кардааст, ки ҳар чизе ( замин, мулк, дарё, мол, мошину таҷхизот, дарахт ва ғайра) ба Чин вогузор ва оварда шуд, ҳамон маъноро дорад, ки он кишвар, ҷумхурӣ, мардум тобеият ба Чин ва сюзеренитет -ҳукмронии Чинро пазируфтааст.

Як далели ба амал баровардашудаи сюзеренитетро аз китоби «Государство Якуббека, Москва, 2001» мехонем, ки дар ниммаи «асри Х1Х қушунҳои чинӣ, пас аз бохтҳои чандинсола, сарзамини ду давлати ба андоза хурд - Хутан ва Хафтшаҳрро тассаруф карданд, ки тоҷикон идора мекарданд ва қисми асосии ҷамъият буданд. Ба иллати аз фишори баланди хун бандагӣ кардани Ёкубхон Тоҷик, мардуми Ҳафтшаҳр аз таҷрибаи пешвои худ маҳруб шуда буд. Устухонҳои Ёқубхон Тоҷикро ишғолгарони чинтабор аз қабристон берун оварданд ва муддати чанд ҳафта ҳамеша дар ҳузури тудаи калони тоҷикон, бо кушиши дар дили онхо бим аз озодихоҳиро ҷой намудан, суд баргузор карданд», ки айби Ёқубхонро собит созанд ва эълом мекарданд, ки ҳар як тоҷикро ҳамин шакл муҷозот интизор аст, агар тобеият ва сюзеренитет -ҳукмронии Чинро намепазирад.

Муболиға нахонед, агар гӯям, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон дар соли 1991 аввалин масъалаи ҳукумати Чин кисме аз қаламрави кишвари моро соҳиб гаштан буд. Ва моҳи августи соли 1999 ҳудуди 1112 километри мурабаъ каламрави кишвари мо ба Чин дода шуд, ки ба гуфтаи намояндагони Хуқумати Тоҷикистон 5,5 дарсад аз манотиқи мавриди иҳтилофи Тоҷикистон ва Чинро ташкил мекард. Агарчи вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳалли мушкилоти арзӣ бо Чинро «дастоварди бузурги Тоҷикистон хонд», вале дар ҳеҷ асноде сабт нагаштааст, ки Чин дигар довталаби қаламрави Тоҷикистон намебошад.

Дар ҳамин ҳол сафири Тоҷикистон дар Пекин менависад, ки мо бо ҳукумати Чин «то имрӯз корнамоиҳои бузургу бешумор кардаем!» ва илҳом аз гуфтаҳо ӯ рӯзномаи ВЭНОХУЭЙБАЙ менависад, ки « барои муттаҳид кардани Чину СЯНГАН бо Осиёи Марказӣ пуле хоҳад буд».

Дар Тоҷикистон қисми калони лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳои стратегиро корпорасияҳо ва сармоягузорони Чинӣ месозанд, ё бадаст меоваранд. Ва ин сиёсат ҳадди зиёду зиёдтартар ба кор ҷалби кардани одамон аз кишвари Чинро дар амал бапо мемонад. Ин равандро зумрае диданд ва Шерали Зардов, корманди дастгоҳи президенти ҶТ 26 ноября соли 2008 гуфта буд, ки « барои давлати ба андоза хурди Тоҷикистон сиёсати аз он ба дигар кишварҳо фиристонидани кувваи корӣ ва ҳамчунон аз Чин ворид кардани шумори калони кувваи корӣ хубие дар пай надорад». Дар рӯзномаи «Ҷомеа» аз 27/04/2010 банда пешниҳод доштам, ки «ҳукумати Тоҷикистон бояд квотаро муқаррар созад, ки дар муддати 50 соли оянда дар ҳудуди Тоҷикистон шумори шаҳрвандони кору таҳсилкунандаи кишвари Чин аз садҳазор набояд боло равад».

Ибора дастовардҳои илму тезникии замонро ҷилвагар созад

Ҳар фард, чун чароғаки фурӯзони Олам, аққалан бо як забон, новобаста аз касби худ, хеле гуворо ҳарф занад, такя бо имкони ботини худ офаридгори ибораҳои навтарини забони модарии худ бошад, ки дастовардҳои илму тезникии замонро ҷилва диҳанд. Чун иқтисоддон, пажуҳишҳоеро анҷом додам, ки дар онҳо бисёре аз ибораҳои рехтаи форсии тоҷикӣ моли ман ҳастанд. Вале се ибораи (маблағрасонӣ, камарзишӣ, олотдаст) илмиамро зикр дорам, ки мавриди бакоргирифтани онҳо ҳазор-ҳазор тадбир басомон мерасад. Дар қавс тарҷимаи русӣ.

11. Олотдаст гуфта ман дар бисёр маврид номи беш аз 5,0 ҳазор адад омилро дар назар дорам, ки ба рушди технология. иқтисод, молия ва аз ин ҷо ба раванди пешравии одамону кишварҳои дунё таъсир мерасонанд, ки бо истифода аз он дар ҷаҳон роҳбарӣ анҷом мегирад.

Олотдасти (инструменты) молиявӣ, иқтисодӣ, бонкӣ, техникӣ, компюьтерӣ, мобилӣ- омадану рафтани СМС метавонад бо ҳамоҳангии дар ҷаҳон амал намояд, аз ҷумала: меъёри баҳра аз қурби асъорӣ; аҳди қарзгузорӣ - қарзгирӣ; ахди хариду фурӯши асъор (Спот, Форвард, Фъючерс. Опсион, FОREX -Форекс)... ва ғайра. Масалан, дар ҳар 24 соат дар бозори FОREX на кам аз $2,5 трлн. доллар асъорҳои гуногун хариду фурӯш мешаванд ва агар фоида 0,5 дарсад бошад, дар ин муддат $12,5 млрд. доллар арзиши маҳсули нав пайдо мешавад, ки ниҳоят омили боло рафтани нарх мешаванд.

