ҶОНУ Рӯҳи озордидагон
Дар чанд шумораи ҳафтаномаи «Миллат» бахшида ба солгарди Иҷлосия 16 уми Шурои олӣ (ноябри соли 1992) чанд суҳбате зери «Гуфтугӯи мушкил» ба чоп расид. Бо ҳамин мазмун гуфтугӯҳо дар дигар нашрияҳои тоҷикӣ ва «Азия –Плюс» буданд ва ҳоло низ ин кор ҷарён доранд[1].
Чанд кас фикру андешаҳои минтақавию шахсиро иброз доштанд. Ширкаткунандагони низоҳои сиёсиву ҳукуматхоҳон давр ҳоло ҳам дар дораи андешаи 16-17 сол қабл ба сардоштаи худ, мутаассифона, сухан меронанд. Ва ба ин иллат ҷараёни маҳалбозию минтақагароӣ аз он гуфтугӯҳо боз такягоҳи амал меёбад, ки андешаи миллии гиреҳхурдаи тоҷиконро боз печидартар месозад.
Мушаххас бигӯям, бардошт аз он ҳама гуфтугӯҳои то ҳол бачопрасида он аст, ки Қаҳҳор Махкамов , Қадриддин Аслонов ва Раҳмон Набиев гунаҳгортарин шахсиятҳо дар фоҷиа миллии паси сар рафтаи тоҷикони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда бошанд. Вале ҳоло қарори Суд , масалан, вуљуд надорад, ки ин се номбурда вақти иҷрои вазифаи давлатӣ ҷиноят содир карда бошанд. Лекин ибораҳои «принципи сахти ҳизбӣ надошт ва аз сустии ( ӯ - Х.А.) истифода карда, бозори аризанависон гарм шуд», «ваъдаи ба ман вазифаи баландтар медиҳад -ро ичро накард», «шикасти руҳия», «гуноҳ содир кард», « аз саҳар то бегоҳ маст буд» - ро истифода мекунанду қариб ҳама камбудиҳои сиёсии худ ва гуноҳи ҷараёни бидуни илм амалкардаи минтақагароӣ ва ҳизбиро ба фаъолияти ин се роҳбар марбут медонанд, ки поймолшавии шахсияти се номбурда мебошад.
Мавриди гуфтан аст, ки то ҳоло фоҷиаи тоҷикони Тоҷикистон бо таври расмӣ (аз ҷониби Маҷлиси Миллӣ) ва дар чорчӯбаи андешаи илмӣ баркашида (арзёбӣ) нашудааст. Аксарият бо он ақида ҳастанд, ки қонуни дар бораи аф ( яъне ба Додгоҳ накашидани ширкаткунандагони ҷонибҳои даргир) амал дорад ва торих сабабҳо ва гуноҳкорони бархурдҳои муссалоҳонаи дар Тоҷикистон гузаштаро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Лекин ин суол бе посух мемонад: ноҳақ кай бояд бифаҳмад, ки вай ноҳақ буд?
Ман ҳоло ҳеҷ зарурияте намебинам, ки кадом ноҳаку дар замони гузашта гунаҳкоре акнун ба маҳбас бурда шавад. Аммо агар дар қоғаз ноҳақ вақти дар ҳаёт будан таввассути қарори Суд ва ё Қарори парломон ноҳақ дониста нашавд, пас чи тавр метавон наздикони вай ва мардумро ба шинохти Ҳақ даъват кард? Бародарон, бидуни шинохти ҳақ ҷавонон тарбияи дуруст намеёбанд ва давлатии миллиро бе шинохти ҳақ аз ботил ҳизв натавон кард!
Ман (соҳиби ин андешаҳо) муддати як сол вакили Шурои Олӣ ва се сол аъзои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будам ва се шахсияти зикр шударо то ҷое шинохтаам ва мегӯям, ки ҳар кадом фарзанди асили МИЛЛАТ ҳастанду буданд ва барои мустақилият ва пешравии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ доданд. Онҳо дар вазифаи масъули давлатдорӣ дар талоши ҳақ буданд. Дар фаъолияти онҳо буданд баъзе камбудиҳо, аммо сабаб аз найрангу бозиҳои атрофиёни (окружение) ин роҳбарон буд. Кам роҳбарро дар ҷаҳон меёбӣ, ки аз найранги атрофи худ бадном нашуда буд.
Ин ҷо ду пешниҳод дорам ва пешбин ҳастам, ки на ба ҳама мақбул аст. Вале амалӣ шудани ин пешниҳодҳо барои шинохти миллӣ кумак мекунад.
Як. Қарори Маҷлиси олии Тоҷикистон ба тавсиб расад, ки дар он аз номи мардуми ҷумхурӣ аз президенти аввали мамлакат, Қаҳҳор Махкамов барои поймолшавии шахсият ва тӯҳмату озор диданҳои ӯ дар гирдиҳамоиҳои солхои 1990 -1991 ва дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ мохи августи 1991 ва барои он ҳама навиштаҳои ғаразолудаи дар матбуоти давр ва имрӯз нашр шуда, узр хоста шавад;
Дуввум. Дар як гӯшаи зебову оростаи шаҳри Душанбе бо номи «Гузаргоҳи ҳақҷӯйён» нимпайкараи Раҳмон Набиев ва Қадриддин Аслонов гузошта шавад ва пузиши тоҷиконае аз Ҷони ранҷу озоркашидаи он ду роҳбар дар санги мармаре сабт шавад.
Агар ин иқдом накарда будем, руҳу ҷони наосудаи ин ду шахсияти тоҷик магар Душанберо гоҳ- гоҳ ба таҳрику таҳлука биандозад. Қадриддин Аслонов ва Раҳмон Набиев (замони дар адои вазифаи давлатӣ будан) ба ҳадде аз забон ва дасти дигарон озор ва ранҷ бурданд, ки ҳатто барои гуфтану иншои он ранҷу озорҳо душворӣ мекашем ва танҳо ҷоҳил метавонист ба роҳбари давлату миллати хеш чунин рафторҳоро раво бубинад. Ҷойи гуфтан аст, ки 15 декабри соли 1992 ум дар ошхонаи Шурои Олӣ , мавриди наҳори рӯз бо олими намоёни тоҷик Акбар Турсун ки беш аз ҳашт сол ин ҷониб дар Амерко ҳастанд, хеле кутоҳ воқъаҳои гузаштаву ҷараён доштаро ба баҳс гирифтем ва дар охири сӯҳбат устод пешниҳоди ба дили ман мувофиқро 16 сол пеш гуфта будуанд : « вақте мерасад, ки мардуми води Ғарм (ҳоло Рашт) хоҳиш ва кӯшиш мекунанд, ки дар маркази Душанбе ҳайкали Раҳмон Набиевро бигузоранд».
Ин мақола 07/11/ 2008 ба нашрияи «Миллат» рафт ва 25 ноябри ҳамон сол ба чоп расид