Андак муболиға буд, агар гӯям, ки чанд адад аз ҳамон 5 ҳазор олотдаст ҳар рӯзи амали худ дар маховики (чарх)иқтисоди ҷаҳон тӯдаи одамонеро ба гӯр мебарад, ки иллат нодорӣ ва камарзишии асъор бошад.

12. Чанд сол ба ин тараф пешниҳод дорам, ки дар илм, дар раванди идора кардани иқтисоду молия ибораи камарзишӣ мавриди истифода қарор гирад.. Матлаб аз он иборат, ки кулли шаҳрвандон бифаҳманд, ки сатхи камарзишӣ ҳолати иқтисодии кишварро муайян карда, шаҳодат медиҳад, ки азнавтақсимкунии як қисми сарвати он қобили қабули ҳамагон нест.

Барои фаҳмидани таъсири фоҷиаангези камарзишӣ дар ҶТ овардани суханони собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Алимардонов М.М. кифоя, ки «сатҳи камарзишӣ аз 2000 дарсади соли 1995 то 30 дарсад дар соли 1999 паст гардид». Ҳамон камбизиотие, ки камарзишии пул сабаби баамал омадани он буд, акнун чанд сол ба ин тараф бо шафоати маблағфиристонии муҳоҷирони тоҷикистонӣ бартараф мегардад.

Солҳои охир мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани раванди болоравии камарзишӣ чораҳо меандешад. Вале то ҳол аз ин боб кори барои ҳама мардум судманд нест. Мисли давлатҳои рушдёфта, агар дар Тоҷикистон корфармоён, буҷети давлатӣ ва сандуқи нафақдиҳӣ ҳар семоҳҳа ё сол андозаи камарзишии сомониро ҷуброн мекарданд, мақсади асосии муайян ва гуфтанҳо аз камарзишӣ равшан мешуд ва норасоии тедоди пулро, ки тавассути боло рафтани нархи мол ба вуҷуд меояд, ҳамин олотдаст ислоҳ мекард.

Дар калимаи «беқурбшавӣ» ибораи «бе» маънои ба тамом нобуд будан, арзиш надоштанро мефаҳмонад. Камарзиширо набояд фақат бо омили дар муомилот зиёд шудани пул вобаста донист, ки аз он ибораи арабии «таваррум» маъно гирифта аст. Масалан, моҳи августи соли 2014 Маҷлиси Намояндагони Ирон барномаи «Сиёсатҳои иқтисодии давлат барои хурӯҷи ғайритавварумӣ аз рукуд таи солҳои 1392 ва1393»-ро батавсиб расонд. ")سیاست‌های اقتصادی دولت برای خروج غیرتورمی از رکود طی سال‌های ۱۳۹۳ و ۱۳۹۴"(.

Аз ин барномаи Хукумати Ирон дида мешавад, ки идора кардани камарзишӣ умдатарин паҳлуи сиёсати давлат мебошад ва амали давлатҳои пешрафтаро мемонад.

Камарзишӣ - олотдасти навтарин идора кардани молия дар давлат мебошад, ки маънои «инфлейшин»-ро инъикос мекунад ва коҳиши сомонӣ дар муқобили асъори хориҷӣ мебошад. Мисоли бисёр кӯтоҳро гӯям, ки солҳои аввали дар муомилот ворид шудани сомонӣ, ба як сомонӣ кас метавонист панҷ дона нони тоҷикӣ ба даст оварад, вале хозир ба як сомонӣ факат як нони хаҷман хурдро метавон харид.

Зумрае камарзиширо « аждари (золими) иқтисодӣ» мешуморанд. Аз илм берун «илм»-ро мегуянд: пул зиёд гаштааст. ки ба ин сабаб камарзишии сомонӣ дар ҷараён аст ва гуё, ки адади зиёди пул ба кадом вартаи ноаён мерезад. Вале ин тавр нест. Аз камарзишии сомонӣ маҳз бизнесменҳои нави кишвар аз роҳи бо ҳаҷми калону калонтар тиҷорат кардани молу иншооти бозоргир даромади калонро соҳиб мешаванд ва $8 млрд. доллари аз Тоҷикистон берунрафта ҳиссае аз он мебошад ва шояд байни соҳибони ҳамон сарват миллиардере низ бошад, ки то соли 1991 имкон надошт соҳиби, масалан, Жигули-06 гардад. Эрик Зелтсман, корманди сафоратхона ИМА аввали июли 2014 навишта буд, ки “ ришвагирӣ дар Тоҷикистон ҳамчун маризии бедаво боқӣ мондааст”.

Пажуҳишгоҳи масъалаҳои идорӣ дар Базель (The Basel AML index 2013) чанд рӯз пештар иттилооте мунташир кард, ки Тоҷикистон аз хатари пулшӯӣ ва сармоягузории теруризм дар ҷаҳон зинаи 4-ро соҳиб асту пас аз Афғонистон, Ирон ва Камбоджа меистад.

Қобили қайд аст, ки мувофиқи раддабандӣ (рейтинги)-е ки CNN Money тартиб додаст, дар аввали соли 2014 фақат дар 5 кишвар (ИМА, Чин, Олмон, Британияи Кабир, Русия) 1063 нафар миллиард фаъолят доранд, ки дороии онҳо $3556 млрд. доллар мебошанд. Дилтанг мешавам, ки зумраи аз ин миллиардерҳо худро такондиҳандаи меҳвари Башар медонанд, вале он мақом зеҳну инсофро надоранд.

Зимнан гуфта мегузарам, то соли 1978 дар дунё шахсе, ки дороии он як миллиард доллар бошад, набуд. Чаро? То он давра пули миллии кишварҳо асоси тиллоӣ дошт, яъне дар пули ҳар кишвар грамми тиллоӣи он сикказада (сабт) шуда буд ва пули ҳар кадом кишвар, ба гуфтаи Карл Маркс, ҳар руз қудрат дошт аз ҷомаи миллӣ худро раҳо кунад, ки асъори байналмилалӣ буда бошад. Аз кишвар баровардани пул ҳамчунон содирот кардани тиллоро нишон медод. Умури давлатӣ барои ба муомилот баровардани пули иловагӣ бояд, ки асоси тиллои онро аввал пайдо мекард ва ба ин сабаб миллиардере пайдо намешуд.

Конфренси молияи байналмилалӣ, ки ду бор (соли 1976 ва 1978 ) дар Ямайка баргузор шуда буд, аз пули миллии кишварҳо асоси тиллоиро ихроҷ кард ва аз ҳамон давра пули як кишвар бо асъори дигар давлат бо таври бозаргонӣ хариду фурӯш мегардад, ки қариб ҳар хонанда ин амалро медонад.

Ҳоло дар ҷаҳон доллар, евро, йена, фунт-стерлинг ва SDR асъори байналмилалӣ мебошанд. Натиҷа он аст, ки на фақат ҳар тоҷир, сармоягузор бо пул пулро меофарад, балки хукумати ҳама давлатҳои дунёи буҷети худро болову болотар мебаранд, ки омили афзуди пул мегардад ва аз нигоҳи боз ҳамон пулдорон харҷ мегардад. Омили афзоиши хароҷоти давлатдорӣ, самаранок набудани сохту таркиби идораи иқтисоди кишвар ва бо ҳаҷми калон тиҷорат кардани бизнесменҳои дохилию хориҷӣ камарзишии сомониро вусъат ва дар Тоҷикистон, камбизиотии мардуми тоҷикро ҷалвон медиҳанд, ки дар оянда онҳоро ба тарки ватан кардан маҷбур месозад. Ва минтақаҳое, ки ҳоло онҳо зист доранд, насиби шаҳрвандони давлатҳои ҳамсоя мегардад.

Ҳафтавори русии « За рубежом №6» аз соли 1994 омореро аз рӯзномаи чинии « Цзинцзи жибао» оварда буд, ки «аз 1,1 миллиард ҷамъияти Чин 900 миллион нафар аҳди (контракт) хариди фӯрушро анҷом медиҳанд», ки нишонаи шуғлварзии қарнхо дар худ парваридаи онҳо мебошад. Кайҳо чинтаборон дарк кардаанд, ки рушди иқтисоди кишвари онҳо аз содирот мол ва қувваи корӣ ба давлати хориҷӣ нуҳуфта аст.

Содироти мо ба Чин чандон чашмрас нест. Маблағи аз кишвари ҳамсоя дар соли 2012 молу масолеҳи воридшударо коршиносони гумруки Тоҷикистон $670 миллион доллар муайян карданд,- овардааст рӯзи 22 майи соли 2014 ҳафтавори Asiaplus, - аммо умури давлатии Чин мегӯянд, ки $1700,0 миллион доллар буд ва фарқ $1,03 млрд. доллар аст.

Ҳамин омор далел аз он аст, ки аввал, зумрае аз соҳибвазифаҳо, ки диплом дар даст ва ба иллати дуруст таҳсил накардан дар мактаби касбӣ (технологӣ, хукукӣ, итисодӣ, молиявӣ, иктишофӣ), дар рӯбарӯи намояндагони, масалан, кишвари Чин аз худ дар биёбон давиданҳои оҳубачае дар баробари шеъри дар сар сад нақшадоштаро мемонанд.

Дуввум, истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон аз дарун ва тадриҷан ба бод бардошта мегардад, чунки аз як кишвар ба ин ҳаҷм «воридот» ва қарзи буҷети давлатии $1,2 миллиард доллара аз Чин камарзишии бесобиқаи сомониро тадриҷан бавуҷуд оварда, замоне ҳалқаи қарзи хориҷӣ озодии миллии тоҷикистониёнро маҳдуду заиф месозад.

Ҳоло ягона роҳи сабук кардани раванди иқтисоди ба мардум нигаронидашуда, дарк ва дуруст идора кардани қамарзишӣ мебошад. Чунки камарзишии пули миллӣ – ин тадбири пурқудрати на фақат болоравии ноҷуриҳои иқтисод, ҳамчунин бартарафкунандаи онҳо мебошад. Камарзишӣ амалҳои амонатдориро ва андӯхтани пулро арзон мегардонад. Аз ин ҷо, камарзишӣ ҳавасманд мегардонад, ки хариди таҷҳизот, технология ва масолеҳи нав сармоягузорӣ шавад, чунки арзиши истеъмолии онҳо аз таъсири камарзишӣ поён намеравад ва бо шарофати ҳамин омил маблағрасонии сохтмони иншоотҳо осон мегардад.

13. Маблағрасонӣ (финансирование).

Банда чанд муддат ба ин тараф дар баъзе китобу мақолаҳо (финансирование)-ро маблағрасонии фаъолият, лоиҳа, иншоот, нақша оғоз шуд, дар ҷараён аст, анҷом гирифт, ё маблағарасонии сармоягузориҳо ба сармоя асосӣ менависаму мегӯям. Чаро? Пажуҳиши беш аз 30 солаам собит сохт, ки 90 дарсади аҳди иқтисодӣ дар ҷаҳон бо истифода аз калимаи (финансирование) анҷом мегирад ва ин ибора маънои калону калонтармешударо дорад. Аммо дар кишварҳои форсизабон, мутаассифона, мақоми ҳамин ибораро дуруст дарк накардаанд.

Беш аз 90 сол ба ин тараф дар Тоҷикистон ибораи русии «финансирование» дар миёни навиштану гуфтан аст, вале муродифи дурусти форсии тоҷикии он набуд. Дар ҳар давра ҳар ҳел мегуфтанд: « маблағ додан», «маблағдиҳӣ», вале бештар «маблағгузорӣ» ба кор гирифта мешавад. Дар кишварҳои ҳамзабон низ ибораи «финансирование» баргардони илмии худро пайдо накардааст, масалан. дар Ирон «таъмини эътиборот», «мусоидати моли кардан» менависанд, ки мақсад аниқ нест ва бо истифода аз ин ибораҳо наметавон гуфтори рехтаро баровард, ки матлабро кутоҳ баён намояд. Масалан, вазири нерӯҳои Ирон 15/08/2014 ба BBC/persian гуфтааст, ки « вазоратхона 850 тарҳ дар даст дорад ва барои тамом кардани ин тарҳо ба $150 миллиард доллар эътибор ниёз дорад». Ва агар дар ивази эътибор «маблағрасонӣ» ҷой мегирифт, беҳтарин сухани рӯз аз забони Хамид Читчиён мебуд. 

Метавон ҷумлае аз матбуоти Тоҷикистон овард. Дар рӯзномаи «Садои Мардум. №89-92 аз 06/08/2014» омадааст «ташкилотҳои қарзии исломие, ки ба фаъолияти маблағгузории хурди исломӣ машғул мебошанд». Вале ин ташкилот бо технология, обу ободонӣ, сохтмони иншшоот ва техника сарукор надорад, ба чӯзъ қарзгузорӣ, ки аз он баҳрапулии яксар намегирад. Хуб мебуд чунин гуфта шавад, ки «Муассисаи исломии қарзие, ки ба маблағрасонии хурд машғул мебошад».

Палатаи ҳисобрасии ҶТ

Дар гуфтору коргузорӣ аз ибораҳои ғайриилмӣ ва бегона бояд парҳез кард. Масалан, Ҳисобдории дусабтӣ (двойная бухгалтерия)- номи илм мебошад, ки аз он усул ва фаъолиятии касбии хизматчиён, ки дар ҳама корхонаву муассиса ва вазоратхонаҳо ҳастанд, маъно мегирад. Нафаҳмидани маънои ин ду ибора русӣ боис шудааст, ки тӯдаи кормандон ибораи арабии «Муҳосибот» -ро дар гуфтор ва афкор ҷой доданд. Ва дар чанд адад корхонаву идораҳо метавон пушти дари ҳуҷраи кории хамин гурӯҳи хизматчиён ибораи «Муҳосибот»-ро дид, ки аз истифодаи ибораи бегонаву ноҷо дар ҳайрат мемонӣ.

14. «Ҳисобдории дусабтӣ»-ро чун аснод ё усули илмӣ метавон ба кор гирифт ва касби хизматчиёни ба амал меовардаи ин усулро ҳисобдорӣ, ҳисобдор, сарҳисобдор бояд гуфт. Зарурат барои истифодаи «тавозун» нест, чунки ибораи рехтаи тарознома (баланс) –ро метавон мавриди истифода қарор дод. Ибора мантиқ дорад, «тароз» шакли кутоҳкардаи тарозу бошад, ибораи «нома» дар варақаи тартибгирифта сабт бо даст, ё чопи компьютерии рақам аст, ки нома аз баробарии амалиётҳои моддиву молиявӣ корхона, бонк ва вазорат фаҳмида мешавад.

15. Ном ва навиштаҷотҳои вазоратхонаҳо дуруст гардад. Масалан, соли 2013 як умури давлатии назоратбар дар чорчӯбаи қонуни махсус ба фаъолият оғоз кард, ки «Палатаи Ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном ниҳоданд. Хонандаи аз коргузорихо дар корхонаву вазоратхонаҳо ва грамматика иттилоот надошта аз номи ин умури нав мабодо бифаҳмад, ки «Палатаи Ҳисоби ҶТ» ягона вазоратхона мебошад, ки тамоми ҳисобдории давлат дар марказ ва минтакаҳоро дар ихтиёр дорад.

Дар амал ин тавр нест ва ҳар корхона, ташкилот ва вазорат хисобдории худро анҷом медиҳанд.

Номи «Палатаи Ҳисоби ҶТ» маънои фаъолияти онро ғалат ифода мекунад ва ҳайратзада мегардӣ аз бепарвогии вакилони Маҷлиси Намояндагон, аъзоёни хукумати марказӣ ва масъулон дар қиболи забони давлатӣ, ки қонун ва чанд қарору дастур ба тавсиб расониданданду лаҳзае наандешиданд, ки ҳамин номи умури давлатӣ чӣ тавр хонда ва фаҳмида мешавад.

Дар асл кормандони Палата воҷибанд ба ҳисоботномаҳои молиявии анҷомгирифта расидагӣ намоянд ва саҳви содиргашта, ё фиребу ришвахуриро муайян созад, ки як шохчаи демократик дар дарахти давлатдорӣ буда бошад. Ҳамин тавр, кори кормандон - ин усули ҳисобрасии ҳисоботномаҳои интихобӣ мебошад ва аз ин ҷо номи умури давлатӣ бояд, ки «Палатаи ҳисобрасии ҶТ» бошад.

16. Дар ҳама қонуну қарори ду шохаи хукуматдорӣ ибораи «андоз»ро бакоргирифтаанд. Дар Тоҷикистон дар ивази ибораи «андоз» ибораи рехтаи «молиёт» бояд мавриди истифода қарор гирад, ки ин калима фақат як маъно дорад: ба бӯчет пардохтани як кисми даромад. Молиёт маънои онро дорад, ки деҳқон, коргар, корпоратсия, бонк як қисми арзиши даромади худро дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи кишвар бо сомонӣ ё асъори хориҷӣ ба буҷети давлат пардохт мекунад. Калимаи андоз чанд маъно дорад ва мавриде, ки шакли сифат (глаголь)-ро мегирад, омили хандахезӣ мешавад.

17. Пешниҳод дорам, ки дар оянда мавриди азнавдидани сохтори мақомоти иҷроия, вазоратхона «Кумитаи молиёти Ҳукумати Тоҷикистон» номгузорӣ гардад ва ба истифодаи пайвандаки «назди» зарурат нест. Хушбахтона, кормандони ин мақомат дар ивази номи пешини нашрия, номи «Боҷу хироҷ»- ро оварданд, ки хеле говоро.

18. Хуб мебуд, ки дар кори хизматрасонии факсу почтаи электроны ва мобилӣ ибораи «иртибот» дар ивази «алоқа» мавриди истифода қарор гирад. Фикр дорам, ки алоқа байни ду ҷинс мешавад. Бояд гуфта шавад «Иртиботи мобилӣ, электроны» ва дар номи идора низ ибораи алоқа набояд бошад.

Намеҳоҳам роботи насбгардида бошам

19. Номи ҳуҷчати дар ҳисоббаробаркуниҳои тиҷоратӣ(счет-фактура)-и ҳазор-ҳазор адад бакоргирифтаро ҳатто дар ҳафтаномаи, масалан, «Боҷу хироҷ» №30(919), 2014 «Ҳисобнома –фактур» менависанд (нигаред: семинар машварат «Оид ба тартиби истифодаи Ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо»), ки як саҳви мантиқӣ чанд миллион коршиносонро гул мезанад. Як нафари тарҷимон аз саромемагӣ саҳв кардааст, миллионҳо намеандешанд аз мушкилие, ки пеши худ ва як коршиноси ҳамзабон, масалан, аз Афғонистон чи тавр фаҳмонем, ки ин як ҳуҷҷат ҳам «фактур» ва ҳам «ҳисобнома» мебошад. Хонандаи зирак маъно ва ҷойи «нома» гуфтанро медонад.

Ибораи русии «Счет» -ро бо форсии тоҷикӣ (1)суратҳисоб, (2) шумориши маблағи ситонидамешуда бояд фаҳмид. Гуфта шавад, ки ин ҳуҷҷат ба танҳоӣ «ҳисобнома» нест. Аввал, бо сабаби дар давоми «Ҳисобнома» ҷой доштани ибораи «фактур», ки далели шумориши маблағи талабмекардаи молфурӯш мебошад. Дуввум, агар ҳуҷҷати молиявии «Супориш – пардохт» набошад «Ҳисобнома –фактур» ҳеҷ кадом далели қонуниро надорад.

Ҳуҷҷати номбурдаро бояд «Шумориш- фактур» бигӯем ва навье аз олотдасти молиявии идора кардан аст. Зимнан, номи маводи дар саҳифаҳои 8-9 ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» №30(919) чопшуда метавонист «…тартиби истифодаи Шумориш- фактури молиёт аз арзиши замшуда ва боҷи воридотӣ» буда бошад, ки ҳама саҳви илмӣ ва роҳбарӣ бардошта мешуд.

20. Ибораи «акциз»-ро банда боҷи воридотӣ мегӯям ва дуруст аст, ки дар коргузорӣ ибораи «пошлина»-ро боҷи гумрукӣ мегӯянду менависанд. Боҷи воридотӣ (акциз) на аз ҳама молу мавод ситонида мешавад ва усули муайян кардани он аз боҷи гумрукӣ, ки меъёри ягона барои ҳама молу маводи ба кишвар меомадаро дорад, фарқ мекунад.

21. Пеш аз он, ки дар фаҳмиш, гуфтану навиштан муҳим будани истифодаи «арзиши замшуда» ро овардаам, мехохам зикр намоям, ки агар адади докторҳои илмҳои иқтисодӣ ва иқтисоддонони маълумоти олидорро ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ тақсим намоем, Тоҷикистон дар яке аз панҷ зинаи аввали ҷаҳон қарор мегирад. Аммо иқтисодиёти кишвар қудрати нашикастан ва худгардониву зояндаи шуғли андешашударо надорад. Эрик Зелтсман, корманди сафоратхона ИМА аввали июли 2014 навишта буд, “дар асл ҳанӯз ҳам умури идории шӯравӣ дар Тоҷикистон побарҷост”.

Чанд сол ба ин тараф мегӯям, ки НДС набояд арзиши иловашуда, балки «арзиши замшуда» гуфта шавад ва чанд иқтисоддони унвондор дар ҷавоб мегӯянд, «фарқ надорад!». Вале базри курмак ва шолӣ як хосият дорад гӯем, аксариятро ханда ба лаб меояд.

Аз ҳама ҷавонон гила надорам, ки асари «Капитал»-и Карл Марксро надидианд. Вале бисёре аз унвондорон барвақт, солҳои донишҷӯияшон шунида будаанд, ки дар ҳамон китоб умдатарин нишондиҳандаи иқтисоди ҷаҳон ва ҳар кишвар «арзиши иловашуда- фоида» (прибавочная стоимость –прибыль) возеҳ таҳлил гаштааст ва дар 150 соли охир касе дар ин масъала андешаи навтарин нагуфт.

22. Русзабонон андеша кардаанд ва медонанд, ки «арзиши иловашуда» ин ҳамон фоидае аст, ки максади кору фаъолият мебошад. Молиётсупоранда қариб ҳар рузи корӣ, пештар аз муайяну пардохт кардани молиёт аз фоида, озодиву ақли фаъолияти худро баамал мебарорад: яке, масалан, 10 дарсад, дигаре 20 дарсад ё 25 дарсад аз хароҷотро, чун арзиши иловашуда пешбинӣ карда, хисоботи молиявиро дар ҳар давра омода месозад, ки 13 дарсад аз фоидаро ба буҷет пардохтааст.

Олимони рус НДС -ро «Налог на добавленную стоимость» номидаанд. Аммо дар Тоҷикистон қариб 30 сол мешавад, ки олимон, қонундонон ва кормандони блоки иқтисодӣ байни ибораҳои русии «прибавочная» ва «добавочная стоимость» фарқ намебинанд, ки ҳайратзада мешавӣ. Олотдасти арзиши замшуда (НДС) мақоми вочибиятро дорад. Дар бакоргирии арзиши замшуда (НДС) молиётсупоранда ҳеҷ кадом озодии амал дар кори каму зиёд кардани меъёри маблағро надорад, ба ҷузъ ҳисоб ва пардохт кардани он, ва НДС, чун олотдаст, дар муддати муайян рушди кишварро ба кучаи сарбаста меоварад.

23. Мебинам, ки қисми беҳтарини ҷавонон, чун иқтисодону коршиносон, ки байни онҳо ҷавонзанҳо зиёд ҳастанд, дар бонкҳо, вазоратхона, муассисаҳои молиявӣ ва оператори мобилӣ фаолият мекунанд. Аммо мафкураву амали тудаи калони онҳо побанди харидани тилфони мобилии навтарин, мошини сабукрави тағмаи нав, гирд овардани сармояи асъорӣ ва ороста кардани хонаву либос мебошад. Хеле камёбанд коршиносоне, ки як масъалаи умдаи қасби худро дар чорҷубаи илм кутоҳу нишонрас бо забони точикӣ, ё русӣ ё инглисӣ баён карда тавонанд. Ё аққалан бо як ҷумлаи дурусти тоҷикӣ кори, масалан, дар фаолияти бонк анҷом додаи худро гуфта наметавонанд ва ман худро байни онҳо як адад роботи насбгардида мебинам. Масалан, дар ҳафтавори «Азия плюс», 03 апреля 2014, дар сахифаи.В/12 ҳисобот бо тоҷикӣ аз фаъолият бонк чоп шуда буд, ки онҷо ибораҳои «даромадҳои фоизӣ, ғайрифоизӣ, хароҷотҳои фоизӣ, ё «воситаҳои пулӣ, қарзҳои дебиторӣ» буданд ва маънои ин ҳама олотдасти идора кардани молияро касе, бе истифодаи забони русӣ наметавонад бифаҳмонад.

24. Дар доираи иқтисоду коргузорӣ дар Тоҷикистон дар ивази «баҳра» ибораҳои ноҷои «фоиз» мавриди навиштану гуфтан мебошад. Хуб ва фаҳмо мебуд чанд олотдасти зикр гардида « баҳрагирӣ, баҳрадиҳӣ аз қарз», «даромади ғайр», «дороиҳои пулӣ» «дороиҳои дебиторӣ» гуфта шавад. Чун муродифи ( процент за кредит, процентная ставка, взыскание процента) «баҳрапулӣ», «меъёри баҳра», «баҳрагирӣ аз қарз» мавриди истифода бошанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар «Фарханги забони тоҷикӣ», дар 2 ҷилд ва нашри соли 1969 ибораи «фоиз» ба маънои (процент за кредит) наомадааст, вале дар луғатномаҳои солҳои охир «фоиз» мутлақо ҳамон маъноро ифода мекунад, ки ман саҳви ҷиддӣ медонам.

25. «Воситаҳои пулӣ» - иборае мебошад, ки ҷойи пулро поёнтар нишон медиҳад, вале вақте пул ҳаст, зарурат ба восита нест. Дар муомилот пул мақоми аввалро соҳиб аст ва дастрастарин дороӣ мебошад. Ё овардаанд «карзҳои дебиторӣ», ин фаҳмиш асос надорад ӯмуман мавриди истифодаи навиштоҷоти тоҷикӣ бо хати крилик, бидуни риоя гаштани илм, ибораи қарзро бакор мегиранд ва инҷо дар иваз бояд дороиҳои дебиторӣ гуфт. Вале роиҷ аст, ки «қарзи кредиторӣ» бигуем ва ин дигар маънои иқтисодӣ дорад.

26. Дар коргузории муассисаҳо «меъёри бозтанвил» меояд, ки тарчумонҳо муродифи (учетная ставка, ё ставка рефинансирования) медонад ва мутлақо(!) хато мебошад. Дар ивази «меъёри бозтанвил» бояд «нархи ниҳоии қарзгузорӣ» гуфта шавад ва маънои (учетная ставка) – и дар ҷаҳон маъмулро медиҳад.

Ғами дилро дидаву чида гузаред

27. Бо сухан, баёни илм, шъеру мусиқӣ, бо дар чорчубаи илм анҷом додани тарбияи ҷавонон, роҳбарӣ, кор, меъмориву сохтмони иншоот, хизматрасонӣ, истеҳсоли мошину техникаи парвозу иттилоотрасонӣ ва молу масолеҳи бозоргир одамонро шод гардонида, ғами дилро дидаву чида гузар метавон кард, агар…. Банда алҳол моҳи июли соли 1999 дар ҳафтавори“Иттиҳод” изҳор дошта будам, ки мақому рушди забони форсии тоҷикӣ дар Тоҷикистон дар шоҳроҳи давоми 23 сол эҳё кардан, ки аз рӯзи нашри қарори Маҷлиси олӣ аз боби баргаштани ҶТ ба хатти форсӣ бояд заминаи қонуниро муҳайё созад, ва сипас комилан дар идора кардани мардум ва кишвар хатти форсӣ бакоргирифта шавад.

Рақами 23-ро дуст дорам, ки сеҳри одаму оламро дорад ва ба мо расидааст 23 «Андарзи ниёгон», ки аз радиои давлатӣ Саидаҳмад Қурбонови хушовоз бо ҳунари волои гуяндағӣ чанд бор бозгӯ доштанд. То 7 солагӣ аз рӯзи ба дунё омадани кудакон, 11 сол мактабхонӣ ва 5 сол дар донишгоҳ таҳсил кардан, ҷамъ 23 солро тақозо мекунад, ки баъд аз ин муддат насли нав коргузориҳоро комилан бо хатти форсӣ пеш барад.

Хоҳишмандон дар синфхонаҳои кутоҳмуддат ва аз тариқи Интернет хатти форсиро худомузӣ мекунанду мебинанд, ки Интернет гуё барои хатти форсӣ офарида шуда бошад.

Хоҳиш дорам, ки форсиро хати арабӣ нагӯем. Андеша дорам, ки сеҳри пайдоиши хатти форсӣ аз шинохти мавҷҳои майдони Квант пайдо гардидааст ва чанд қарн пештар аз хатти арабӣ.

Хатти бобоӣ ҳифозатгари гӯиши форсӣ дар муқобили ҷабри феодализм, капитализм, империализм, паштунизм буд, вале коммунизм бо фишор овардан ба гардан аз панҷаи тоҷикони Осиё Миёна хаттро дур партофт, ки ҳамчунон қаноатмандии пантуркизми большивекӣ буд. Дар ҳоле, ки аз соли 1939 дар мактабҳои тоҷикӣ хатти форсиро ҳафтае 1-2 соат меомӯзанд, гуфтори тӯдаи калони тоҷикон хубу хубтар нагардид.

Ва дар авҷи глобализм фақат хатти форсӣ пайвандгари иттилоотӣ ва фарҳангиро ҳамвор месозад, ки раҳгум нагардем. Ду далел меоварам. А) Рӯзномаҳои хуби тоҷикӣ кам нестанд. Байни онҳо кормандони «Нигоҳ» заҳмату масрифи калон медиҳанд, ки дар сомонаи Tojnews маводи ҳар шумораи рӯзнома пурраву ихчам мавриди дидану хондан бошад. Вале доираи хонандагон, ба иллати кирилик будани хатт, кӯчак аст. Форсизабонони ҷаҳон ҳатто хабарҳои илмии бо хатти кириллик чопшударо намехонанд ва аз онҳо гила натавон кард; Б) Тоҷикон, масалан, дар Афғонистон медонанд (ба бахти мо низ мебошад), ки агар онҳо муваққатан аз хатти форсӣ рӯй гардонанд (дер монанд), онҳо худ ва фарзандони худро аз Фонуси фарҳанги Ориёно маҳрум мегардонанд, чунки аз он равшании маънавии мағлуб набуданро меёбанд.

Бихонед чанд шумораи (соли 2014) ҳафтавори «Миллат»-ро ки онҷо «Масъуд бо ривояти ҳамсараш» ба чоп расидааст. Як ҷавонзани рустоӣ аз дараи Панчшери Афғонистон бо забон ва ибораҳои гушнавоз самимият, гуфтаҳо ва фаъолияти «дақиқтарин ва тамизтарин марди дунё»- Аҳмадшоҳи Масъудро бозгӯ мекунад, бехабар аз он, ки маҳз муҳаббати пок ва суханони нафиси ҳамин ҷавозан амалиётҳои қаҳрамони Афғонистонро бамаротиб нишонрас аз кору пайкори рақибону душманонащ гардонидааст. Аввал онҳо бо хатти форсӣ рӯи коғаз омадаанд ва бубинед мақоми хати форсиро мавриди ситоиши ҳусни Масъуд, ки «ӯ аз таҳи дил механдид, ки гӯшаи чашмонаш монанди обе, ки мавҷдор мешуд, чин мехурд». Чаро нагӯям, ки вақти қироати «Масъуд бо ривояти ҳамсараш» маро эҳсос фаро мегирад, ки филми рангинро аз мавҷи майдони Квант мебинам, ки драманависаш гуё Зебуннисо бошад.

Алифбои бобоӣ - ҷилвагари зебоии забон

Барои баёни ахтарлаҳзае аз ҳусни як дилёфта бо гӯиши Сиддиқаи дилдода дар Панчшери Афғонистон, маҳз забон ва хатти форсӣ қодир аст. Ҷойи киёси ахтарлаҳзаи тоҷикона аст, ки Муродзода, муаллим аз Уротеппа (ҳоло – Истаравшан) алҳол соли 1933, зимни вокуниш аз манъ гаштани хатти форсӣ дар соли 1929 навишта буд, ки «барои тоҷикон фаъолият бо хатти форсӣ, кор бо тиллоро мемонад» ва маъно, ки донандаи хатти форсӣ алҳол ҳунарманду доро аст.

Дар Ҳиндустон дар ин замон ҳам шахсиятҳои зиёд ҳастанд, ки хатти форсиро на танҳо забони сухан, балки тамаддун мепиндоранд. Хатти форсӣ, - гуфта буд барои радиои ВВС 11/05/2005 як профессори Донишгохи Деҳлӣ, -яке аз эҳёгарони садову симои ҷавонии Олам мебошад.

     На камтар дар 1100 соли охир забон ва хатти форсӣ, чун мағзи тамаддуни Ориёно, имкони рушди мағзи сар ҳамвор сохтаву рӯҳи соҳибзабонро озод медорад. Аз зарурияти баргаштани тоҷикони Тоҷикистон ба хатти форсӣ зумрае аз олимону коршиносон навиштаанду менависанд, ки пештози ин раванд таҳлилгари пуркор-нависанда Мирбобои Миррахим ва нависандаи маҳбуб Адаш Истад, ки ҳоло дар Самарқанд фаъолият доранд, мебошад.    Фахриддини Холбек, коршиноси масоили сиёсиву фарҳангӣ июли соли 2008 менависад, ки мо тезтар ё дертар маҷбурем ба хатти бобоӣ баргардем. Агар мо ин амалро анҷом надодем, фарзандони мо ба хатти ниёгон ночор бармегарданд, - пешгӯи дорад Ф. Холбек. 

Рӯзноманигор Рауфи Азиз моҳи июни соли 2009 дар «Фараж» навишта буд, ки «хушбахтона, забони форсӣ дар радифи 10 забони бузург шомил аст ва тоҷике, ки алифбои ниёгонро медонад, тавассути он илм омӯхта метавонад. Салоҳияти забони моро хатти ниёгон даҳчанд намуда, дар омӯзиши фаннҳои дақиқ бо забони модарӣ барои толибилмон имкони бузурге фароҳам меорад.

Дар замони ҷахонищавии фазои иттилоотӣ хатти ниёгон мавқеи бузург дорад. Он ҳама зебоии забони модарии моро фақат алифбои бобоӣ метавонад ҷилва диҳад ва баёнгар бошад».

Файзулло Боқизода дар ҳафтавори «Дишидак» 29 майи 2013 навишта буд, ки «бар мо айб аст, ки бо хатти бегона даъвои Истиқлолият, даъвои забону фарҳанги қадима намоем. Хатти форсӣ каждум нест, ки моро бигазад – ин хаттест, ки Рӯдакиро, Фирдавсиро ….ба мо расондааст!

Ин зеботарин намунаи хатт дар миёни хатҳои боқимонддаи ҷаҳон аст»,- мегӯяд Файзулло Бокизода.

Олим ва коршинос Сафар Абдуло, ки дар Алмаато кору зиндагӣ дорад, дар се соли охир борҳо зарурияти илмии баргаштан ба хатти форсиро исбот кардааст.

Муҳаммад Муродов, мудири бахши шинохти лигвинистии Кумитаи Ҳукумати ҶТ «Забон ва ибораҳо» барои «Азия плюс» аз 28/01/2013 бо забони русӣ исбот карда буд, ки «баргаштан ба хатти форсӣ ҳатмӣ, тӯли солҳои зиёд, ботадриҷ зиёд кардани соати омӯхтани хатти форсӣ ва кам кардани соати пешбинишуда барои омухтани забон бо хатти кирилик.. Хатти кирилик пурра ва бе саҳв наметавонад шигифтангезии забони моро ҷараён бахшад, солҳои тулонӣ сипаршуданду ҳоло граматикаи мукаммали забони форси тоҷикӣ анҷом нагирифтааст».

Сайфиддин Назарзода, доктори илмиҳои филологӣ моҳи сентябри 2008 баёни хулосаи илмиро дошт, ки аз соли 1929 дар Тоҷикистон қарори дар фаъолияти тоҷикон «манъ кардани хатти форсӣ, натавонист мақсадҳои илмӣ ё фарҳангии ин миллатро бароварда созад».

Академики ҶТ Мухаммаджон Шакурии Бухороӣ соли 2008 дар асари худ « Фитнаи инқилоб» меоварад, ки « то қарни Х1Х турк шудани тоҷикон ва забони ӯбакӣ пазируфтани онҳо кам, ягон- ягон воқеъ шудааст. Маҳви маънавии тоҷикон пас аз инқилоботи солҳои 1917- 1920 якбора бениҳоят густариш ёфта, то Бухоро омад ва тамоми ин кишварро фаро гирифт». Иҷозати хонанда бошад, гуфтаҳои Мухаммадҷон Шакуриро идома бахшам, ки ҳамчунон зӯран аз дасти онҳо хатти форсӣ - олотдасти ҳифзи маънавии тоҷикон рабуда шуда буд.

Рузномаи Нигох, №26,2728,29. соли 2014

Sunday the 22nd. Душанбе 2014